Дар як сатр
» » Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб

Сарвазири ҷумҳурӣ дар шаҳри Кӯлоб

9-08-2018, 09:35

- Тибқи Амри Президенти Ҷумҳу-рии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018  ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 ботантана таҷлил карда мешавад. Мақсад аз имрӯз омодагӣ гирифтан ба ҷашни мазкур ин суръат бахшидани корҳои ободонию бунёдкорӣ, беҳдошти вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдошти зиндагии мардуми Тоҷикистон аст, ироа дошт раиси вилоят Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ва афзуд, ки ба ин хотир мутобиқи Амри Сарвари давлат дар шаҳру ноҳияҳо гурӯҳҳои корӣ таъсис ёфта, роҳбарии онро намояндагони Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда доранд. Гурӯҳҳои мазкур нақша – чорабиниҳои бахши корҳои ободониву бунёдкориро таҳия намуда, барои сохтани иншоотҳои ҳаётан муҳим, корхонаю муассисаҳои саноатӣ, иншоотҳои бахши соҳаи маорифу тандурустӣ, роҳҳо тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд.

Бо мақсади дидан намудан аз рафти корҳои бунёдкорӣ ва омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 8-уми августи соли ҷорӣ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар шаҳри Кӯлоб сафари корӣ намуда, ба фаъолон мулоқот доранд. Сарвазири ҷумҳурӣ бо гурӯҳи кории шаҳри Кӯлоб, ки роҳбарии онро ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ба уҳда дош-танд, аз кулли корхонаю муассиса, ташкилотҳо, корхонаҳои саноатӣ дидан ба амал оварда, ба вазъи хизматрасонии корхонаҳои хизматрасонии шаҳр, аз қабили хоҷагии манзилию коммуналӣ, обу коррезии шаҳр шиносоӣ ба амал оварданд.

Таҳлили рафти омодагӣ ба ҷашн имрӯз дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки аҳли ҷамоатчигии шаҳр, роҳбарони корхонаю ташкилотҳо, иштироки роҳбарони вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ мавриди таҳлил қарор мегирад, таъкид дошт раиси вилоят.

Ҳамин тавр Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷаи санҷиши гурӯҳи кории таъсисдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор дод. Қоҳир Расулзода қайд намуд, ки меҳнаткашони шаҳри Кӯлоб, соҳибкорону мардони босаховат кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки дар корҳои ободонию бунёдкории шаҳри худ саҳми муносиб гузоранд. Ба ин мақсад гуруҳи кории таъсисдодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр нақша-чорабинии корҳои ободонию созандагиро тартиб дода, аз рӯи он амал менамоянд. Мутобиқи нақшаи мазкур то ҷашни  30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд  890 иншооти гуногун дар соҳаи саноат, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва ҳамчунин роҳу иншоотҳои варзишӣ, хизматрасонӣ сохта  ба истифода дода шаванд.  Дар ин замина дар назар аст, ки то рӯзи ҷашн 2224 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуда, ҷавонон бо кори доимӣ таъмин карда мешаванд.

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баробари зикри муваффақиятҳо аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки дар шаҳри Кӯлоб камбудию норасоиҳо низ хеле зиёданд. Чуноне санҷиши гузаронида нишон дод, қисми зиёди корхонаҳо аз фаъолият боз монда, бахши дигараш фаъолият намоянд ҳам, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нестанд. Аз ҷумла, заводи равғану корхонаи пахтатозакунӣ аз ҳамин қабиланд. Агар заводи равған солҳои қаблӣ мардуми минтақаи Кӯлобро бо равған таъмин мекард, пас имрӯз он ин қудратро пурра аз даст додааст.

Масъалаи таъмини оби нӯшокӣ низ қаноатбахшкунанда нест. Солҳои зиёд аст, ки ин масъала мавриди муҳокимаи масъулини шаҳр қарор нагирифтааст. Ҳарчанд сокинони шаҳр 4-5 баробар афзуда бошад ҳам, кормандони обу корези шаҳр мувофиқ ба солҳои пешин таъминоти обро пеш мебаранд. Дар ин бахш, таъкид намуд Сарвазири ҷумҳурӣ, масъулини соҳа бояд чораҳои таъҷилӣ андешанд.

Дар ҷамъомад Сарвазири ҷумҳурӣ аз як зумра соҳибкорон хоҳиш ба амал овард, ки дар кори ҷоннок гардонидани корхонаҳои аз фаъолият бозмонда саҳми худро гузоранд. Ин ҳоҳиш аз тарафи онҳо бо мамнуният қабул гардид.

Дар поёни ҷамъомад барои ҳалли проблемаҳои ҷойдошта, боз ҳам суръат бахшидани корҳои омодагирӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори дахлдор қабул гардида, вазорату идораҳои марбута, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр вазифадор карда шуданд, ки тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Н. САФАРЗОДА,

шаҳри Кӯлоб 


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳадафи ҳукумат вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ аст

Ҳокимияти давлатӣ

Омодагӣ ба ҷашн

Хабарҳо
Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

Сафари кории Сарвазири мамлакат ба шаҳри Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои хатарзо дидан кард

Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои хатарзо дидан кард

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, НАҶОТ САФАРЗОДА
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА