Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Боздиди коршиносон аз маконҳои хавфнок


Боздиди коршиносон аз маконҳои хавфнок



Бо ибтикори Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади аз наздик шинос шудан бо мавзеъҳои хавфноки шаҳри Кӯлоб, пешгирии ҳолатҳои фавқулода, омӯзиши имкониятҳои гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ва шинонидани дарахтони гуногун дар соҳили дарёҳо намояндагони лоиҳаи “Идоракунии хавфи офатҳои табиӣ”-и Бонки рушди Олмон (KFW) таҳти роҳбарии Серви Небурс-коршиноси масоили чорводорӣ, агроиқтисодчии (Animal Production Expert/Agro-economist) ширкати консалтингии байналмилалии АНТ GROUPAG аз мавзеъҳои хавфноки ҳудуди шаҳри Кӯлоб боздид ба амал оварданд.
 
Тавре сомонаи расмии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, бо мақсади аз наздик шинос шудан бо як қатор мавзеъҳои хавфноки шаҳри Кӯлоб  ва лоиҳаи афзалиятноки сармоягузорӣ, аз ҷумла гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар деҳаи Андароби Ҷамоати деҳоти “Зарбдор”, барқарорсозӣ ва тоза намудани сойи Девонасой, Шурсой, бартараф кардани ҳолати бавуқӯъомадаи офати табиӣ дар маҳаллаҳои Бобо Юнус, А. Рӯдакӣ, А. Мӯсо ва деҳаи Пахтакори Ҷамоати деҳоти “Кӯлоб”, гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар дарёи Ёхсу, ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва мавзеи Минтути Ҷамоати деҳоти “Зиракӣ” боздид ба амал оварда шуд. 

Зимни боздид аз мавзеъҳои хавфноки шаҳри Кӯлоб муайян гардид, ки дар воқеъ шаҳри Кӯлоб аз лиҳози таъсири манфии офатҳои табиӣ дар яке аз минтақаҳои хавфноктарин ҷойгир буда, дар натиҷаи омадани сел ҳамасола ба иқтисодиёти шаҳр хисороти калон мерасад.

Иттилоъ дода шуд, ки санаи 11 майи соли 2021 дар натиҷаи боришот офати табиӣ ба амал омада, ба соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Кӯлоб беш аз 46 миллион сомонӣ зарари иқтисодӣ расонидааст. Дар натиҷа 43 хонаи истиқоматӣ пурра, 102 хонаи истиқоматӣ қисман ва 606 иншооти хизматрасонии аҳолӣ зарар дидаанд.
 
Инчунин, 4 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 5,9 километр роҳ, 10 кӯпрук, 7 трансформатор, 350 метр хатҳои алоқа, 13,5 километр иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, 492 метр қубурҳои обгузар, 2 иншооти обтаъминкунӣ, 5 агрегати барқӣ, 128 гектар замини кишт зарар дида, 128 сар чорвои сокинон талаф ёфт. 

Татбиқи амалии лоиҳаи мазкур имконият медиҳад, ки хавфи таъсири манфии офатҳои табиӣ кам гардида, барои гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ тадбирҳои амалӣ роҳандозӣ карда мешавад. 

Фирдавс УМАРОВ, “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода