Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Оилаи босахо


Оилаи босахо



Деҳаи Шӯрчашма (Каримбердӣ) аз маҳаллаҳои дурдасттарини ноҳияи Восеъ буда, дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов қарор дорад. Аз маркази ноҳия дар масофаи қариб 45 километр ва аз маркази ҷамоат бошад, 8 километр дурӣ дорад. Деҳаи кӯҳистонӣ буда, аз шоҳроҳ дар масофаи дур воқеъ аст.


Хеле барвақт дар ин деҳа будам. Он замон  деҳаи хурдакак буду шумораи аҳолиаш  ҳам хеле кам. Шароити зиндагии мардумаш низ чандон хуб набуд. Бинои муассисаи таълимиаш назарногир, куҳнаву фарсуда. Чуноне мегӯянд, ба шароити таълим мувофиқат намекард. Хонандагон то синфи чор мехонданд.  Баъдтар таълими асосӣ ва умумиро роҳандозӣ намуданд.  

Ин сафар моро раиси Ҷамоати деҳот Ҳошим Хоҷаев ҳамроҳӣ кард. Роҳ сангфаршу ҳамвор, мошини саворӣ низ чандон мушкилӣ накашид. Тахминан баъди 10-15 дақиқа ба деҳа расидем. Аз баландӣ деҳа хеле хуб намудор буд. Бо гузашти солҳо   шумораи аҳолии деҳа афзуда,   манзилҳои истиқоматӣ  низ чанд баробар зиёд гардидаанд. Айни замон деҳа 240 хоҷагӣ дорад.

- Ба шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон деҳаи Каримбердӣ  рушд карду обод гардид,- мегӯяд раиси ҷамоат Ҳошим Хоҷаев. -Бо ҳидояти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  соҳибкорони маҳаллӣ дар кори рушди деҳоти ҷамоат саҳми муносиб гирифтанд. Бо ташаббуси онҳо марказҳои хизматрасонӣ, майдончаҳои варзишӣ, мактабу муассисаҳои томактабӣ дар ҳудуди деҳот арзи вуҷуд намуданд.  Роҳ то деҳаро мардони саховатманд сангфарш намуданд - афзуд Ҳошим Хоҷаев.  

Баъдтар маълум гардид, ки ин роҳ бо саҳми оилаи Қурбоновҳо таъмиру сангфарш гардидааст. Вале ин амал хайри ягонаи ин оила набудааст. 

Фарзандони марҳум Ҳабибулло Қурбонов ҳама таҳсилдидаву дар вазифаҳои гуногуни хизматӣ фаъолият менамоянд.  Чунки падарашон деҳқонӣ мекарду онҳоро дуруст тарбия менамуд, дониш меомӯхт, нисбати онҳо барои донишазхудкунӣ сахтгир буд. Ҳамин буд, ки фарзандонаш Аҳмад, Шариф, Абдулло ва Тиллохон   баъди хатми мактаби миёна донишгоҳҳои гуногуни ҷумҳуриро хатм намуда, дар бахшҳои гуногуни хоҷагии халқ ва мансабҳои давлатӣ адои вазифа мекунанд.

Баъди дастуру ҳидоятҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорону шахсони муваффақ ҷиҳати равнақ бахшидани корҳои ободонию созандагӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оилаи Қурбонзодаҳо низ дар канор намонд. Бародарон сарҷамъ шуда, маслиҳат намуданд, ки дар корҳои ободонии маҳаллаи худ саҳм бигиранд. Ҳамин буд, ки  роҳи деҳа то шоҳроҳ таъмиру сангфарш гардид, ки ин мушкилоти   омаду рафти сокинони деҳаро осон намуд. 

Хизмати дигари оилаи Қурбонзодаҳо ин сохта, ба истифода додани бинои нави мактаби деҳа буд, ки онро дар як муддати кӯтоҳ аз нав сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд. Дар маросими ифтитоҳи бинои мактаб Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ширкат варзида, нисбати мардони саховатпеша миннатдорӣ баён намуд. Муассисаи таълимӣ бо ҳамагуна васоити аёнӣ таъмин буда, бо таҷҳизоти зарурии замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Хурду бузурги деҳа аз иқдоми наҷибу ҳиммати баланди оилаи Қурбонзодаҳо миннатдор буда, нисбати онҳо изҳори сипос менамоянд.

-Барои ин кори хайр ба аҳли оилаи Қурбонзодаҳо миннатдорӣ баён менамоям, -мегӯяд муаллими   ҳамин мактаб Саидакбар Исматов. -На  танҳо ман, балки кулли сокинони деҳаи Шӯрчашма (Каримбердӣ) аз ин амали хайри бародарони саховатманд хурсанданд. Дар ҳар як ҷамъомад ва ҳатто гирди дастурхон аз саховатмандии онҳо ёдоварӣ намуда, дар ҳаққашон дуои хайр мекунанд. Кош сафи чунин ҷавонмардон боз ҳам зиёд мегашт. 

-Бо ташаббуси оилаи Қурбонзодаҳо, - мегӯяд нафақагири ҳамин деҳа Абдуҷаббор Раҳмонов,- бинои мактаби мо ба худ намуди диданӣ гирифт ва имрӯз ҳар шахсе, ки аз ин ҷо гузар кунад, бо ҳусни таваҷҷуҳ ба ин бинои зебосохт назар мекунад.

Мардуми деҳаи Шӯрчашма ҳама меҳнатианд. Ба зироаткорию чорводорӣ машғул мебошанд. Зиндагии хубу гуворо доранд. Чуноне мардони солхӯрдаи деҳа изҳор доштанд ҳамаи пешравӣ ва шукуфоии деҳаашонро аз баракати Истиқлоли давлатӣ  ва дасти сахо доштани соҳибкорону саховатмандон мебинанд, ки аз дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ба амал меоранд.
Наҷот Сафарзода,
«Хатлон»

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода