Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Лутфи ширини падар (Ҳикояи воқеӣ)


Лутфи ширини падар (Ҳикояи воқеӣ)



Ба рӯҳи поки падарам Ҳасани Муродиён, ки маро нахустустоди зиндагию эҷод буд, эҳдо мекунам.


Баҳори соли 1984. Осмон гӯё аз қаъри софии Вахши азамат ранг рабуда. Шеди бомдодӣ фар не, бал зар бар замин нисор кардан дорад. Насими форам баъд аз кӯтаҳборон баргу тархадраҳои зумуррадгуни дарахтони зардолу, анор ва олуболуро шабеҳи навшаҳе, ки зулфони печони арӯсашро бо ҳазор завқ миёни ангуштон ба бозӣ мегирад, якмарому тор-тор ба арғушт оварда. Аз ин серӣ наёфта, гоҳе бо шеваи ошиқони ташнаҷон нарм, лек ботаъсир шибир-шибир алвонҷашон медиҳад, ки аз ларзиши шӯх ва ҳам шах зарраҳои борон марворидгун дурахшида, бо як ғел тоҷаки сабзаи навхез ва гулнақши узори кунун хушкидаи мазрааи навгардони зери дарахтон мешуда. Бӯйомезиҳои ҳар ҷинс барг, сабза ва ҳам хоку борон ҳаворо обистан аз таровату нузҳат карда. Ҷонҳои зиндаро ин “таъм”-и гуворои ҳаёт ба ҷунбиш оварда. Парастуҳои ширинҳаракот ҷуфт-ҷуфт пайи парвоз, селаи мусичаю гунҷишк андармони нағмаю соз. 

Дар миёни ин ҳама савти бемунтаҳои табиат садои инсоне ҳам ба гӯши сипеҳр нағмаи меҳр зам карда.

Мискинобод, хуррамдеҳе дар қаламрави он дарё ва ноҳияе ҳамном бо он ва хонаи озодаи сердарахте дар сари дуроҳаи кӯчаи калон. 

Ҷавонмарде қомат дар ҳадди эътидол, мӯйсар – зарқаҳваӣ, ҷурда – сафед, шонаҳо – паҳн бо сабуковои муназзами ҳаҳ-ҳаҳ ба он навои зиндаи табиат ҷӯр шуда, каланди вазнинро ба сони яли гурзкордор осон то фарқ бардошта ва ту гӯйӣ, ки лаҳзае нигоҳ дошта, гоҳе тездами он, гоҳе пушти путквори онро сахту шаст бар хоку кулӯх куфтан дошт. Ҳумб-ҳумб садо бароварда, қисме хоку гард, қисме кулӯхреза мешуда. Ғӯра-ғӯра донаҳои арақ аз роҳи чинҳои нимҳувайдои пешонаи фарохи ялаққосияш сабқати резиши чак-чакӣ оростандӣ. 

– Таваллуди ман аҷиб аст, – ҳама саду садчаҳои ноошноиро миёни худ ва ҳар шиноси нави ба қавли машҳур намаки суханфаҳм аксаран бо ин қиссаи хандазо мешикаст Ҳасан. – Рӯзе модарам бо дас-ту пойи вазнин* тараддуди нонпазӣ дошта. Рафидаи калон дар даст хамири гирдачаро бояд ба чагдон мечаспонида. Ҳангоми хам шуда, онро сахт ба девораи тафсон задан ногаҳон кӯдаки батни ӯ, яъне ман чалаппос бо сар зода шудам. Навзодро боэҳтиёт лӯлак карда, хона медарояд ва ӯро боз дарди кӯдак мегирад. Ин дафъа дар ҷойгаҳи нарму гарм додаракам Ҳусейн таваллуд мешавад. Ӯ ягон рӯз зист, аммо ман ин ҷо ҳастам ва шарафи ошноӣ бо шуморо дорам. 

Ҳасан лаҳзае хомӯш меистод. Бо итминон ба маҳорати суханварии хештан шиноси нави аз ин ҳодисаи булаҷаб ҳайронашро гӯё барои кадом як гуфтании муҳимме тайёр мекард. Онгоҳ ҳар як калимаро ба таври хуб шуниданӣ ин зайл ифода медод: 
– Агар Ҳусейн зинда мебу-у-д, – ӯ ин ҷо андак таваққуф мекардӣ, чун ба ҳамсуҳбат ҳама лаззат аз нақлашро интиқол додан мехостӣ ва дар ҳамин асно на фақат чашму лабу рӯй, балки агар ба пушти сару гӯшҳояш бингарӣ, гумон кунӣ, ки онҳо ҳам бо чӣ ҳаракоти шинаму ширин ҳоли хандарез шудан гирифта, –  ӯ мегуфт: 

“Аблаҳе аз бом биафтад, гардани мо бишканад...”. 

Ин як мисраъ бо як дам замзама карда ва ниҳояти қиссапардозӣ ин мешуда, ки бо шиноси нав хеле механдид ва ҳолатҳое каф ба кафи ҳам чалаққос мекуфтандӣ.  

***
Ин замон дар он гӯшаи замин завқи кор дасту пойҳои муҳкаму чобукашро тарк намекард. Аммо як нигоҳи жарф ҷониби писарчаи тақрибан чорсолаи бозигар бар рӯйи кати ҳавлӣ ӯро кофӣ буд, то чашмони софӣ ва рӯйи содагилашро хат-хат андеша забт кунад. “Даст – ба кор, дил – ба ёр” гӯянд инро. 

Кат аз бозичаҳо пур буд. Дар як гӯшаи он чойники чой ва ду пиёла ҳам ҷой доштӣ, аммо писарак озмудану бозидани бозичаҳоро кофӣ донистӣ. 

“Фарзандро дар кӯдакӣ-ш роҳи ростро аз каҷ, ҳалолро аз ҳаром, савобро аз вубол фаҳмонида, бо меҳнат нон хӯрданро одат бояд дод”, – сад дар сад дуруст мегӯяд падари пирам. Вале Толстойи бузург ин принсипро дахолат ба шаклгирии як шахсияти комил дониста, – ҳар як гуфтори дар кунҷи мағзаш то ҳол нуҳуфтаро бо тагурӯ бар паллаҳои тарозуи хирад гузоштан дошт он падари ҷавон, – тарбияи озодро тавсия дода”. 

Падари Ҳасан – бобои Ғуломуҳиддин дар ҳамсоядеҳе, ки фотеҳони водии Вахш номаш Навобод ниҳода, зиндагӣ мекунад. Мӯйсафеде аст, ки тамоми умр бо обилаи кафи даст фарзандонро хӯронида, калон карда. Ҳамсояҳо одоб ва Худотарсияшро таъриф карда, нимшӯхию нимҷиддӣ гӯянд: “Бобои Ғуломмуҳиддин дар умраш ришашро натарошида, лек болшевикҳо як бор ӯро дошта, онро маҷбур тоза тарошида”. Ӯ фарзандонро дар рӯҳияи озор нарасонидан ба худию бегона тарбия кардан дошта, тавониста, ки дар миёни онҳо аз Ҳасан як муаллими овозадори ҳамон минтақа ва ноҳияро ба воя расонад.

* Ҳомиладорӣ
(Идома дорад)
Муродиён Зокири Ҳасан,
Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода