Дар як сатр
» » Соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегиранд

Соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегиранд

7-08-2018, 13:03

 Ёвон

Иқдомҳои неку созанда ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои ободониву созандагӣ ба ифтихори 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби сокинони ноҳияи Ёвон низ ҳамовозии тоза касб намуд.

Бо иқдоми соҳибкорони маҳаллӣ даҳҳо адад муассисаҳои таълимӣ, корхонаҳои саноатӣ бунёд ёфта, мавриди истифода қарор гирифтанд. Айни замон сохтмони муассисаи таълимӣ бо маблағи 24 миллион сомонӣ барои 750 хонанда дар як баст бо иқдоми соҳибкор Баҳриддин Ҷӯрахонов вусъат ёфтааст. Соли 2017 низ ин ҷавонмарди некдил муассисаи №16-ро сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода буд.

Соҳибкори маҳаллӣ Акбаралӣ Ғуломов бошад, соли пешин мактаб барои беш аз 600 хонандаро бунёд намуда, пешкаши муҳассилин гардонда буд. Айни замон боз як иқдоми дигари Акбаралӣ Ғуломов сокинони ноҳияро рӯҳбаланд намуд. Коллеҷи техникие, ки бо саҳми ин ҷавонмарди ватандӯст бунёд шуда истодааст, метавонад садҳо нафар ҷавононро соҳибкасб намуда, ба ташкилоту муассиса ва корхонаҳо роҳнамун созад, ироа гардид зимни нишасти матбуотии раиси ноҳияи Ёвон Амирбеки Темур ба рӯзноманигорон.

Ҳамчунин бо иқдоми неки ин соҳибкорон даҳҳо километр роҳҳо мумфаршу таъмир гашта истодааст. Тавре ки раиси ноҳия зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон бобати тараққиёти рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ёвон дар нимсолаи аввали соли 2018 баён намуд, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии ноҳия ба 788 миллион сомонӣ расонида шуд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 147 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 600 миллиону 572 ҳазор сомонӣ ва маҳсулоти кишоварзӣ 187 миллиону 19,3 ҳазор сомонӣ баробар гардид. Кишоварзони ноҳия аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, дар майдони 25159 га зироат кишт намуданд. Аз ҷумла, кишти пахтаро ба 11500 гектар расониданд. Айни замон коркарди зироатҳои кишоварзӣ муташаккилона идома дошта, ҳосили хуби зироатҳои ғалладона, пиёзи барвақтӣ, полезиҳо ва мевагиҳо ҷамъоварӣ шуда истодааст. Коркарди байни қаторҳои пахта низ хуб ба роҳ монда шуда, акнун ба ғизодиҳии озуқаи сеюми пахта шурӯъ карданд.

Тавре ки зимни нишаст равшан гардид, дар майдони 6051 га кишти такрорӣ гузаронида шуд. Деҳқонони ноҳия хуб дарк намуданд, ки содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар боиси баланд гардидани сатҳи иқтисодии хоҷагиҳо мегардад. То 1 июли соли равон 2850 тонна сабзавот ба хориҷи кишвар содирот намуданд. Чуноне ки дар боло зикр намудем, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти саноатӣ ба беш аз 600 миллион сомонӣ баробар гардидааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 132 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар доираи иҷрои «Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, иқтидорҳои нави истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд, ки дар натиҷа истеҳсоли маҳсулоти нави воридотивазкунанда ва ба содиротнигаронидашуда ба роҳ монда шуд. Чуноне ки таъкид рафт, дар давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз корхонаҳои саноатии ноҳия ба миқдори 498 ҳазору 437 тонна семент, 35 тонна намаки ошӣ, 164 ҳазору 506 дона гаҷкардону варақаҳои гаҷӣ, 756,4 тонна риштаи пахтагин, 1 миллиону 990 ҳазор ҷуфт ҷӯроб ва 75,1 тонна риштаҳои рангкардашуда ба маблағи 217 миллиону 432 ҳазор сомонӣ ба хориҷи кишвар содирот гардид, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2017 ба маблағи 78 миллиону 733 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон содироти маҳсулот бо маром идома дорад.

Дар ноҳия мавриди истифода қарор додани 3 коргоҳи истеҳсолӣ ба нақша гирифта шуда буд. Айни ҳол 2 адади он-коргоҳои ордбарорӣ ва истеҳсоли шифер ба фаъолият оғоз намуданд. Дар ин муддат ба маблағи 22 миллиону 452 ҳазор сомонӣ фондҳои асосӣ аз худ карда шуд. Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия 145 иншооти истеҳсолӣ, хизматрасонӣ, иҷтимоиву фароғатӣ, манзилҳои хусусӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Дар доираи корҳои ободониву созандагӣ дар давоми шаш моҳи соли равон бо ташаббуси ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва саҳми соҳибкорони маҳаллӣ дар 6 км роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ таъмири ҷорӣ ва 17,9 км корҳои сангфаршкунонӣ гузаронида шуд. Аз буҷаи маҳал барои таъмиру нигоҳдории роҳҳо дар ин муддат 159 ҳазор сомонӣ ва аз ҳисоби ҷумҳурӣ 121 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида, дар 120 км таъмири ҷорӣ ва дар 1,2 км таъмири асосӣ гузаронида шудааст.

Тавре ки раиси ноҳия иброз дошт, корҳои барқарорсозии пули калонҳаҷми ноҳия, ки бар асари офати табиӣ соли 2014 хароб гардида буд, идома дорад. Мувофиқи лоиҳаи тасдиқгардида маблағи барқарорсозии пул 23 миллион сомониро ташкил медиҳад. Айни замон дар ҳаҷми 14,6 миллион сомонӣ корҳои оҳану бетонӣ, зерпояву таҳкурсигузорӣ ва кашонидани сангу шағал иҷро гардидааст. Лозим ба ёдоварист, ки аз ин 5,2 миллион сомонӣ аз буҷаи маҳал ва 9,4 миллион сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорон маблағ ироа гардидааст.

Тибқи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» дар ноҳия сохта ба истифода додани 8 муассисаи нави таҳсилоти умумӣ ва 12 бинои иловагии таълимӣ дар назар аст. Ҷиҳати рафти мушкилоти соҳаи маориф, аз ҷумла норасоии ҷойи нишасти хонандагон дар соли таҳсили 2017-2018 дар деҳаи Меҳристони ба номи Ҳасан Ҳусейнов бинои нави ҳозиразамон МТМУ №57 барои 640 нафар, инчунин дар назди 11 муассисаи таълимӣ 23 синфхонаи иловагӣ сохта ба истифода дода шуд. Айни замон дар кӯчаи ба номи А. Ҷомии шаҳраки Ёвон сохтмони бинои 3-ошёнаи як муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар назди 17 муассиса бунёди 45 синфхона идома дорад. Бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва дастгирии аҳолӣ то оғози соли таҳсили нав дар назар аст, ки 1334 миз, 2668 курсӣ ва 162 адад тахтаи синфӣ ба муассисаҳои таҳсилоти умумӣ дастрас карда шавад. Ҳамин тавр, зимни нишасти матбуотӣ доир ба дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, соҳаҳои фарҳанг, маориф, тандурустӣ, варзиш ва ҷавонон ибрози андеша намуда, раиси ноҳия Амирбеки Темур ба суолҳои рӯзноманигорон посухҳои қаноатбахш дод.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегиранд.

Соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегиранд.

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ
Варзиш - қосиди сулҳ

Варзиш - қосиди сулҳ

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА