Дар як сатр
» » Ҷанг ва сулҳ аз нигоҳи як ҳамсоли ваҳдат

Ҷанг ва сулҳ аз нигоҳи як ҳамсоли ваҳдат

28-06-2015, 10:07

Ҷанг ва сулҳ аз нигоҳи як ҳамсоли ваҳдат

Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳама дар орзуи он буданд, ки кай муждаи сулҳ ба гӯши онҳо мерасад, то шодӣ кунанду озодона дар ҳавои Ватани маҳбуби худ гаштугузор намоянд.

Субҳи 27-уми июни соли 1997 дар оилаи ҷавони Ҷӯрабек ва Холиса ду рӯйдоди фараҳафзо ба вуқӯъ пайваст: Яке ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, дигаре ба дунё омадани тифли нахустини хонадон. Волидон аз ҳарду хушхабар меболиданду хушҳолӣ мекарданд. Онгуна ки сулҳу Ваҳдат барояшон азиз буд, ба фарзанди худ низ Азиза ном ниҳоданд.


Азиза зодаи деҳаи 16-солагии Истиқлолияти ноҳияи Панҷ мебошад. ӯ дар деҳа ҳамагон ҳамсоли Ваҳдати миллӣ ном мебаранд ва ҳурмат мекунанд. Имсол ӯ ба синни мубораки 18 қадам мениҳад ва шаҳрванди комилҳуқуқи Тоҷикистони соҳибистиқлол мегардад.

- Азиза, Шумо ҳамсинну соли Ваҳдат ҳастед. Вожаи «сулҳ» бароятон чӣ қимат дорад?
- Бисёр шодам, ки дар як рӯзи таърихӣ ва ниҳоят ҳассосу фаромӯшнашуданӣ таваллуд шудаам. Калимаи «сулҳ» аз нигоҳи ман, баёнгари ҳамдигарфаҳмӣ, оштӣ, осоиштагӣ, тинҷиву оромӣ ва якдиливу иттифоқ аст. Соле, ки ба дунё омадам, сулҳ барои халқи тоҷик чун обу ҳаво зарур буд ва ҳазорон шукронаи Яздони пок, ки ин неъмати гаронбаҳоро баҳри халқи ҷафодидаи тоҷик ато намуд.

- Ба андешаи Шумо, Ваҳдати миллӣ дар зарфи 18 сол барои Тоҷикистон чӣ дод?
- Албатта, Ваҳдати миллӣ барои миллате, ки ҷонбозиҳои зиёде дид, пеш аз ҳама осудагӣ, файзу баракат ва хушиву хурсандӣ ҳадя кард. Дар кишваре, ки сулҳу ваҳдат ва якдилӣ ҳукмфармо набошад, ягон пешравӣ, ободонӣ ва салоҳ дар ин сарзамин дида намешавад. Ин ҳама зебогиву сарсабзии меҳани азиз самараи ваҳдат аст. Дар зарфи 18 соли барқарории сулҳ кишвари мо ба пешравиҳои зиёде дар арсаи илм, иқтисодиёт, саноат, ҳаёти ҷавонон ноил гардид. Аз ҷумла қомат афрохтани биноҳои замонавӣ, сохта шудани нерӯгоҳҳои барқи обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», таъсиси мактабу донишгоҳҳо, ҷалб шудани духтарон ба таҳсил дар мактабҳои олӣ ва ғайра аз файзи ваҳдату истиқлоли давлат аст.

- Ҷанг ва сулҳро як ҷавондухтари тоҷик чигуна ташреҳ медиҳад?
- Воқеан ҳам, ба қадру қимати сулҳ бештар он нафароне мерасанд, ки шоҳиди даҳшати ҷанг шудааст, нафарони азизашро аз даст додааст, барои барқарории сохти конститутсионии давлат, эъмори сулҳу ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ранҷу уқубат кашидааст. Маҳз ҳамин сулҳу субот аст, ки ҳама ҷо серию пурӣ, фаровонист, ҳар як фарди ҷомеа соҳибҳуқуқ аст, озодона дар Ватани худ гаштугузор мекунад, мехонад. Агар сулҳро соатҳо васф намоему арзишашро ба ҳамаи ганҷҳои олам нисбат бидиҳем, боз ҳам кам аст.

Аммо ҷанг калимаи гӯшхарошеаст, ки ҳамеша оқибаташ вайронию харобкорӣ, хорию зорӣ, ашки модарону тифлакон, ғарибию беҳуқуқист. Ҷангро ягон инсони покзамиру донишманд, деҳқонзодаву мансабдор, хуллас тамоми аҳли башар намехоҳанд…

Мо ҳамзамон бо модари Азиза - апаи Холиса ҳамсуҳбат шудем ва аз ӯ суол кардем, аз рӯзи таваллуди духтараш, ки ба рӯзи имзои Созишномаи сулҳ ва ризоияти миллӣ рост омада буд, чӣ ба ёд дорад.

- 27 июни соли 1997 дарди кӯдак гирифт, - қисса мекунад ӯ. - Қувваи барқ набуд, хонаҳоро бо чароғ равшан кардем. Бинобар ин ки дар он солҳо имконияти ба таваллудхона рафтан набуд, тифли дӯструямро бо ёрии дояҳо дар хона ба дунё овардам. Дар он замонҳои нотинҷ, ки дар ноҳияи сарҳадӣ зиндагӣ мекардем, аксар вақт наметавонистем, ки ҳатто ба наздиктарин мағоза рафта, ягон маҳсулоти хӯрданӣ бихарем. Аввали он рӯз фаҳмидам, ки Созишномаи истиқрори сулҳ миёни Ҳукумату мухолифин баста шуд. Бовар кунед аз хурсандии зиёд ашк аз чашмонам беист мерехт. Ҳеҷ умед надоштам, ки ба ин рӯзҳои нек мерасем.

Азиза дар оилаи мо аввалин фарзанд аст. Он рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам, зеро дар ин рӯзи муборак бори аввал модар шудам. Ҳатто аз хурсандии зиёд, яъне аз шунидани он, ки Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми тоҷик хабари сулҳро дод, азоби таваллуди тифлро ҳам эҳсос накардам…

Ҳар боре, ки бародарам ба хона меомад, мегуфт, ки «Холиса, зиқ нашав, дар ватанамон сулҳ мешавад, ба рӯзҳои хуб мерасем, якҷоя сари як хон менишинем». Бовар кунед, ин суханҳо барои ман як афсона буданду бас.Дар дил хеҷ гоҳ умеди ин рӯзу солҳои сериву пурӣ ва хушиву хурсандиро надоштам. Имрӯзҳо,ки дар Ватани мо сулҳу ваҳдат пойдор аст, бояд ҳар як фарди тоҷикистонӣ шукронаи ин неъмату ин меҳани ободу зебо куна два талош намояд, ки ҳамин ваҳдату ҳамбастагӣ ба ҳеҷ ваҷҳ халалдор нашавад.

Фаромӯз БОБОЕВ,
коромӯзи нашрияи «Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо
Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи тӯёнаи ваҳдат!

Ба тан пӯшед, ёрон, ҷомаи тӯёнаи ваҳдат!

Фарҳанг ва адабиёт
Вохӯрии Хайринисо Юсуфӣ ва Адолат Раҳмонова бо занони Восеъ

Вохӯрии Хайринисо Юсуфӣ ва Адолат Раҳмонова бо занони Восеъ

Хабарҳо
27-29 июн - се рӯзи таътил

27-29 июн - се рӯзи таътил

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА