Дар як сатр
» » Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

27-06-2015, 06:59

Табрикоти раиси вилояти Хатлон Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ бахшида ба 18-солагии рӯзи Ваҳдати миллӣ

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ҳамдиёрони азиз!

Боиси хушнудӣ ва сарфарозии миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон аст, ки бо шукргузорӣ аз сулҳу субот дар кишвар ҳамасола 27-уми июнро ҳамчун рӯзи баимзорасии санади муҳими таърихӣ - Созишномаи умумии истиқрори сулҳ дар Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирем.

Чуноне медонед, соли 1991 дар таърихи давлатдории миллати тоҷик гардиши куллӣ ва марҳилаи сифатан нави рушд ба вуқуъ пайваста, Тоҷикистон давлати мустақил эълон гардид ва дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати мутамаддини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар ва эҷоди аркони давлатдории муосирро пеш гузошт.

Мутаассифона, аз нахустин қадамҳои Истиқлолияти давлатӣ доираҳои муайяни бадхоҳ бо истифода аз таҷрибаи даврони гузашта ва усулҳои озмудаи худ бо роҳи барангехтани низоъҳои дохилӣ ва бозиҳои сиёсие, ки бар асари онҳо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлати бузурги Сомониён завол ёфта буд, тавонистанд миллати моро ба гирдоби мухолифат ва муқовимати сиёсӣ кашида, баъдан, давлати ҷавони Тоҷикистонро дучори ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ гардонанд.

Азбаски вилояти Хатлон маркази гарми даргириҳои соли 1992 буд, мардуми вилоят шаҳди ин ҷанги бемаъниро бештар чашидаанд, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор шаҳрвандони вилоят ҷони худро аз даст дода, садҳо ҳазор иҷборан хонаву дари худро тарк намуда, ба кишварҳои ҳамсоя фирор намуданд.

Хушбахтона, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардид ва дар назди вакилони халқ масъалаи ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсии тарафҳои даргир гузошта шуд.

Бо ташаббуси бевоситаи Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва кӯшишҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири ҳамдигарфаҳмӣ ва истиқрори сулҳ бо мухолифин гуфтушунидҳо оғоз гардид ва дар натиҷаи музокироти тӯлонӣ, ки зиёда аз 40 моҳ идома ёфт, 21 маротиба бо иттиҳоди мухолифин музокира анҷом дода шуда, 40 ҳуҷҷати барои миллат муҳим ба имзо расид ва дар натиҷа, Созишномаи истиқрори сулҳ имзо гардид.

Баъди ба имзо расидани ин санади муҳими таърихӣ дар мамлакати мо марҳилаи нав - сулҳу субот, ба Ватан ва хонаву кошонаи худ баргаштани гурезаҳо ва фирориёни иҷборӣ, инчунин давраи барқарорсозии харобаҳои ҷанг оғоз шуд.

Аз баракати сулҳу ваҳдат Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон пайдо намуд, ки барои рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа, густариши равандҳои демократӣ ва таъсиси институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ шароити зарурӣ муҳайё созад ва метавон дилпурона изҳор намуд, ки дар кишварамон барои рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ натанҳо заминаҳои ҳуқуқӣ, балки ҳамаи имкониятҳои сиёсиву иқтисодӣ фароҳам оварда шудааст.

Ҳар як миллат ва давлат ба андеша, мафкура ё худ ғояи умумимиллӣ ниёз дорад, то он қутбномае барои пешрафту тараққиёти минбаъда бошад. Густариши пайвастаи худогоҳиву худшиносӣ ва таблиғи аҳамияти ваҳдати миллӣ дар миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад. Чунин ҳадаф бояд дар заминаи таърих, арзишҳо ва ҳувияти миллӣ ташаккул ёфта, ба воқеият, ниёзҳо ва дархостҳои имрӯзаи ҷомеа ҷавобгӯ бошад, мардумро муттаҳид сохта, ба сӯйи рушду созандагӣ роҳнамоӣ кунад.

Ин шоҳроҳи бунёдӣ, яъне ваҳдат ва худогоҳиву худшиносӣ шахсро водор месозад, ки ба қадри Ватан ва муқаддасоти миллӣ - истиқлолият, озодӣ ва рамзҳои давлатӣ, инчунин арзишҳои волои фарҳангиву ахлоқӣ, забони модарӣ, адабиёти оламшумул ва таъриху маданияти куҳани халқи худ бирасад ва барои ба наслҳои оянда гузоштани мероси арзанда кӯшиш намояд.

Мо бояд Ватани худро самимона ва сидқан дӯст дорем ва барои ободиву пешрафти он пайваста талош варзем. Бинобар ин моро зарур аст, ки ҳамарӯза барои баланд бардоштани сатҳи маърифату шуури миллии мардуми вилоят, фарҳанги сиёсии ҷомеа, тақвияти ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, беҳдошти шароити иқтисодиву иҷтимоии аҳли ҷомеа ва рушду тараққиёти вилоятамон аз тамоми неруву имкониятҳои хеш самарабахш истифода намоем.

Бо дар назардошти он, ки ваҳдати миллӣ барои тамоми мардуми Тоҷикистон арзиши бисёр муқаддасу азиз ба ҳисоб рафта, асоси хушбахтӣ ва саодати халқамон мебошад, вазифаи ҳар сокини бедордилу худогоҳ, худшиносу ватандӯсти вилоят аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун омили муҳимтарини бақои давлату рушди ҷомеаи Тоҷикистон ҳифзу ҳимоя намояд ва онро чун дастоварди бузурги миллӣ пос дорад.

Ҳар як фарзанди Тоҷикистон, ки ин марзу буми аҷдодӣ барояш азиз аст, бояд ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки маҳаки асосии афкори ҷомеаи моро бояд сухани созандаву омӯзанда ташкил диҳад ва он ба манофеи халқу Ватани азизи мо хизмат намояд. Бояд беш аз ҳарвақта бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои стратегии Тоҷикистон фаъолият намояд ва заҳмат кашад.

Дар ин раванди неку созанда ба ҳамаи мардуми вилоят барори кор орзу намуда, ба Ватани азизамон ваҳдати пойдору устувор, сулҳу суботи ҷовидонӣ ва ба ҳар хонадони кишвар зиндагии хушу хуррам ва файзу баракат мехоҳам.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

“Аз нофаҳмиву беандешагӣ бозичаи дасти бегона нагардед”

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давл ...

Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давл ...

Сиёсат, Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшем

Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшем

Сиёсат