Дар як сатр
» » «Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

26-06-2015, 12:23

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омадЧанде пеш маҷмӯаи нави шоири 85-солаи тоҷик Нуралӣ Аюбӣ ба дасти шогирдону ҳаводорони шеър расид. Бояд гуфт, ки ин китоб туҳфаи хубест, аз тарафи устод барои шогирдон дар ҷашни 70-солагии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ва ҷашни Ваҳдати миллӣ.

Китоб бо сарфи маблағи худи шоир ва бо мураттибии донандаи баркамоли адабиёт, суханвари варзида Наср бобои Сарфароз ба дасти чоп расид.

Устод Нуралӣ Аюбӣ бо вуҷуди он, ки синнаш ба 85 расидааст, ҳоло ҳам ба шогирдон дарс мегӯяд. Дили ҷавон, симои зебо, бозуи тавоно, ҳаракатҳои ҷавонмардона, андешаи одилона ва суҳбати орифона дорад. Шеъру дубайтӣ, ғазалу таронаи шоир бештар ба инсондӯстию ватандорӣ бахшида шудаанд. Аввалин шеъри ин китоб - «Донишгоҳи ман» ба 70-солагии ДДК бахшида шудааст:

Аз ту, донишгоҳ, умре илму фан омӯхтам,
Меҳри халқу кишвару меҳри Ватан омӯхтам…

Дар шеъри дигаре дар ин китоб шоир Ватанро имони хеш хондааст:
Ватанам равзаи Ризвони ман аст,
Ватанам мазҳабу имони ман аст...

Эй нури дида, бинмо ҷонро фидои Кӯлоб,
Таъмин кун ба дунё нашъунамои Кӯлоб.
Кӯлоб бостонист, нури ҷаҳони фонист,
Ободу армуғонист, зеболиқои Кӯлоб.

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ барои ҳаводорони каломи бадеъ ҳадяи пурарзише хоҳад буд.

Ҳангомаи ИСМАТ

Шоири шаҳид
Ба Ҳабиб Юсуфӣ


Ҳар гаҳе дар даст мегирам қалам,
Чун дуои нек хонам бо алам:

«Вақти он аст эй қалам, буррандар гардӣ зи теғ,
Вақти он аст эй сухан, ғуррандар гардӣ зи барқ!
То ба душман ҳамла орам решааш бурӣ зи бех,
То расӣ манҳус анчарро кунӣ бе шоху барг!»-1

Ӯ Ҳабиби шеъру дастон аст,
Шоире аз шоирони қаҳрамон аст.
Родмарди Тоҷикистон аст,
Ӯ Ҳабиби ҷумла инсон аст.

Ӯ шаҳиди ҷанги Гирмон аст,
Гарчи гӯраш дар ғарибӣ бенишон аст,
Ӯ ба шеъраш дар биҳишти ҷовидон аст.

Шеъри ӯ вирди забонҳост,
Шеъри ӯ қуръони миллатҳост.
Шеъри ӯ дар дидаву дилҳост.
Шеъри ӯ сарбайти шеъри шоири дунёст.

То ҷаҳон боқист бо шеъраш ҷавонӣ мекунад,
Дар ҳама ҷанги ҷаҳонӣ қаҳрамонӣ мекунад.

Ӯ ба шеъраш машъали чархи барин аст,
Посбони сулҳ дар рӯи замин аст…


Нуралӣ АЮБӢ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Фидоии забони модарӣ

Фидоии забони модарӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Эй баҳори қадами тоза, биё...

Эй баҳори қадами тоза, биё...

Фарҳанг ва адабиёт, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тасмими ифтитоҳи фурӯшгоҳи нави китоб

Тасмими ифтитоҳи фурӯшгоҳи нави китоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

«Хурмои эътиқод»-и Озар ба чоп расид

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Дар ин фасли зимистон аз Худои хеш мехоҳам…

Дар ин фасли зимистон аз Худои хеш мехоҳам…

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА