Дар як сатр
» » Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?

Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?

25-06-2015, 12:13

Ҷавонон аз матбуот чӣ мехон(ҳ)анд?Ҷомеаи имрӯзаро бе хабару навгонӣ ва ВАО-ро бидуни инъикоси рӯйдодҳои олам тасаввур кардан ғайриимкон аст. Танҳо журналист метавонад оммаро аз навгониву рӯйдодҳои олам огоҳ созад. Вақте шумораи нави газетаро ба даст мегирем, дар фикри мо фақат маводи ҷолиби шумора гардиш мехӯрад, ки зудтар мутолиа намоему аз он баҳра бардорем. Дар ин ҳолат кам мешавад, ки газетаро аз назар гузаронида, ба ҳунари таҳиягарон, ба заҳмати коллективҳои хурду бузурги журналистон баҳо бидиҳем. Рӯзнома яке аз воситаҳои асосии иттилоърасонӣ ва ташаккулдиҳандаи афкори омма мебошад. Аммо бархе аз муҳаққиқон ва соҳибназарон ба ин андеша ҳастанд, ки солҳои охир шумораи хонандаҳои матбуоти даврӣ дар миёни ҷавонон коҳиш ёфтааст ва онҳо бештар тарҷеҳ медиҳанд ба ВАО-и электронӣ.

Хостем суҳбати сарироҳие гузаронему бифаҳмем, ки оё дар ҳақиқат имрӯз ҷавонон ба газетахонӣ мароқ зоҳир мекунанд? Оё матбуоти даврии кишвар ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи ҷавонон ҳаст? Ҷавонон бештар ба кадом нашрияҳо таваҷҷуҳ доранд ва ба чӣ хотир матбуотро варақ мезананд?

Бо ҳамин саволҳо ба ҷавондухтарон Зулайхо, Миҷгона, Рафоат, ки дар назди яке аз дӯконҳои бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа банди рӯзномахарӣ буданд, муроҷиат намудем. Зулайхо гуфт, ки ҳар ҳафта бо дугонаҳояш фарорасии рӯзи панҷшанберо мунтазир мешавад, то нашрияҳои писандидаашро дастрас намояд. «Мо бо ҳамдигар маслиҳат кардаем, ки ҳар нафарамон нашрияҳои «Дилкушо», «Ману ту», «Муҳаббат ва оила»-ро дастрас намуда, қиссаҳои бо дарду алам навиштаро мехонем. Ба замми ин, дар ҳар як шумораи маҷаллаи «Дилкушо» аз рӯзгор ва фаъолияти сарояндаҳо маълумот нашр мешавад, мехонему аз зиндагиномаи як нафар сароянда огоҳ мешавем. Барои мо шавқангезаш он аст, ки маҷаллаи болозикр скандворд ва шеърҳои ошиқӣ низ дорад», - зикр карданд дугонаҳо ва афзуданд, ки то замоне нархи нашрияҳо ба 3-4 сомонӣ нарасида буд, онҳо на ҳамин се, балки 5-6 нашрияро ҳар ҳафта мутолиа мекарданд.

Аммо Парвиз Неъмонов, донишҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав, чун дар оилаи зиёӣ ба камол расидааст, ҳамеша, ба гуфтаи худаш, матбуоти давриро мутолиа мекунад. «Падарам ҳар ҳафта нашрияҳои «СССР», «Фараж», «Нигоҳ»-ро харида, ба хона меорад. Ҳамзамон рӯзномаҳои расмиро ҳам мунтазам ба хона меорад, то мо ҳам хонда, аз воқеаву рӯйдодҳои кишварамон огоҳ шавем. «Худи ман ба рӯзномаи донишгоҳии «Фурӯғ» обуна ҳастам», - афзуд Парвиз.

- Ростӣ, ба хондани мақолаҳо оид ба сарнавишти инсонҳо бештар рағбат дорам, - мегӯяд Ҷамила Назарова, сокини ҷавони шаҳри Қӯрғонтеппа. - Бисёр вақтҳо нашрияҳои «Оила», «Муҳаббат ва оила»-ро мехонам. Қиссаҳои хонданбоб доранд, аз қабили «Модар, гуноҳатро намебахшам». Ин қиссае буд, ки шавқи рӯзномахониямро бештар кард. Аммо аз дигар нашрияҳо хостаҳои диламро пайдо карда наметавонам, Аз ин рӯ, пуламро барои харидани онҳо сарф намекунам.

Вале Олимҷон Раҷабов, ки донишҷӯст, баръакс, ҳаводори мутолиаи мақолаҳои таҳлилию танқидӣ буда, ҳар ҳафта аз ҳисоби пасандозаш якчанд нашрияро мехарад. «Ҳар вақте ки кисаам холӣ аз пул ҳам бошад, нашрияҳои «Хатлон» ва «Фурӯғ»-ро дастрас намуда, бо завқ мехонам. Ҳар ҳафта ҳатман ягон мақолаи ҷолиб оид ба ҳаёти ҷавонон, проблемаҳо ва дастовардҳои онон дар ин рӯзномаҳо нашр мешавад», - мегӯяд Олимҷон.

Ҳасан Валиев, ҷавонписар аз ноҳияи Вахш, аксар вақт ба маҷаллаи «Дилкушо» нома менавиштааст. «Рубрикаи «Шиносоӣ» дорад, ки бештар барои ман писанд аст, зеро чанд дӯстдухтарро аз ҳамин маҷалла пайдо кардам. Масалан, менависед, ки: «Ман Ҳасан, 19 - сола, мехоҳам бо духтари 18 солаи худотарс шинос шавам. Тел: 93-720-..-..» ва ҳатман нафароне пайдо мешаванд, ки занг мезананд», - изҳор дошт Ҳасан.

Беҳрӯз Давлатзодаи 22-сола аз шаҳри Қӯрғонтеппа, бештар ба хонапурӣ кардани кроссворду сканвордҳо шавқ доштааст. Ба андешаи ӯ, маҳз сканвордҳо ақли инсонро расо мекунанд. «Ҳамчунин мақолаҳоеро оид ба қиссаҳои зиндагӣ, оиладорӣ, санъат мехонам. Ба дигар нашрияҳо таваҷҷуҳ надорам, зеро доим ё воҳимаи бисёр менависанд ё чизҳои бисёри расмиро ҷой медиҳанд. Хостаҳои баъзе ҷавононро матбуоти мо амалӣ намекунад», - чунин андеша дорад Беҳрӯз.

Ин ҷо мо ба ду мутахассис, яке коршиноси масоили ҷавонон ва дигаре рӯзноманигор, муроҷиат намудем, то перомуни ақидаҳо, хостаҳои ва муносибати ҷавонони имрӯзӣ ба матбуоти даврӣ ибрози назар кунанд.

Сайфулло АНВАРОВ,
ҷомеашинос:

- Эҳ ҷавонони мо! Кӯшиш менамоянд, ки зуд ба мартабаҳои баланди соҳаи худ бирасанд. Аммо намедонанд, ки танҳо дар натиҷаи омӯхтану мутолиа кардан ба мартабаи баланд расидан имконпазир аст. Ҳамеша бояд ба хондан одат намоему дар ҷустуҷӯи илм бошем. Вақтҳое ки мо донишҷӯ будем, дар хобгоҳу китобхона соатҳо ба хондани рӯзномаҳо, китобҳои бадеӣ банд мешудем. Вале бархе аз ҷавонон имрӯз бештар эҳсоси сарватхоҳӣ доранд, диққаташон ба мошину сарулибоси мудерн равона шудааст, на китобу рӯзнома. Як-ду набера дорам, нашрияҳоро ҳатто варақгардон намекунанд. Ҳайрон мешавам аз ин бетаваҷҷуҳӣ. Имрӯз баъзе донишҷӯён, ҳатто устодон ба рӯзномаву маҷаллаҳо таваҷҷуҳ надоранд. Баъзеҳо таъкид мекунанд, ки ҷойи рӯзномаро интернету дигар воситаҳои ахбор гирифтааст. Лекин ин андеша ғалат аст, зеро матбуот беҳтарин василаест, ки сатҳи маънавию ҷаҳонбинӣ, донишу малакаи инсонро баланд мебардорад. Забондонӣ, маҳорати суханварӣ, тарзи нигоришро беҳтар мекунад.

Вале чун ҷавонон рӯзномаи бепулро намехонанд, фикр намекунам, ки аз дӯконҳо пул сарф карда рӯзнома харанд. Лекин ҷавонон барои гуфтугӯи беҳудаи телефонӣ, кор дар интернет, дискоклубҳо пулашонро дареғ намедоранд. Афсӯс, баъзе ҷавонони имрӯз ҳатто намедонанд, ки дар кишварамон чӣ гуна рӯзномаҳо нашр мешаванд.

Аммо ин масъала ҷанбаи дигар ҳам дорад. Дастрасии нашрияҳо низ беҳбуд мехоҳад. Мардум гоҳе пул сарф карда, обуна мешаванд, аммо дар деҳотҷой ба таври мунтазам рӯзномаҳоро дастрас карда наметавонанд. Қимати дигар нашрияҳое, ки дар фурӯши озоданд, баланд аст, на ҳар нафар имкон дорад, ки ҳар ҳафта 5-10 сомонӣ сарф карда, 2-3 газета бихарад. Имрӯз аз донишҷӯён ҳам набояд хафа шуд, ки газетаи бисёр харида хонда наметавонанд. Бояд рӯзнома арзон бошад, тарзе кардан даркор аст, ки аз 1-1,5-сомонӣ зиёд набошад.

Ҳамчунин муҳаррирон бояд саъй кунанд, ки нашрия ҷолиби диққат бошад, гузоришу мақолаҳояш такрору дилбазан набошанд. Албатта, ҳама нависанда ё олим шуда наметавонад, ҳама мақолаи хуб навишта наметавонад, аммо кӯшиш кардан даркор, ки ба идораи рӯзнома шахсони кордону ҳирфаӣ ҷалб карда шаванд. Ҷомеаро нигоҳ кардан даркор, омӯхтан лозим аст, ки ҷавонон чӣ мехоҳанд, кадом намуди мақоларо мехоҳанд, чӣ тавр барои онҳо бояд навишт.

Ашӯргул СОЛЕҲОВА,
рӯзноманигор ва шоира:

- Барои ҷалб намудани ҷавонон ба рӯзномахонӣ корро бояд аз худи оила шурӯъ намоем. Дар ҳолате ки мо - калонсолон дар назди насли наврас бомароқ рӯзномаро мутолиа намоем, фарзандон ҳам тақлид бар мо мекунанд. Барои бештар рӯзнома хондани ҷавонон ҳар маводе, ки таҳия мекунем, пеш аз ҳама, бояд сарлавҳаҳои беҳтарин ва диққатҷалбкунанда дошта бошад. Ва ҷавононро водор намояд, ки то охири мавод бихонанд. Бештари матлабҳоямон марбут ба соҳаҳои хоҷагии қишлоқ таҳия мешаванд.

Дар рӯзномае, ки ман кор мекунам, азбаски нашрияи расмӣ аст, наметавонем сканворд ва матлабҳои аз доираи забони адабӣ берунро таҳия ва чоп кунем. Барои омӯхтану хондан ҳеҷ гоҳ дер намешавад. Ба ин хотир, мехоҳам ҳамаи ҷавонону наврасони мо ба матбуот рӯй оранд, илмро аз худ кунанд, то дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия ёфта, барои ободию озодии Тоҷикистони соҳибистиқлол камари ҳиммат бубанданд.

Мусулмон АБДУРАҲИМОВ,
коромӯзи нашрияи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Аз рӯзномаи «Хатлон» чиро интизоред?

Аз рӯзномаи «Хатлон» чиро интизоред?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ду савол, садҳо ҷавоб...

Ду савол, садҳо ҷавоб...

Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Ашк Юсуфӣ: «Фарзандони маънавиям ҳамин китобҳоянд»

Ашк Юсуфӣ: «Фарзандони маънавиям ҳамин китобҳоянд»

Фарҳанг ва адабиёт, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ
Д. Гулмаҳмадзода: Алайҳи тундгароию терроризм муборизаи муштарак бояд бурд

Д. Гулмаҳмадзода: Алайҳи тундгароию терроризм муборизаи муштарак бояд бурд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА