Дар як сатр
» » Сарсупурдаҳои Ватан

Сарсупурдаҳои Ватан

1-01-2015, 15:33

Сарсупурдаҳои Ватан
Модарон бо писарони шуҷои худ, ки довталабона барои ҳифзи марзу буми Тоҷикистони азиз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ пайвастаанд, ифтихор мекунанд.

«Хизматчиёни ҳарбӣ бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд, ба савганди ҳарбии худ, истиқлолияти давлатӣ, халқу Ватан содиқу вафодор ва барои истодагарӣ кардан ба муқобили ҳар гуна хатару таҳдидҳо ҳамеша омода бошанд. Имрӯз мо метавонем бо ифтихор изҳор намоем, ки мардуми Тоҷикистон дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёну муҳофизони боэътимоди худро мебинанд ва дилпурона бо роҳи бунёдкориву созандагӣ пеш мераванд». Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таври маълум, аксари шаҳру навоҳии вилояти Хатлон имсол маъракаҳои баҳорӣ ва тирамоҳии даъвати ҷавонон ба Артиши миллиро пеш аз муҳлат ва барвақттар аз дигар манотиқи Тоҷикистон иҷро карданд. Мушоҳидаҳо ҳокиянд, ки сол ба сол теъдоди ҷавононе, ки бо ихтиёри худ ба сафи Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар мепайванданд, зиёд мешавад. Ин тамоюл агар аз як сӯ гувоҳи боло рафтани эҳсоси ватанпарастию меҳандӯстӣ ва адои қарзи шаҳрвандии ҷавонон бошад, аз ҷониби дигар нишонаи боло рафтани сатҳи эътимоди мардум ба артиш ва тартибу низом дар қисмҳои ҳарбӣ аст.

Ба иттилои масъулони комиссариати ҳарбии вилояти Хатлон, дар мавсими тирамоҳии даъват ба артиш аксари кулли наваскарон бо ихтиёри худ ба комиссариатҳои ҳарбӣ омада, довталабона ба хизмати аскарӣ рафтаанд. Албатта, мисолҳои қонуншиканӣ зимни даъвати ҷавонон ба артиш ҳам буданд, ки аз ҷониби прокуратураи ҳарбӣ ифшо шудаанд, аммо дар маҷмӯъ, ба иддаои муфаттишони прокуратура, дар қиёс бо солҳои пешин мизони чунин қонуншиканиҳо хеле коҳиш ёфтааст.

Дар баробари ин имрӯз падарону модарон низ ба фарзандонашон бештар талқин мекунанд, ки ҳифзи марзу буми Ватан, хизмати аскарӣ аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як шаҳрвандон, ҳар як ҷавонмарди шуҷоъ мебошад. Давлатбӣ Партоева, сокини ноҳияи Восеъ ва модари панҷ писар, аз ҷумлаи чунин волидони масъулиятшинос аст. Вай ин тирамоҳ нахустин писарашро ба Артиши миллӣ фиристод, то қарзи шаҳрвандии худро дар назди Ватан адо кунад.

Фарзанди нахустини ман Фаридун Изатуллоев хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав аст, - мегӯяд Давлатбӣ. - Вақте ӯ ба ман гуфт, ки ба хизмат меравам, аз шодӣ сарам ба осмон расид ва аз хурсандӣ гиристам. Ҳоло дар қисми марзбонии воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ адои хизмат мекунад.

Аз он, ки бо зӯрӣ тариқи «облава» ҷавоноро ба қисмҳои низомӣ мебаранд, бо хоҳиши худашон раванд, беҳтар аст. То замоне, ки фарзанди ман ба хизмат нарафта буд, ҳар гуна андешаҳо доштам. Овозаҳо ба гӯшам мерасид, ки гӯё шароити қисмҳои низомӣ хуб нест, хӯроки хуб намедиҳанд, сарбозон ба азобу шиканҷаҳо гирифторанд ва ғайраҳо. Аммо вақте ман аз наздик бо шароити қисми низомие, ки писарам хизмат дорад, ошно гардидам, фикрам тағйир ёфт. Шароиташон хуб буд. Фарзандамро солим ва табъашро болида дидам. Ба дидорбинияш рафтем, ҳамроҳаш дар ошхонаи қисми ҳарбӣ таом хӯрдем. Оши палав пухта буданд, гӯшт дошт, хуллас, ғизои сарбозонро нағз таъмин мекунанд.

Давлатбӣ мехоҳад, ки фарзандонашро хуб тарбия намояд, то ҳамаашон соҳиби илм шаванд ва ба хизмати сарбозӣ рафта обутоб ёбанд. Ба андешаи ӯ, артиш ҷавонро пухта мекунад, дарси мардонагӣ ва матонатро меомӯзад, эҳсоси ватандӯстиашонро боло мебарад.

- Волидайне, ки фарзандашонро ба хизмат рафтан намемонанд, онҳо гӯё ба ватан хиёнат мекунанд, - фикр мекунад Давлатбӣ. - Аз худи наздикон ҳам вобаста аст. Фарзанди ман дар рафти таҳсилаш дар донишгоҳ ба толори машқ ҳам мерафт, то обутоб ёфта, дар оянда азоб накашад. Ҳама ҷавонон бояд ҳамин тавр ба варзиш машғул шаванд ва дар ҳама ҳолат ба ҳимояи Ватан ва ҳамватанони худ омода бошанд.

Давлатбӣ ва ҳамсараш орзу доранд, ки ҳама фарзандонашон дар баробари соҳибмаълумот гардидан ба хизмати ҳарбӣ ҳам раванд.

Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон чун шавҳараки чашм эҳтиёт намудани сулҳи пойдор, тамомияти арзии Тоҷикистони азиз ва ваҳдати миллии халқи шарафмандамонро вазифаи муқаддаси ҳар яки мо мешуморад. «Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки мардум, падару модарон ва хоҳару бародарони мо дар симои ҳар хизматчии ҳарбӣ ҳомиёни воқеии Ватан, муҳофизони сарзамин ва марзу буми аҷдодиро мебинанд. Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ба садоқат, ҷасорати касбӣ ва фидокориву матонати шумо - фарзандони шуҷои Ватан бовар дорам», - гуфтааст ӯ.

Дар ҳақиқат, хизмат дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ натанҳо қарзи муқаддаси фарзандӣ, балки мояи ифтихор ва шарафи бузург аст. Артиш барои ҳар як ҷавонмард мактаби ҷасорату матонат, дӯстиву рафоқат ва худшиносиву меҳанпарастӣ мебошад.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Ноҳияи Носири Хусрав яке аз аввалин шуда маъракаи даъвати наваскаронро ба о ...

Хабарҳо
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Сафарбаркунии ҷавонон ба артиш таъмин шуд

Сафарбаркунии ҷавонон ба артиш таъмин шуд

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Нишони ҷавонмардӣ

Нишони ҷавонмардӣ

Ҷавонон ва варзиш
74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

74,5%-и даъватшавандаҳо ба хизмати аскарӣ довталабона ҳозир шуданд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА