Дар як сатр
» » Ҳосили картошка як баробар афзуд

Ҳосили картошка як баробар афзуд

22-06-2015, 19:59

Ҳосили картошка як баробар афзуд
Ойимгул Хокироева, сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ҳосили дастранҷи хешро ҷамъ оварда, аз он мамнун аст, ки бо истифода аз усулҳои наву муосир ҳосили картошкаи киштааш як баробар бештар шудааст. Ба хонум Ойимгул ва бонувони дигари барзгар ин таҷрибаро мутахассисони Барномаи «Хизмати машваратӣ барои хонаводаҳо ва хоҷагихои хурди деҳқонӣ дар Тоҷикистон» (FAST), ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, таълим доданд.

Қитъаи омӯзишие, ки дар замини наздиҳавлигии Ойимгул Хокироева, сокини ҷамоати Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Чомӣ бунёд шуда буд, ҳамагӣ аз 3 сотих иборат аст. Дар ҳамин масоҳати хурди замин бо мақсади омӯзиши усулҳои нав ва самарабахши кишту парвариши зироатҳои кишоварзӣ ба деҳқонон ва бо истифода аз таҷрибаҳои коршиносони соҳа, охирҳои моҳи ноябри соли гузашта картошкаи навъи «Тоҷикистон» кишт шуда буд.

- Пеш картошкаро мекоридему дору мепошидем, ҳарчанд бисёр хуб нигоҳубинаш мекардем, аммо ҳосили дилхоҳ ба даст оварда наметавонистем, - мегӯяд Ойимгул Хокироева. – Ин мавсим бошад, бо истифода аз таҷрибаҳои омӯхтаам ва маслиҳатҳои коршиносони барнома аз пештара дида, ҳосили картошта 100 фоиз зиёд шуд. Яъне агар пештар аз як ҷӯяк 35 кг картошка ба даст меомад, имрӯз бошад, беш аз 70 кг картоштаи босифат ҷамъ овардем.

Ҳосили картошка як баробар афзудШарифмоҳ Юсупова, ки яке аз аъзои гурӯҳи занон мебошад, дар қитъаи омӯзишии мазкур таҷриба омӯхтааст. Вай мегӯяд, ки вобаста ба кишту кор ва парвариши қариб ҳамаи зироатҳои кишоварзӣ, махсусан картошка, аз мутахассисони соҳа маълумот гирифта, онро ба дигарон низ омӯзонида истодааст.

Дар доираи барномаи мазкур дар 16 маҳаллаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 45 қитъаи омӯзишӣ ташкил карда шуда, дар он қариб 380 зан мунтазам ба омӯзиши технологияҳои нави парвариши зироатҳои кишоварзӣ, алалхусус, картошка, помидор, қаланфури ширин, карам, пиёз ва ҷуворимакка фаро гирифта шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки мақсади барномаи «Хизмати машваратӣ барои хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар Тоҷикистон», ки дар чорчӯбаи ташаббуси ҳукумати ИМА «озӯқаворӣ ба хотири оянда» амалӣ мегардад, ба беҳтар намудани ғизо ва даромади хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо воситаи таҳия ва дастгирии хадамоти машваратӣ ва экстеншени кишоварзӣ дар 12 ноҳияи минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон равона карда шудааст.

Ҳосили картошка як баробар афзуд


Барномаи «Хизмати машваратӣ барои хонаводаҳо ва хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ дар Тоҷикистон» барои такмил додани донишу малакаи кишоварзии деҳқонон, алалхусус занҳои хонашин ва татбиқи самараноки ислоҳоти аграрӣ дар ин ноҳияҳои ҳадафии минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ва умуман, тамоми Тоҷикистон, мусоидат менамояд.

Амонҷон МАҲКАМОВ


Шарҳи хонандагон +
Propecia Serious Side Effects Acne How To Buy Viagra Prescription Were To Buy Levothyroxine dapoxetine plus cialis Levitra Vendita On Line Levitra Pills Online Canadian Cialis Prices Baclofen Prix buy clomid online without a script Zithromax Cost At Publix Pastilla Cialis Efectos Secundarios Can Amoxicillin Cause Yeast Infection Keflex Dog Dosages prix propecia finasteride Levitra Farmacia Italia Benzac In The Usa Amoxicillin With Aspirin Buy What Is Amoxicillin Used buy viagra Where To Buy Viagra In Nz Cialis 5mg. 28 Comprimidos Precio Keflex Dosage For Dogs buy viagra Levitra Quotazione Farmacia Singapore Sildenafil Citrate Tablets
10 декабр 2016 05:34
Cialis Duree Effet Erection Pills With No Perscription viagra order accutane online australia Order Xenical By Mail Levitra For Bph Keflex Injection venta de finasteride comprar propecia Cephalexin Animal Side Effects Propecia Peinados Order Fluoxetine 40mg Prozac With Next Day Delivery Buy Cheap Propecia Super Cialis propecia Canadian Pharmacies Nexium Dutasteride Dutagen Viagra C'Est Dangereux Zenegra 100 Trivastal buy prozac mexico Cialis 20 Mg Gold Propecia Economica Hplc Amoxicillin Validation Propecia En Espana Receta Medica can i get zoloft without a prescription Cialis Bas Prix
19 декабр 2016 23:47
Amoxicillin Uti Children cialis Buying Human Albendazole Viagra Pills For Sale Cheap Synthroid Purchase Canada Acheter Kamagra Amiens online pharmacy Hydrochlorothiazide Next Day Delivery Achat Pilule Viagra Online Provera Get Pills With Free Shipping Store Trouver Tadalis Sx Soft cialis buy online Cialis 5 Mg Foglio Illustrativo Cialis Combien De Temps Avant Viagra Per Cuore Macrobid Where To Buy generic cialis Amoxicillin Different Penecillin Buy Nizagara In Australia Finasteride With Free Viagra buy levitra de como y celisborrar x On Line Macrobid 100mg
25 декабр 2016 01:21

Матолиби дигар:

Ба хотири ояндаи нек

Ба хотири ояндаи нек

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Ҳавасмандии деҳқон боиси рушди картошкапарварӣ дар ҷануб мегардад

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Ғалла 40% ҷамъ шуд

Ғалла 40% ҷамъ шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Таъмини амнияти озуқаворӣ аз истифодаи самараноки замин аст

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Семинар-машварати вилоятӣ дар Қумсангир бо иштироки раиcи вилоят (бо аксҳо)

Арсаи кишоварзӣ, Матолиби чандрасонаӣ, АСАЛМО САФАРОВА