Дар як сатр
» » Амалӣ гардидани лоиҳаҳо соҳаҳоро пешрав мегардонад

Амалӣ гардидани лоиҳаҳо соҳаҳоро пешрав мегардонад

6-08-2018, 15:58

 Балхӣ

Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ айни замон 9 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст, ки маблағи умумии азхудшуда 10,42 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Аз ҷумла барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди  маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ (марҳилаи сеюм)». Сохтмони бинои таълимии дуошёна дар деҳоти Фрунзе, лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ, лоиҳаи барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои ҷануби Тоҷикистон, марҳилаи дуюм. Сохт-мони шоҳқубури баландфишор ва худҷоришаванда дар шаҳраки   Балх, лоиҳаҳои минтақавии инти-қоли қувваи барқ  «Дастрасӣ ва маблағгузории сабз ва маблағҳои рушди деҳот», таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ бо тағйирёбии иқлим, «Тиҷораткунонии соҳаи кишоварзӣ», «Барномаи мутобиқ-гардонӣ ва кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим дар ҳавзаи баҳри Арал», «Беҳтаркунии хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон». Амалигардии ин лоиҳаҳо имкон фароҳам овард, ки  сатҳи таълиму тарбия, шароити кории омӯзгорону толибилмон беҳтар гардад. Ҳамчунин, садҳо километр заҳбуру заҳкашҳо, каналҳои ирригатсионӣ тоза карда шуда, 71 адад чоҳҳои назоратӣ, дарвозаҳои обтақсимкунӣ ва обченкунакҳо барқарор гардад. Ҳамчунин аҳолӣ бо оби тоза таъмин шавад. Таъминоти аҳолӣ бо неруи пурраи барқ беҳтар гардаду фаъолияти муассисаҳо хуб шаванд.

Умуман, амалӣ гардидани 9 лоиҳаи мазкур имкон медиҳад, ки соҳаи кишоварзӣ рушд ёбад, рӯзгори сокинон рӯ ба беҳбудӣ орад. Умуман, хизматрасонии соҳаи тандурустӣ низ беҳтар гардад,-таъкид дошт раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Убайдулло Файзулло зимни нишасти матбуотӣ бо рӯзноманигорон. Дар давраи ҳисоботӣ нақшаи умумии қисми даромади буҷети маҳаллӣ 101 фоиз иҷро гардида, ба буҷа 18 миллиону 558 ҳазору 75 сомонӣ ворид гардид. Тайи шаш моҳи соли 2018 ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ 231 миллиону 466 ,5 ҳазор сомониро ташкил дод. Дар ин давра деҳқонон 3477,8 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содир намуданд. Корхонаҳои саноатии ноҳия низ дар ин муддат ба маблағи 47 миллиону 976,9 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум 15 миллиону 585 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Сохтмончиён ба маблағи 2 миллиону 667,7 ҳазор сомонӣ корҳои сохтмонӣ ва васлкуниро анҷом доданд.

Тавре ки дар нишасти матбуотӣ ироа гардид, дар ин давра 605 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гаштанд, ки 241 нафарашонро занон ташкил медиҳанд. Тайи шаш моҳи соли равон аз ҷониби бонкҳои «Эсхата», ҶДММ «Финка», ҶСП «Ҳумо», ба маблағи зиёда аз 18 миллион сомонӣ қарзҳо дода шудааст, ки 50 фисади ин маблағ ба соҳаи кишоварзӣ рост меояд.

Зимни нишасти матбуотӣ доир ба фаъолияти соҳаҳои ҳифзи муҳити зист, хизматрасонии коммуналӣ, нигоҳдории роҳҳои  автомобилӣ, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ғайра ибрози андеша намуда, раиси ноҳия ба суолҳои хабарнигорон посухҳои қаноатбахш дод.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегиранд

Соҳибкорони маҳаллӣ дар корҳои ободониву созандагӣ саҳм мегиранд

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат
Соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегиранд.

Соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегиранд.

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА