Дар як сатр
» » Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

26-06-2015, 14:46

Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)

Имрӯзҳо ҳавои Қӯрғонтеппа хеле гарму тафсон аст. Табибон ҳушдор медиҳанд, ки шаҳрвандон натанҳо бояд аз офтоби сӯзон худро ҳифз кунанд, балки дар харидорӣ ва истеъмоли сабзавоту меваҷоти дар офтобрӯя гузошташуда, ки ба саломати зарар дорад, эҳтиёт бошанд. “Табиби ҳар шахс худи ӯст” мегӯянд, аммо баъзан мебинем, ки одамон ба саломатии худ эътибор намедиҳанд. Чӣ тавр дар ин гармои шадид бемор нашавем ва роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ дар ин мавсим кадом аст?

Маркази обуҳавосанҷии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ояндаи наздик ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа боло рафта, ҳамзамон ҳаво дамгир хоҳад шуд. Табибони тоҷик ҳам ба афроде, ки фишори баланд ва бемории қалб доранд, тавсия додаанд, ки аз гаштугузор дар ҳавои гарм худдорӣ кунанд.

Ба андешаи бобои Карим, сокини солманди ноҳияи Бохтар, дар моҳи шарифи Рамазон пеш аз ҳама бояд ғизое истеъмол намоем, ки ба меъда зиён накунад. “Истеъмоли ғизоҳои сабук, меваю сабзавоти тару тоза беҳтар аст. Аммо баъзан беэҳтиётӣ карда, аз бозор сабзавоти зардшударо мехарем, ки эҳтимоли сироятёбӣ меафзояд”, - гуфт бобои Карим.

Дар ҳамин ҳол, Баҳром Худойназаров, фурӯшандаи сабзавот дар бозори “Фаровон”-и Қӯрғонтеппа, ки дар офтобҷой нишаста буд, зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки «худи сабзавот дар офтоб мепазад, чӣ хел боз ба саломатӣ зарар доштааст?! Умуман, ба мо муҳим зарар доштан ё надоштани моламон нест, муҳим он аст, ки бори ба савдогузоштаи мо то бегоҳ фурӯхта шавад».

Маъмурҷон Мадмӯсоев, табиби дараҷаи касбиаш олӣ аз Беморхонаи марказии шаҳри Қӯрғонтеппа, тавсия медиҳад, ки дар фасли гармо бояд бештар ғизоҳои дорои витамини зиёдро мардум истеъмол кунанд. М. Мадмӯсоев қабл аз ҳама помидор, лӯбиё, наск, каду, тарбуз, харбуза, ҳандалак, мош, нахӯди сабз ва мисли инро дар назар дорад.

- Вале набояд фаромӯш кард, ки аксаран сабзавотро дар офтобҷой мегузоранд ва аз ин эҳтиёт бояд кард, - афзуд табиб. - Албатта ин сабзавоте, ки дар офтоб монда шудаанд, ба саломатии истеъмолкунанда зарар мерасонад. Аксари бемороне, ки ба беморхонаи шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат мекунанд, аз ҷумлаи онҳое ҳастанд, ки офтобзада шудаанд ё аз дарунравӣ, қайкунӣ ранҷ мекашанд. Онҳо таоми шабмонда ё дар офтобмондаро истеъмол кардаанд. Бояд мизоҷон вақти харидорӣ ба сифати сабзавот аҳамият диҳанд, то бемор нашаванд. Ҳоло, ки моҳи шарифи рамазон аст, бегоҳ ҳама оби хунук менӯшанд. Ин ҳам ба саломатӣ чандон муфид нест ва ба бемории бронхит гирифтор мекунад. Агар наботчой карда, бо он рӯзаи худро кушоянд, ин ба саломатӣ фоида дорад.

Барои нигоҳ доштани саломатӣ дар моҳи рамазон ва гармои тобистон, ки ҳарорат аз 40 дараҷа боло меравад, табибон тавсия медиҳанд, ки ҳаддалимкон мардум бояд аз соати 11 то 5-и баъд аз зуҳр дар ҷойҳои сояву салқин бошанд ва бе зарурат ба кӯчаву хиёбонҳо набароянд.
Рустам Ашӯров, яке аз фурӯшандагони чатри тобистона, ки мардум барои аз нурҳои офтоб худро эмин нигоҳ доштан истифода мебаранд, чунин гуфт: «Як чатри тобистона ба ҳисоби миёна 25 сомонӣ қимат дошта, ҳоло айни савдои он аст, яъне дар як рӯз камаш то 20 чатри мо ба фурӯш меравад».

Бо назардошти гармои шадиди тобистон бозори фурӯши ҳавополо (кондитсионер)-у ё шамолрасон (вентилятор) низ хеле гарм шудааст. Наҷибулло Салимов, тоҷири ҳавополо дар бозори марказии Қӯрғонтеппа, мегӯяд, ки шумораи харидорони маводи ӯ дар як моҳи охир рӯ ба афзоиш ниҳодааст. «Дар як рӯз камаш 10 бодрасону (арзишаш аз 90 то 150 сомонӣ) 3-4 кондисионери (арзишаш аз 1200 то 2500 доллари ИМА) моро мизоҷон мехаранд.

Табиб Ҷӯрахон Маҳмадалиев бар ин андеша аст, ки дар гармои тобистон бе ҷиҳози сардидиҳанда бахусус дар хонаҳои баландошёнаи бетонӣ истодан душвор аст. «Аммо аз ҳад зиёд истифода бурдани кондисионер низ ба саломатии инсон зараровар аст. Мисол, нафароне, ки дар хонаи салқин нишастаанд, агар якбора ба берун бароянд, бемор шуданашон мумкин аст. Барои бардавом нигоҳ доштани саломатӣ ҳарорати хона аз берун бояд хеле зиёд фарқ накунад. Беҳтар аст, ки шабона дару тирезаҳои хонаро кушода монанд ва аз кондитсионер камтар истифода кунанд», - афзуд Ҷ. Маҳмадалиев.

Ба иттилои Ҷамила Байдуллоева, корманди масъули Муассисаи давлатии обуҳавосанҷӣ, аз 27-уми июн ҳаво якбора дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон тағийр меёбад. Пешгӯиҳои ҳавосанҷон нишон медиҳанд, ки ҳаво дар навоҳии вилояти Хатлон аз 42 дараҷа боло хоҳад рафт.

- Моҳи июл аслан ҳар сол гарм меояд, – гуфт Ҷамила Байдуллоева. - Аммо фикр мекунам, ки аз 40 дараҷа боло рафтан дар Рамазон, ки сокинон рӯзадоранд, хеле мушкил аст. Рӯзе, ки дар Покистон ҳаво гарм карда буд, дар мо ҳам ҳамон рӯз дар баъзе минтақаҳо муваққатан ҳаво то 43 дараҷа гарм шуд, лекин ин дар мо хеле кӯтоҳмуддат буд. Чунин гармӣ рӯзҳои наздик ҳам дар мо ба назар гирифта хоҳад шуд.

Таҳдиди гармсел ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки дар ҳафтаи аввали моҳи Рамазон ҳаво то ҷое салқин буд. Аммо то охири моҳи Рамазон се ҳафтаи дигар боқӣ мондааст.

Гармои Қӯрғонтеппа


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Аз гармои шадид эҳтиёт бошед! (Аксҳо)


Таҳияи
Мадина ҚУРБОНОВА,
Фаромӯз БОБОЕВ,
Заррина АМОНШОЕВА,
Аҳлиддин МУБОРОВ,
коромӯзони «Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳаво гармтар мешавад

Ҳаво гармтар мешавад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

Аз 1 то 9-уми июл ҳарорати ҳаво дар Хатлон то 48 дараҷа боло меравад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Баъди 27 феврал ҳаво гармтар мешавад

Баъди 27 феврал ҳаво гармтар мешавад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Ҳавои боронӣ то 16 феврал идома мекунад

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Ҳаво дар Хатлон сардтар мешавад

Ҳаво дар Хатлон сардтар мешавад

Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА