Дар як сатр
» » СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

27-06-2015, 12:12

СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳадБо фаро расидани мавсими гармо ва ба таътили тобистона баромадани хонандагони муассисаҳои таълимӣ, аз ҷониби Ситод оид ба ҳолаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Носири Хусрав бо фармони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои фаҳмонидадиҳиро миёни аҳолӣ ва истироҳаткунандагони лагерҳои наздимактабии истироҳатию меҳнатӣ ҷоннок намуд.

Ба иттилои Боймурод Бердимуродов, сардори Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Н. Хусрав, то рӯзи 20-уми июн аз ҷониби Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ якҷоя бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва шуъбаи маориф ҳолати бехатарию экологии лагерҳои наздимактабии истироҳатию меҳнатӣ санҷида баромада шуданд. “Ҳамчунин, дар ин давра ба таври мунтазам миёни аҳолӣ дар зиёратгоҳи “Чилучорчашма”, муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таълимии томактабӣ оид ба риояи қоидаҳои шиноварӣ корҳои фаҳмонидадиҳӣ аз ҷониби ситоди мо гузаронида шуда истодааст”, - мегӯяд Боймурод Бердимуродов.

Бино ба гуфти ӯ, дар ҳудуди ноҳия ҳамагӣ ду мавзеъ аст, ки ҷавонону наврасон дар он ҷойҳо оббозӣ мекунанд, ки якеаш зиёратгоҳи “Чилучорчашма” ва дигаре канали “Бешкент” мебошад.

Дар Ситод оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ноҳияи Носири Хусрав хабар доданд, ки тайи ду соли охир дар ҳудуди ноҳия ягон ҳолати ғарқшавии наврасону ҷавонон ба қайд гирифта нашудааст.

Рустами САФАР,
ноҳияи Носири Хусрав


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худ ...

КҲФ ва МГ: Аз сафар тавассути мавзеъҳои осебпазир ва минтақаҳои хавфнок худ ...

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология
Наҷоти ду ҷавон аз хавфи ғарқшавӣ

Наҷоти ду ҷавон аз хавфи ғарқшавӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Ҳушдори СҲФ-и Хатлон

Ҳушдори СҲФ-и Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дуюмин ҳодисаи худкушӣ дар Носири Хусрав

Дуюмин ҳодисаи худкушӣ дар Носири Хусрав

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш