Дар як сатр
» » Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст

Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст

26-06-2015, 10:24

Эмомалӣ Раҳмон: «Давлати исломӣ» нақшаҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст

Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба муносибати 18-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ бо донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар мулоқот намуда, доир ба арзишҳои волои сулҳу оромӣ ва рушди босуботи Тоҷикистон андешаронӣ намуд.

Дар оғози суханронӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамаи ҳамватанони бурунмарзиро ба ифтихори Рӯзи ваҳдати миллӣ самимона табрик гуфта, таъкид дошт, ки “барои расидан ба ин рӯзи саид мардуми тоҷик аз имтиҳони бисёр сахту сангини таърих гузашта, ба шарофати хиради азалии худ ба мухолифати мусаллаҳона ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшид ва ба аҳли башар исбот намуд, ки метавонад таҳти парчами ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ сарҷамъ гардида, дар фазои сулҳу субот умр ба сар барад ва сарзамини аҷдодии хешро бо азму талоши ватандӯстона ободу зебо гардонад”.

Дар идома таъкид гардид, ки “Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии мардум ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад”.

Бо ёдоварӣ ва хотирнишон намудани арзишҳои ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу субот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қотеият таъкид намуд, ки “вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва ба он дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон арҷ гузоред”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз дастовардҳои бузурге, ки Тоҷикистон дар муддати начандон тӯлонии пас аз расидан ба сулҳу салоҳ ба он ноил гардидааст, ёдовар шуда, аз ҷавонони кишвар даъват намуд, ки “ин дастоварди бузурги таърихӣ - ваҳдати миллиро гиромӣ доред, онро эҳтирому эҳтиёт кунед, ояндабину дурандеш бошед, парчами ваҳдатро баланд бардоред, ба Ватани маҳбубамон содиқу вафодор бошед ва ҳар порчаи сарзамини аҷдодиро чун ҷони худ азизу чун модар дӯст доред”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки вазифаи аз ҳама муҳими мардуми огоҳи ҷомеа муаррифии аҳамияти Ваҳдати миллӣ, ҳамзистии тамоми шаҳрвандон, наслҳо ва ақидаҳо барои имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз аст. “Бояд ваҳдати миллӣ ба қисми таркибиву тавонбахши андешаи миллӣ мубаддал шуда, таҳкиму тақвият ёбад”, - таъкид дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки “ҳар як сокини кишвар, сарфи назар аз мансубияти милливу динӣ ва ақидаи сиёсии худ бояд дарк намояд, ки ҳам рушди ҷомеа ва ҳам умеду орзуи ӯ фақат дар сурати пойдории сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ амалӣ шуда метавонад”.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз шиддати ифротгароӣ ё худ экстремизми динӣ, ки ҳоло беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад, изҳори нигаронӣ карда, таъкид дошт: “... фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба воқеаҳое, ки вақтҳои охир дар Сурия, Ироқ, Либия, Яман, Миср, Афғонистон ва баъзе кишварҳои дигар идома доранд, аз ҷумла ба ҳодисаҳои қатлу куштори аҳолии осоишта, валонгарии шаҳру деҳоти бешумор ва гурезашавию бесарпаноҳ мондани миллионҳо одамони бегуноҳ ишора намуда, ёдовар шуд, ки чунин рӯзҳои ниҳоят сахту сангин ба сари мо ва сарзамини мо низ омада буд. Дар идома таъкид гардид, ки мардуми Тоҷикистон, хусусан ҷавонони кишвар он рӯзҳои бисёр даҳшатноку фоҷиаборро, ки боиси азобу машаққати зиёд ва ба ҳалокат расидани даҳҳо ҳазор нафар аҳолии осоиштаи мамлакат шуда буданд, ҳаргиз фаромӯш насозанд ва аз онҳо хулосаи дуруст бароранд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз гароидани баъзе ҷавонони ноогоҳи тоҷик ба гурӯҳи террористии ба ном “Давлати исломӣ” изҳори нигаронӣ карда, тазаккур дод, ки ин ҳаракати иртиҷоӣ ҳеҷ умумияте ба дини мубини ислом надорад, балки баръакс нақшаву ниятҳои қудратҳои ҷаҳониро, ки рушди давлатҳои мусулмониро намехоҳанд, амалӣ карда истодааст.

Дар робита ба ин, аз падару модарон даъват карда шуд, ки “муошират ва мукотибаи фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро аз таъсири манфии сомонаҳои тарғибкунандаи зӯровариву фаҳш ва дигар рафторҳои ғайриахлоқӣ, инчунин аз ҳар гуна даъвату тарғиботи тундгароёна ҳифз намоянд”.

Дар муроҷиат ба ҷавонон таъкид гардид: “Ҳангоми истифодаи интернет ва мутолиаи маводи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамеша ба ақлу заковат ва донишу хиради худ такя намоед, фирефтаи ҳар гуна дасисаву тарғиботи бегонаи ғаразнок нашавед, бо калонсолон ва падару модарони худ сари ҳар як масъала маслиҳат кунед, зеро шумо аз онҳо дида, машваратчии беҳтарро дар зиндагӣ пайдо намекунед”.

Аз падару модарон бори дигар даъват карда шуд, ки “аз таҳсили ғайрирасмии фарзандон дар муассисаҳои таълими динии хориҷи кишвар эҳтиёт бошед, зеро омили дигаре, ки ба густариши мафкураи экстремистӣ мусоидат мекунад, маҳз таҳсили ҷавонон дар чунин муассисаҳои таълимӣ мебошад”.

Ба роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо супориш дода шуд, ки якҷо бо сохторҳои дигари давлатӣ ва ҷамъиятӣ барои тарғиби фарҳанги миллӣ тамоми тадбирҳоро андешида, барои гирифтани пеши роҳи бегонапарастӣ, тақлид ба фарҳанги бегона, паҳншавии ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, зиёдаравӣ ва решакан кардани хурофот ҳамаи чораҳои заруриро амалӣ гардонанд.

Дар фарҷоми сухан таъкид гардид, ки дар марҳалаи имрӯза мо бояд беш аз ҳар вақти дигар ҳушёру зирак бошем, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи кишварро ҳифз намоем, бо дасту дили поку нияти нек ва бо рӯҳияи баланди созандагӣ барои татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон кору фаъолият намоем”.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Дар партави Паём. Сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Фарзанди фарзонаи миллат

Фарзанди фарзонаи миллат

Сиёсат, Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо
Таблиғи арзишҳои миллӣ

Таблиғи арзишҳои миллӣ

Хабарҳо, АСАЛМО САФАРОВА
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи мо барои фардои давлату миллат масъулият дорем

Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамаи мо барои фардои давлату миллат масъулият дорем

Сиёсат, Хабарҳо