Дар як сатр
» » Ҳамоиши модарон бар зидди амалҳои террористӣ

Ҳамоиши модарон бар зидди амалҳои террористӣ

7-08-2018, 10:51

Дар кохи «Ватан»-и шаҳри Бохтар бо ширкати фаъолони шаҳр ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҷамъомад доир гардид. Занону модарони шаҳри Бохтар бо шиору навиштаҷоти алайҳи терроризм ва эктремизм дар ин ҳамоиш ширкат доштанд. Дар шиору навиштаҷот садои қалби модарон, ки муқобили амалҳои террористиву экстремистианд, дарҷ гардида буд.

Ҷамъомадро раиси шаҳри Бохтар Абдуалим Исмоилзода ҳусни оғоз бахшида, нисбати амалҳои террористиву экстремистӣ дар арсаи ҷаҳон ибрози назар намуд. Сипас, муовини раиси вилоят Махфират Хидирзода ба сухан баромада, иброз дошт, ки мушкилоти ягонаи ҷомеа ин шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳу равияҳои тундрав, аз ҷумла ифротгароиву терроризм ба шумор меравад. Ин ҳодисаҳои нангин ба амнияти тамоми мардуми сайёра таъсири манфии хешро мерасонад. Даҳҳо ҳизбу гурӯҳҳои террористие, ки дар ҷаҳон фаъолият доранд, бештар насли ҷавонро ба худ шомил намуда, амалҳои нангину хунин ба ҷо меоранд. Ҳазорҳо нафар бар асари  ин амалҳо ҷони хешро аз даст медиҳанд. Мутаассифона, амали террористие, ки дар Тоҷикистон аз ҷумла вилояти Хатлон бо сайёҳони хориҷӣ рух дод, нақшаҳои тарҳрезинамудаи гурӯҳҳои зархариди террористон мебошад. Миллати тоҷик аз қадим бо меҳмоннавозиву одобу рафтори шоис-таи хеш ном бароварда буд, вале як амали номатлуби ҷавонони роҳгумзада, ки онҳоро гурӯҳҳои экстремистӣ дар хориҷи кишвар мағзшӯӣ намудаанд, зарба ба обрӯ ва одоби меҳмондории мо-тоҷикон мерасонад.

Дар натиҷаи фаъолияти назарраси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва аҳли ҷомеа ин ҳодисаи нангин сари вақт ошкор гардид. Вале тамоми мардуми Тоҷикистон, бахусус ҳар як шаҳрванди ба нангу номус, бояд нисбати пешгирии чунин ҳодисаҳои нангин дар канор набошад. Ин амали нангин як бори дигар моро ҳушёр месозад, ки таҳкими муносибатҳои ҷамъиятӣ-робита дар оиларо устувор нигоҳ дорем. Ҷавонон дар хориҷи кишвар ба доми ифротиён афтодаанд, онҳоро мағзшӯӣ карданд, ҳатто ба дидорбинии падару модар нарафта ин амали нангину хунинро ба ҷо оварданд. Тавре ки муовини раиси вилоят иброз дошт, яке аз омилҳои муҳими пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳои террористӣ ин ба таҳсил ва илм пурра фаро гирифта шудани насли наврас мебошад. Чуноне ки муовини раиси вилоят М. Хидирзода таъкид дошт ҳамагон баҳри пешгирӣ аз ин ҳодисаҳо ва тамоми амалҳое, ки ба рушду суботи ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад, тадбир андешем. "Дар назди калонсолон айни замон масъулияти бениҳоят бузург меистад,-ироа намуд муовини раиси вилоят, зеро дар давраи пуриқтидори иттилоотӣ мо наметавонем ҷавононро аз истифодаи технологияи иттилоотӣ нигоҳ дорем. Мо бояд ба онҳо дастрасии бештари иттилооти муфиду пурарзишро таъмин намоем ва муҳим аз ҳама моро зарур аст, ки дар самти тарбияи оммавии худшиносиву худогоҳии ҷавонон саҳми боризе дошта бошем”.

Ба қавли муовини раиси вилоят, оила, мактаб, ҷомеа метавонанд дар ин самт муваффақ бошанд. Яъне фаъолияти босамару ҳамоҳангии ин ниҳодҳо имкон медиҳад, ки ҷавононро ба роҳи дуруст ҳидоят намоянд. Зеро танҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву созандагӣ ва худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани насли наврас ва ҷавонон метавонем ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардем. Соли 2018 ба кишвари азизи мо 900 ҳазор сайёҳ аз хориҷи кишвар ворид гаштаанд. Ин шумора нисбат ба соли 2017 садҳо маротиб зиёд мебошад. Баланд гардидани обрӯю нуфузи Тоҷикистон дар ҷаҳон душманони берунии ватани азизи моро нороҳат месозад ва онҳо мехоҳанд, ба ҳар гуна роҳу васила ба пешравии ватани мо халал эҷод созанд, - таъкид гардид дар ҷамъомад.

Ҳамин тавр, мудири шуъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Сафарбек  Шарифзода аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки имрӯз волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон бетарафӣ зоҳир менамоянд ва оқибати ин бетарафиҳо ин амалҳои нангине мебошад, ки чанде қабл аз ҷониби якчанд ҷавонон дар шоҳроҳи ноҳияи Данғара рух дод. Ва ин амал ҳар як ҷавонмард ва ҳар як фарди тоҷику тоҷикистониро, ки заррае нангу номуси миллӣ дошта бошад, бояд ба андеша водор созад ва бетараф намонад. Чаро имрӯз ҷавонони моро дар хориҷи кишвар гурӯҳҳои ифротгаро ва террорист ба доми хеш кашида, ба ин гуна ҷиноятҳои вазнин водор месозанд, вале волидайн хабар надоранд. Аз ин равшан мегардад, ки робита миёни оила, фарзанд, волдидайн вуҷуд надорад, - ёдовар гаштан зимни суханронӣ.

Ҷавононро бо ҳар гуна роҳҳои фиреб ба хориҷи кишвар бурда, чун яроқ ба манфиати ғаразноку нопоки хеш истифода мекунанд. Бо ин амал мехоҳанд, ки  обрӯи давлати соҳибистиқлоли моро дар ҷаҳон доғдор созанд. Аз ин рӯ, аҳли ҷомеа, уламо, оила, падару модар, мактаб баҳри баланд бардоштани маърифати ҳуқуқиву дунявии насли наврас бояд саҳми арзанда дошта бошанд. Танҳо дар сурати тарбияи комил ва дурусти фарзандон метавонем ҷомеаи ҷаҳониро аз ҳар гуна хатарҳои террористӣ эмин нигоҳ дорем, - ироа намуданд зимни ҳамоиш.

Иштирокдорони ҷамъомад ин амали ноҷавонмардонаю террористиро, ки аз ҷониби ҷинояткорони ҳайвонсиришт 29-уми  июли соли 2018 дар роҳи деҳоти «Оқсу»-и ноҳияи Данғара бо автомашина пахш кардани гурӯҳи сайёҳони хориҷиро, ки дар натиҷа 4 нафар ҳалок гардида, 2 нафар бо ҷароҳати вазнин дар беморхона бистарӣ гардида буданд, сахт маҳкум намуда, иброз доштанд ки хоинони давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба мақсади нопоку ғаразноки хеш ҳеҷгоҳ нахоҳанд расид. 

Дар ҳамоиш инчунин муроҷиатномаи модарону занони шаҳри Бохтар оид ба пешгирии амалҳои террористӣ ба тамоми сокинони шаҳр қабул карда шуд.

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат саҳмгузор бошем

Ҳокимияти давлатӣ
М. Хидирзода: «ҷавонон қувваи пешбаранда  ва бунёдкори ҷомеа мебошанд»

М. Хидирзода: «ҷавонон қувваи пешбаранда ва бунёдкори ҷомеа мебошанд»

Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Сиёсат
Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ