Дар як сатр
» » Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!

27-06-2015, 09:47

Эй кош, мардум дигар даҳшати ҷангро набинанд!Ҳаёти имрӯзаи осоишта, ободию рушди босуботи кишвари азизамон ба дилҳо шодӣ меорад. Сохтмони роҳу иншооти нав, корҳои ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳо, накҳати гулгаштҳои кӯчаю хиёбонҳои ҳар гӯшаи мамлакат аз ташвишҳои идонаи сокинон гувоҳӣ медиҳад. Ҳамаи ин ба шарофати сулҳу субот, ваҳдат ва оромию осудагии ҷомеа мебошад. Оре, барои мо-модарон аз тинҷию осудагӣ дида, арзиши волотаре нест.

Мардуми Қӯрғонтеппа, ки дар ҷанги шаҳрвандӣ дар маркази даргириҳо қарор дошт ва даҳшату ситами ҷангро аз сар гузаронида буд, ба қадри ин неъмати бебаҳо мерасад. Ободию осудагӣ, серию пурӣ ва якдилии имрӯзаи халқамонро дида, пеши назарам ҳаводиси 23 сол қабл мерасад, ки он замон чӣ гуна рӯзу рӯзгори сахту ваҳшатзо доштем? Он рӯзҳои мудҳиш дар дили модарон доғи фарзандону наздиконро ҳамчун чароғи сӯзон боқӣ гузошт.

Он рӯзҳое буд, ки мардум ба як бурда нон зор буд ва аз субҳ то шом навбат меистод. Имрӯз чӣ? Сад бор шукр, сад ҳазорон бор шукр, ки дар рӯйи дастурхони мо ҳам нон фаровон асту ҳам дигар анвои хӯрданӣ. Илова бар ин фазои беғубору осоишта. Магар ин неъматҳои бебаҳо арзандаи шукргузорӣ нестанд? Агар мо ба қадри ин обу хок нарасем, кӯр мешавем. Барои ҳамин ҳам мо бояд шукргузорӣ ҳар лаҳзаи зиндагии имрӯза бошем ва дуогӯи сулҳовардаи Ватан бошем. Ваҳдати тоҷикон ба ивази заҳмату талошҳои бесобиқаи сарвари давлатамон, талафоти ҷонии зиёди ҳамватанонамон ва хисороти зиёди хоҷагии халқ ба даст омадааст.

Камина сӣ сол дар мактаби №4-и шаҳри Қӯрғонтеппа омӯзгор будам ва аз ҳамин ҷо ба нафақа баромадам. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ қисмате аз хешу табор ва ҳамсояҳо ба дигар мамолик кӯч бастанд. Вале аҳли оилаи мо дар зодгоҳ монданро авлотар донист. Барои ману шавҳарам, ки омӯзгорони собиқадор будем, ин бесарусомониҳо муваққатӣ менамуд.

Вақте гурӯҳҳои бадхоҳ ба шаҳр даромаданд, садҳо одамони бегуноҳро қатл карданд. Дар қатори шаҳидон шавҳарам ва ду писарам аз тарафи сияҳкорон дар манзили худамон кушта шуданд. Аз зарбаҳои талхи тақдир, зиндагӣ бароям маънияшро гум карда буд. Тасаллои одамони нек, боварӣ ба хиради Пешвои миллат, тарбияи фарзандони дигар маро водор кард, ки худро ба даст гирам.

Хушбахтона, толеи тоҷикон ва Тоҷикистон баландӣ кард. Сарваре чун Эмомалӣ Раҳмон бо талошҳои сулҳпарваронааш тавонист миллатамонро ба ваҳдати ягона оварад. Дили мардум аз нав ба зиндагӣ гарм шуд. Шукри Худованди бузург, ки дар фазои софу ором чор фарзанди дигарамро тарбия ва ба ҳаёти мустақилона роҳсипор намудам.

Даст ба дуо мебардорам, ки мардуми мо ҳеҷ гоҳ даҳшати ҷангро набинад, мардони шарифаш ҳамеша раҳнамои халқ бошанд ва Ватани азизамон гулгулшукуфон гардад.

Муҳаббат МАҲКАМОВА,
бознишаста, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ба ҷавонон таҳаммулгароӣ ва қаноатро бояд омӯхт

Ба ҷавонон таҳаммулгароӣ ва қаноатро бояд омӯхт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Д. Гулмаҳмадзода: Ваҳдати мо устувортар мегардад

Д. Гулмаҳмадзода: Ваҳдати мо устувортар мегардад

Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Ҳаёти иҷтимоӣ, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД