Дар як сатр
» » ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кард

28-06-2015, 10:57

ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд фаъолияташро қатъ кардФаъолияти бахши Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Сарбанд аз ҷониби масъулини ин созмон қатъ гардидааст.

Дар ин бора нашрияи "Нури Сарбанд"-и шаҳри Сарбанд иттилоъ дода, менависад, ки санад ва протоколи маҷлиси ҳизб бозгӯкунандаи расман қатъ шудани фаъолияти он мебошад.

Дар шумораи охирини нашрия қарори раиси шаҳри Сарбанд Қарахон Чиллазода аз 5 июни соли 2015 ба чоп расидааст, ки дар он аз ҷумла зикр мешавад: "Бинобар сабаби аз ҷониби масъулини бахши ҲНИТ дар шаҳри Сарбанд қатъ намудани фаъолияти ҳизб... утоқҳои корие, ки дар он ҳизби наҳзати исломи шаҳр фаъолият мекард, ҳамчун идораи маъмурӣ ба рӯзномаи шаҳрии "Нури Сарбанд" вобаст карда шавад".

Раиси шаҳри Сарбанд ҳамчунин мудири бахши сармоягузорӣ ва идораи амволӣ давлатии шаҳр ва сармуҳаррири рӯзномаро муваззаф кардааст, ки ҳуҷраҳои зикргардидаро ба тавозуни идораи рӯзномаи "Нури Сарбанд" гузаронанд.

Қобили зикр аст, ки дар пайи интихоботи парлумонии моҳи марти имсол шумораи қобили мулоҳизаи аъзои Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон довталабона аз узвияти ин ҳизб хориҷ шудаанд.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Р. Азизӣ: ««Ҳидоятҳо»-и Нурӣ яке аз бунёдҳои асосии ифротгароӣ дар сафҳои п ...

Сиёсат, Хабарҳо
Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Истиқболи ҲНИТ аз куштор

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Мулоқоти раҳбарони ҳизбҳо бо сокинони Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Бохтар

Мулоқоти раҳбарони ҳизбҳо бо сокинони Қӯрғонтеппа, Сарбанд ва Бохтар

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Сарбанд. Ихтисоси қитъаҳои замин ба мутахассисони ҷавон

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҷовуз ба номус аз ҷониби гурӯҳи ашхос

Таҷовуз ба номус аз ҷониби гурӯҳи ашхос

Хабарҳо