Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Ду ҳамлагари "Хатлон" корти сурх гирифт


Ду ҳамлагари "Хатлон" корти сурх гирифт



Дар бозии даври 14- уми Coca Cola Чемпионати Тоҷикистон дастаи "Хатлон" бо тими КМВА андари рақобат гардид. Бозӣ, дар варзишгоҳи "Политехникум"-и шаҳри Душанбе баргузор гардида, бо бартарии мизбонон анҷом ёфт.

Нахустин шуда ҳисоби бозиро дар дақиқаи 5-уми рақобат соҳибони майдон кушоданд. Ба ин гол баъди гузашти 3 дақиқа ҳамлагари "Хатлон" Жан Гатен ҷавоб гардонд. Ҳамин тавр бо ҳисоби 1:1 қисми аввали дидор сипарӣ гардид.

Дар дақиқаи 85-ум нисбати ҳуҷумкори "Хатлон" Жан Гатен қоидаи бозӣ вайрон карда шуд, ки довари дидор ҳимоятгари КМВА, Алиҷони Кароматуллозодаро бо корти сурх ҷазо дод. Вале бо гузашти чанд лаҳзаи дигар пай дар пай нисбат ба 2 ҳамлагари "Хатлон" Жан Гатен ва Нуриддин Ҳамроқулов довари майдон корти сурх нишон дод. Ба мизбонон фурсат шуд, ки дар дақиқаи иловагӣ бартариро соҳиб шаванд.

Дар баробари бозингарони корти сурх гирифта, ҳимоятгар Миров Хушбахт низ бо гирифтани як корти зард дар бозии минбаъда дастаро кӯмак карда наметавонанд.

Дар даври минбаъда 14 август дастаи "Хатлон" дар хонаи худ бо тими "Истиқлол" андари рақобат мешавад. 

Акнун муаммо ин аст, ки сармураббии дастаи "Хатлон" Аслиддин Ҳабибуллоев муқобили Чемпиони феълии кишвар бо кадом ҳайат ба майдон мебарояд.

PS: То ҷойе, ки ба мо иттилоъ доданд 4 бозингари дигари даста бо сабаби бад будани вазъи саломатӣ дар тамринҳои даста иштирок надоранд.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода