Дар як сатр
» » Ба ҷавонон таҳаммулгароӣ ва қаноатро бояд омӯхт

Ба ҷавонон таҳаммулгароӣ ва қаноатро бояд омӯхт

28-06-2015, 10:28

Чунин ба назар мерасад, ки ба қадри сулҳу осоиштагии кишвар ҳеҷ касе чун пирони ҷангдидаю азияткашида намерасад. Онҳое, ки даҳшати ҷангҳои хонумонсӯзро дидаанд, ҳар лаҳзаю соат дастбадуои онанд, ки Ваҳдати миллӣ ва сулҳу салоҳ дар Тоҷикистон газанд набинад.

Ба ҷавонон таҳаммулгароӣ ва қаноатро бояд омӯхтЗариф Марҳабоев, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки синнаш ба 90 расидааст, бо як ифтихору сарбаландӣ иброз медорад, ки дар биҳишти рӯйи замин - Тоҷикистон зиндагӣ дорад. «Ягона кишваре, ки дар кӯтоҳтарин вақт тавонист мардумашро сарҷамъу ватандӯсту меҳанпарвар ва ба зиндагонӣ дилгарм намояд, Тоҷикистон аст. Имрӯз ба ҳар куҷое хоҳем, меравем, ҳар коре хоҳем, мекунем, касе ба мо кор надораду «накун» ҳам намегӯяд. Чаро? Зеро, ки мо дар диёри осоиштае мезием, ки дигарҳо ҳаваси дар ин ҷо буданро доранд», - мегӯяд бобои Зариф.

Бобои Зариф яку якбора сухан аз ваҳдат кушоданашро чунин шарҳ медиҳад, ки «муҳаббат душмани кибру ғурур аст». Яъне вақте ду калима – «Ҷанг» ва «Сулҳ»-ро паҳлуи ҳам мемонем, мебинем, ки албатта, дер ё зуд некӣ бар бадӣ ғолиб меояд.

- Намехоҳам дигарбора номи ҷангро ба забон биёраму он рӯзҳои пурдаҳшатро пеши назар, - зикр кард бобои Зариф. – Воқеан ҳам имрӯз ҷавонони мо дар бораи ҷанг аз китобҳо мутолиа менамоянду шояд гӯянд, ки «ҷангаш чӣ аст?». Вале хондан дигар асту дидан дигар. Он бедорхобию азобҳое, ки мо кашидем, ногуфтанист. Он вақт аз ҷон сер шуда будему танҳо ба пеш ҳаракат мекардем. Дар сардии 40 дараҷа моро сармо зада буд ва бо шиками гурусна ҳаракат мекардем…

Ба гуфти бобои Зариф, ӯ пас аз ҶБВ дигар ҷангбезор шуда буд, ба ҷанг ҳарос ва нафрат дошт. Шояд ҳамин буд, ки дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-ум аз хонаи худ берун нашуда, ҷон ба саломат бурд. Он вақт бобои Зариф як гурӯҳ аскароне, ки баҳри барқарории сохти констутсионии давлат ва тинҷу оромии кишвар мубориза мебурданд, дар хонааш паноҳгоҳ дода буд. Дар он замон ин хавфноктарин кор буд, чун баробари хабар ёфтани гурӯҳҳои алоҳида имкон дошт, ки ӯро ба ҳалокат расонанд.

Раҷабгул Шарифоваи 87-сола низ даҳшати ду ҷанги хонумонсӯзро ба чашми сар дидааст. Агарчӣ ӯ имрӯз дар ҳавои сулҳу оромиши кишварамон озодона нафаси гарму тоза кашида, рӯз мегузаронад, баробари шунидани калимаи ҷанг танаш аз тарсу ҳарос ба ларза омада, ашк аз дидаҳояш ҷорӣ мегардад. Дар ин ҳол ягона тасаллои дилаш даст ба дуо бурдан асту халос.

Ба ҷавонон таҳаммулгароӣ ва қаноатро бояд омӯхт- Пас аз ин қадар солҳои тӯлонӣ он азобу машаққат ва ё ғаму андӯҳе, ки дар ин ду ҷанг ба сарам омада, қалбамро пора-пора карда буд, ҳеҷ наметавонам аз пеши назар дур намоям, - ашки рӯйи мижгонашро бо рӯймолаш пок карда мегӯяд момои Раҷабгул. - Эҳ бачаме, Худо он рӯзҳоро ба сари ҳеҷ бандааш наорад. Вақте нони хӯрдан намеёфтем, ҳар гуна алафҳоро ҷӯшонида мехӯрдем. Азбаски мардон ва ҷавонон ҳама ба ҶБВ сафарбар шуда буданд, ҳама кори саҳро ва масъулиятҳои таъмини рӯзгор танҳо ба дӯши занон монда буд. Бештар дар вақти нисфирӯзӣ ба нигоҳубини гандум машғул мешудем, то гунҷишкҳо сараки гандумро нахӯранд. Боре пинҳонӣ якчанд сараки гандумро ба хона овардам. Очаам онро бирён кард, то ки бихӯрем. Вақте ки 5-6 дона гандумро ба даҳон бурда, майда мекардам, чашмам ба падарам афтод, ки дар даҳон дандон надошту чизе хӯрда наметавонист. ӯ ҳоли моро дида, мегирист. Эҳ намехоҳам он рӯзҳоро ба ёд овардан…

Ана имрӯз бубинед, ки чи қадар нозу неъматҳо фаровон асту рӯйи хони ҳар яки мо пур аз хӯрданию нӯшиданиҳост. Ин ҳама бо шарофати сулҳу суботи кишвару мардони неруманди он аст, ки ватани худро аз бадкориҳо ҳифз менамоянд. Бигзор Тоҷикистони азизи мо як умр чун баҳорон зебою дилкаш бимонаду мардумаш инсондӯсту меҳмоннавоз ва оромии мамлакати мо пойдор бошад…

Гоҳе чунин ба назар мерасад, ки баъзе ҷавононе, ки аз даҳшати ҷанг бехабаранду дар замони тинҷию осоиштагӣ ба сар мебаранд, чӣ будани ҷангу оқибатҳои даҳшатбори онро дарк намесозанд. Сулҳу субот, оромию амнияти кишварро баъзеҳо чандон арзишдиҳӣ намекунанд ва фирефтаи гурӯҳҳои ифротию иртиҷоӣ шуда, тарки Ватан мекунанд. Инсони соҳибхирад, баръакс, дар ҳар як гуфтораш шукргузорӣ аз оромию осудагии кишвар ва пойдории ваҳдати миллӣ мекунад.

Низомиддин ИСОЕВ,
шаҳри Сарбанд



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҷанг ва сулҳ аз нигоҳи як ҳамсоли ваҳдат

Ҷанг ва сулҳ аз нигоҳи як ҳамсоли ваҳдат

Ҷавонон ва варзиш
Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
«Давлати пирӣ»?

«Давлати пирӣ»?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ