Дар як сатр
» » Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

1-07-2015, 15:54

Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавосанҷии Тоҷикистон, аз 1 то 9-уми июли соли 2015 дар ҷумҳурӣ ҳавои гарму тафсон дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар аксари навоҳӣ ба андозаи аз 7 то 12 дараҷа боло меравад. Дар қаламрави вилояти Хатлон рӯзона 40-45 дараҷа гарм, шабона 23-28 дараҷа гарм, аммо дар баъзе навоҳӣ (Шаҳритус, Қубодиён, Носири Хусрав, Ҷиликӯл ва Панҷ) ҳарорати ҳаво то 46-48 дараҷа хоҳад шуд.

Бо дарназардошти ҳарорати баланди ҳаво дар қаламрави Тоҷикистон, ба таваҷҷуҳи хонандаи арҷманд тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Созмони ҷаҳонии тандурустиро оид ба тадбирҳои эҳтиёткорӣ дар мавсими гармои шадид пешкаш мекунем.

Гармои сахт ба саломатии инсон таъсири манфӣ мерасонад ва барои ҷилавгирӣ аз он мебояд, ки аз машварати табибон истифода кунем:

Нигоҳдории салқинӣ дар манзил


Нигоҳдории ҳарорати муътадили ҳаво дар манзили истиқоматӣ бахусус барои кӯдакон, одамони аз 60-сола боло ва беморон муҳим аст. Чӣ бояд кард?

- Ҳарорати ҳаворо дар ҳуҷраҳо дар миёнаи соатҳои 8:00-10:00, соати 13:00 ва 22:00 чен кунед. Аз рӯйи меъёр ҳарорат рӯзона набояд аз 32 дараҷа ва шабона аз 24 дараҷа болотар бошад;

- Шабона ва субҳи барвақт тирезаҳоро боз намоед, то ҳавои ҳуҷраҳо тоза шавад;

- Тирезаҳои хонаро давоми рӯз маҳкам нигоҳ доред (бахусус тирезаҳоеро, ки дар тарафи офтобӣ ҷойгир аст);

- Тамоми таҷҳизоти барқии нолозим ва лампаҳоро хомӯш намоед;

- Тирезаҳои тарафи офтобии хонаро пардапӯш намоед;

- Дар сурати мавҷуд будани ҳавополо (кондитсионер) ва боддеҳ (вентилятор) онҳоро истифода кунед. Ҳини кор кардани ҳавополо ба хотири сарфаи нерӯи барқ дару тирезаҳоро маҳкам бандед. Кори боддеҳ, агар ҳарорат аз 35 дараҷа боло бошад, бефоида аст. Бисёр обу шарбат нӯшидан муҳим аст.

Амал ҳангоми гармои шадид


- Дар авҷи гармо кӯшиш кунед, ки дар қисмати салқинтари хона ҳузур дошта бошед;

- Агар ҳавои хонаро салқин нигоҳ доштан имконпазир набошад, ҳар рӯз 2-3 соатро дар ҷойҳои салқин гузаронед (масалан, дар биноҳои ҷамъиятие, ки дорои кондитсионер аст);

- Бидуни зарурат дар вақти авҷи гармӣ ба кӯча набароед, корҳои вазнини ҷисмониро дар соатҳои нисбатан салқини рӯз анҷом диҳед (аз соати 4 то 7-и субҳ);

- Агар дар кӯча бошед, дар ҷойи соя қарор гиред;

- Кӯдаконро андаруни мошини дар парковкаистода танҳо нагузоред.

Таъмини саломатии организм


- Дар хона бо оби ширгарм ё хунук оббозӣ кунед. Барои таъмини намӣ дар организм метавонед пойҳоятонро андаруни зарфи пуроб андозед. Ҳамчунин аз покетҳои яхдор низ истифода кардан мумкин аст;

- Либосҳои сабук ва озоди пахтагиро ба бар намоед. Агар ба кӯча бароед, кулоҳи калон, кепка ва айнакҳои аз шуои офтоб ҳифзкунандаро пӯшед;

- Барои пешгирӣ аз аккумулятсияи ҳарорати бадан аз истифодаи болишт худдорӣ ва бештар ҷойпӯши сабукро истифода баред;

- Мутанзам обу шарбат нӯшед, аммо аз истеъмоли машрубот ва кофеин бо миқдори зиёди шакар бояд парҳез кард;

- Ғизоро зуд-зуд, аммо бо миқдори начандон зиёд тановул кунед. Аз истеъмоли маҳсулоти дорои сафедаҳои зиёд худдорӣ варзед.

Расонидани кӯмак

- Аъзои хонавода, дӯстон ва ҳамсояҳоеро, ки вақти бештари худро дар танҳоӣ мегузаронанд, тез-тез хабар гиред. Чунин афрод дар рӯзҳои гармои шадид мумкин аст ба кӯмак этиёҷ дошта бошанд;

- Вазъиятро бо аҳли оила баррасӣ кунед. Ҳама бояд оид ба чораҳои этиёткорӣ дар рӯзҳои гармои сахт маълумот дошта бошанд;

- Ба одамоне, ки аҳволашон хуб нест, бо машварат кӯмак кунед. Ақаллан рӯзе як маротиба ба аёдати одамони солманд ва бемор, ки танҳо зиндагӣ мекунанд, биравед;

- Агар одам маводи доруворро истеъмол мекунад, бо табиби ӯ дар бораи он, ки дору ба терморегулятсия ва тавозуни моеот дар организм чигуна таъсир мерасонад, машварат намоед;

- Аз давраи омӯзишӣ оид ба расонидани кӯмаки оҷили тиббӣ марбут ба ҳолатҳои фавқулода ва гармои шадид гузаред. Ҳама бояд кӯмаки аввалияи тиббиро расонида тавонанд.

Маслиҳат ба маризон

- Агар бемор ҳастед, маводи доруворро дар ҳарорати поинтар аз 25 дараҷа ё дар яхдон нигоҳ доред (бо дастурамали нигоҳдории дору нишон шавед);

- Агар дучори дарди давомдор ҳастеду якчанд номгӯи доруро истеъмол мекунед, дар бораи таъсири он дар рӯзҳои гармии сахт бори дигар бо духтур машварат намоед.

Маслиҳат ба онҳое, ки худро дар гармии шадид нотоб ҳис мекунанд:


- Агар саратон чарх мезанад ё дард мекунад, беҳол мешавед, кӯмак бихоҳед. Худро дар ҷойи салқин бигиред ва ҳарорати баданатонро бисанҷед;

- Об ё шарбати мевагиро барои барқарорсозии моеот дар организм бинӯшед;

- Агар дар мушакҳои баданатон дардро эҳсос намоед (одатан дар пойҳо, дастҳо ё шикам, аксаран пас аз корҳои ҷисмонӣ дар ҳавои тафсон), бидуни таъхир дар ҷойи салқин хоб равед, моеи иборат аз электролитро бинӯшед, то оби бадан хушк нашавад. Дар сурати беш аз як соат давом кардани кашиши рагҳо кӯмаки тиббӣ зарур аст;

- Агар оризаҳои ғайриодиро дар ҷисми худ эҳсос намоед, дар ин бора ба табиби оилавӣ хабар диҳед.

Ҳолатҳое, ки ҳатман бояд ба духтур муроҷиат намуд:

Агар дар нафаре аз хонаводаи шумо ё атрофиёнатон оризаҳои пӯсти хушку гарм, кашиши рагҳо, алоигӯӣ (ҳазён), аз ҳуш рафтанро мушоҳида кардед, бетаъхир ба духтур муроҷиат кунед. То омадани духтур ҷабрдидаро ба ҷойи салқин расонед, ӯ бояд дароз кашад, пойҳояшро боло бардоред, либосашро бадар намоед, то ҳарорати баданаш поин равад. Мумкин аст, ки аз бастаи яхдор истифода кунед, онро зери гардан ват аги кашаш гузоред, бо оби ҳарораташ 25-30 дараҷаӣ ба рӯю баданаш бипошед. Ҳарорати баданашро санҷед. Ба ӯ додани аспирин ё парасетамол (ацетилсалициловая кислота) мумкин нест. Одами аз ҳушрафтаро ба паҳлу хобонед.

Бароятон саломатӣ хоҳонем!

Таҳияи
Ҳангомаи ИСМАТ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Агар гирифтори зуком шудед…

Агар гирифтори зуком шудед…

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳаво гармтар мешавад

Ҳаво гармтар мешавад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Матолиби чандрасонаӣ
Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳаво дар Хатлон сардтар мешавад

Ҳаво дар Хатлон сардтар мешавад

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА