Дар як сатр
» » Хатлонзамин минтақаи меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти босифат аст

Хатлонзамин минтақаи меваҳои шаҳдбор ва сабзавоти босифат аст

6-08-2018, 10:55

Дар ноҳияи Хуросон Форуми тиҷоратии меваю сабзавот доир гардид. Дар чорабинӣ намояндагони Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Беларусия ва намояндагии ШМА, масъулини соҳҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон ширкат доштанд. Қабл аз оғози Форум иштирокдорон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ-дастранҷи деҳқонони ноҳия ва вилоят дидан намуданд. Дар ҳақиқат обу хоки серҳосили Хатлонзамин имкон медиҳад, ки беҳтарин меваҳои шаҳдбор, сабзаҷоти босифат дар ин мавзеъ истеҳсол гардад.

Муовини аввали раиси вилоят Зиёзода Сулаймон Ризоӣ чорабиниро  ҳусни оғоз бахшида, зимни суханронӣ таъкид дошт, ки кишоварзони вилоят дар шаш моҳи соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзиро ба 3605,1 миллион сомонӣ расониданд, ки нисбати ҳамин давраи соли 2017-ум 291 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин муддат дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 392,3 ҳазор тонна ғалладонагиҳо, 150,7 ҳазор тонна картошка, 556,5 ҳазор тонна сабзавот, 181,5 ҳазор тонна полезӣ, 42,4 ҳазор тонна мева, 1,7 ҳазор тонна ангур истеҳсол гардидааст. Гардиши савдои хориҷӣ низ дар шаш моҳи соли равон ба 175,2 миллион доллари амрикоӣ расида, аз ҷумла содирот 74,4 миллион доллари амрикоиро ташкил дод. Муовини раиси вилоят доир ба дастовардҳои соҳаи кишоварзӣ сухан ронда, таъкид дошт, ки дар натиҷаи дуруст истифода бурдани замин дар як сол то се маротиба ҳосил рӯёнидан мумкин аст. Амалӣ гардидани Барномаҳои қабулгардида, оиди рушди соҳаи боғу токпарварӣ имкон дод, ки сол то сол майдонҳои боғзор зиёд ва истеҳсол низ афзун гардад.

Ҳамин тавр, дар семинар-машварат иштирокдорон Шорауф Шораҳматов, роҳбари Ассотсиатсияи агротиҷоратии Тоҷикистон, Муъмин Исомиддинов, Ҷаҳонгир Бобоев, Улуғбек Бекчанов, Раман Саламатов, намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Зауре Абдираман аз Ҷумҳурии Қазоқистон, Сайдалӣ Гулов аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, Умед Асланов, Даврон Аҳтамов, Манучеҳр Қосимов, Фарзона Сӯфиева ва дигарон доир ба рушди боғдорӣ дар вилояти Хатлон, истеҳсоли маҳсулоти босифат ва содироти он ба хориҷи кишвар тавассути нақлиёти ҳавоӣ андеша баён намуданд. Намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон ҷаноби Дуэйн Батчер, роҳбари палатаи савдо ва саноати вилояти Хатлон Сайфиддин Сафарзода, зимни суханронӣ дар чорабинӣ таъкид доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус вилояти Хатлон заминаи боэътимоди истеҳсоли сабзаҷоту меваҷоти босифат ба шумор меравад. Айни замон дар ноҳияи Хуросон садҳо гектар заминҳои бекорхобида ба боғистон мубаддал гардиданд, ки  ҳосили заҳмати боғдорон бозорҳои дохиливу хориҷии кишварро бо маҳсулоти ҷиҳати экологӣ тоза таъмин менамояд.

Чорабинии мазкур ду рӯз идома дошт ва иштирокдорон дар баробари корҳои назариявӣ, ҳамчунин, аз боғоти хоҷагии деҳқонии «Асадулло» дидан намуда, бо заҳмати деҳқонони ин мавзеъ аз наздик ошно гардиданд. Дар ҳақикат масъулину деҳқонони хоҷагӣ тавонистанд ҳа-зорҳо гектар замини бекорхобидаро ба боғистон мубаддал сохта, садҳо ҷойи нави корӣ муҳайё созанд ва дар ин баробар истеҳсоли маҳсулоти босифати ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҷаҳониро ба роҳ монда, бозори дохилу хориҷаро бо меваҷот ғанӣ гардонида, дар самти таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи хешро гузоранд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ
Истеҳсоли беш аз 57 ҳазор тонна мева

Истеҳсоли беш аз 57 ҳазор тонна мева

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ афзоиш ёфт

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

АКС: Иди ҳосил дар вилояти Хатлон

Матолиби чандрасонаӣ