Дар як сатр
» » Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

26-06-2015, 15:38

Хатлон: ҷойи оббозӣ кам аст

Мутахассисон бар ин ақидаанд, ки набудани ҳавзҳои шиноварии назоратшаванда метавонад хавф бар саломатию ҷони шиноварони камтаҷриба, алалхусус кӯдакону наврасон дошта бошад. Зеро маъмулан маҳз онҳо тезҷараён ё сард будани обро ба эътибор нагирифта, худро дарҳол ба оғӯши мавҷҳои дар назари аввал “шӯх” меафкананд.

Бо фарорасии фасли тобистон дохилу гӯшаи каналу заҳбур, ҷӯю обанбор ва обпартоҳои шаҳру навоҳии вилояти Хатлон, ки гармтарин минтақаи Тоҷикистон аст, серодам мегарданд. Дар он ҷойҳо бахусус кӯдакону наврасон хеле зиёданд. Барои онҳо оббозӣ ҳам василаи аз хеш дур кардани ҳарорати нурҳои Офтоб маҳсуб меёбад ва ҳам як усули дилхушӣ. Чунин мавзеъҳо барои шиноварӣ пешбинӣ нагардидаанд, аммо гӯё илоҷи дигар ҳам вуҷуд надорад. Зеро ба қавли Ҳамза Бобоев, муовини сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ҳамагӣ 16 ҳавзи шиноварӣ амал мекунаду бас. Зимнан, ёдовар мешавем, ки вилояти Хатлон 25 шаҳру ноҳия дошта, фақат шумораи ҷавононаш беш аз 1 миллион аст (!).

– Дар вилоят дар маҷмуъ 24 ҳавзи шиноварӣ вуҷуд дорад, ки на ҳамааш қобили истифодаанд, - мегӯяд Ҳ. Бобоев. - Пас аз дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳангоми вохӯрӣ бо варзишгарони кишвар моҳи декабри соли 2010 ироа гардида буд, дар вилоят ду ҳавзи шиноварии болопӯшида ва як ҳавзи болокушода дар шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Вахшу Ёвон сохта ба истифода дода шуд. Вале, мутаассифона, ҳавзҳои ноҳияҳои Бохтару Қумсангир бинобар ниёз ба таъмир доштан аз истифода берун мондаанд. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа 2 ҳавзи шиноварӣ амал мекунад, ки ҳарду ҳам мавсимӣ ҳастанд. Дар ноҳияҳои Носири Хусрав, Панҷ, Балҷувон ва баъзе минтақаҳои дурдасти дигар аз сабаби набудани имконияти молиявӣ ягон ҳавзи шиноварӣ бунёд нагардидааст.

Дар тақвияти суханҳои болозикр ҳамсуҳбати ҷавони мо Исматулло Астанақулов, сокини ноҳияи Восеъ, чунин гуфт: “Дар ҷойи зисти мо як обанбори сунъӣ, ки “Селбур” номаш мегиранд, мавҷуд аст. Он аз деҳаи мо хеле дур бошад ҳам, лекин рафта он ҷо оббозӣ мекунем”.
Раҳмон Шукуров, сокини ноҳияи Ёвон, мегӯяд, ки на фақат дар маркази ноҳия, балки дар гирду гӯшаи он низ ҳавзи шиноварӣ сохтан зарур аст. “Азбаски дар ҷамоати деҳоти “Ситораи сурх” ҳавзи шиноварӣ нест, мо дар каналу заҳбурҳо оббозӣ мекунем. Аз ин лиҳоз, хоҳиш дорем, ки ҳангоми бунёди ҳавзҳо ҷамоати мо ҳам фаромӯш нашавад», - афзуд Р. Шукуров.

Дар ин росто, капитан Ҷамшед Холиқов, сардори курсҳо оид ба ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании СҲФМГ-и вилояти Хатлон, мавҷуд набудани ҷойҳои махсуси оббозиро сабаби асосии ғарқшавии шаҳрвандон донист. “Аз 6 нафаре, ки то ин давраи сол ҳангоми оббозӣ дар каналу заҳбурҳо ғарқ шудаанд, ҷасади ҳамагӣ 5 нафарашро дарёфт кардем. Соли гузашта бошад, дар маҷмӯъ 28 кас дар об ҳалок шуда буд”, - гуфт мавсуф. Ва баъдан афзуд: “Барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои ғарқгардӣ дар мавзеъҳои хавфнок лавҳаи “Оббозӣ манъ аст!” насб мекунем, лекин кадом нафари шӯхсаре доим онҳоро мешиканад. Лавҳаҳои дар ноҳияи Панҷ насбкардаамонро касе даст намерасонад, вале аз шаҳри Қӯрғонтеппа доим дар ҳолати ногувор қарор доранд”.

Зимнан, Нурулло Бояков, сардухтури Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологии вилояти Хатлон, зарари шиноварӣ дар ҷойҳои пешбининашударо шарҳ дода, изҳор дошт, ки дар заҳбуру каналҳои обпарто оббозӣ кардан ва аз оби онҳо истеъмол намудан қатъиян манъ аст. “Зеро онҳо барои бадар кардани пасоб ва маводҳои кимиёии хоҷагии қишлоқ истифода мешавад ё қисман корези ташнобу ҳаммом низ ба онҳо равона мешавад. Агар мо оби чунин ҷойҳоро таҳлили микробиологӣ гузаронем, дар таркибашон тамоми барангезандаҳои бемориҳоро пайдо карда метавонем. Агар ҷойи махсуси оббозӣ бошад, кас пеш аз ба об даромадан баданашро бо маҳлули махсус шуста безарар мегардонад. Ва ин амалро баъди аз об баромадан низ такрор кардан мумкин аст”, - зам кард Н. Бояков. Ҳамрадиф номбурда дар атрофи сабабҳои ғарқшавӣ аз нуктаи назари тиб андеша баён кард, ки зикрашон ин ҷо аз манфиат холӣ нест.

– Ҳини гарм ё арақ доштани бадан якбора ба оби хунук даромадан боиси кашиши мушакҳо ва фалаҷ шудани узвҳо мегардад, - гуфт Н. Бояков. - Барои ҳамин бояд як муддати муайян дар лаби об нишаст ва ҳарорати баданро андаке муътадил намуд ва хуб мешуд, агар ягон ҷойи таъиншудаи оббозӣ бошад, то ин ки бадани кас зери ҷумаки об ба оби сард мутобиқ карда шавад. Инчунин тавсия дода мешавад, ки пеш аз ба оби сард ғӯта задан ҳамроҳ сӯзан гирифта шавад, то бо сих кардан тавассути он кашиши узв қатъ гардад. Ҳамзамон, ба нафароне, ки таб доранд ё сару гулӯяшон дард мекунаду дигар, ба оби хунук даромадан умуман маслиҳат дода намешавад.

Мутасаддиёни Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании вилоят мегӯянд, ки аз обҳои ниҳоят сарди Хатлон, ки аз пиряхҳо маншаъ мегиранд, зинда берун овардани инсон қариб ғайриимкон аст. Илова бар ин, ниҳоди мазкур барои 25 шаҳру ноҳияи вилоят ҳамагӣ як ғаввос дорад, ки ӯ наметавонад дар як вақт дар чанд макони ҳаводис ҳозир шавад. Пас, масъулони шаҳру ноҳияҳои вилоятро мебояд, ки миёни ин ду якеро интихоб кунанд: боз сохтани ҳавзҳои шиноварӣ ё ғарқшавии одамон. Кадомаш?

Аҳлиддини МУБОРАКШОҲ,
коромӯзи “Хатлон”


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Ҳушёр бошед! 5 ҳодисаи ғарқшавӣ дар 3 рӯз

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

1,5 соат пеш. Ғарқи об шудани ҷавони 25-сола дар Ёвон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Варзишгарони Хатлон: «Барои Ҷоизаи Президент талош мекунем»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш