Дар як сатр
» » Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

25-06-2015, 11:32

Зане, ки 40 нафар гурезаро паноҳ дода буд

Зиндагӣ бо ҳама пастиву баландиҳояш паси сар мешавад, вале инсонҳое, ки дар ин умри кутаҳ некӣ карда бошанд, ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳанд шуд.

Дар пайи ҷанги шаҳрвандие, ки соли 1992 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сар зад, ҳазорон нафар ҷони худро аз даст доданду ҳазорони дигар бехонумон гаштанд. Иғво ва дахолати бегонагон, талоши мансабу қудрат, норасидагии миллӣ, худбиниҳои сиёсӣ ва маҳалгароӣ, ноомодагӣ ба истиқлолияти давлатӣ ва чандин чизи дигар ба сифати сабабҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон номбар мешаванд.

Шумораи зиёди аҳолӣ, ки дар минтақаҳои пурдаҳшати ҷанг зиндагӣ мекарданд, иҷборан гуреза шуда, дар хонаҳои хешу ақрабои дуру наздик паноҳгоҳ меҷустанд.

Дар ин баробар кам оилаҳое буданд, ки имконияти пуштибонӣ намудани гурезагонро доштанд, зеро дар он солҳо шароити зиндагии ҳама поин рафта буд.

Холаи Ойниҳол яке аз занҳое буд, ки ҳамроҳи шавҳараш - акои Шодӣ 40 нафар гурезаи он ҷанги хонумонсӯзро дар хонаи худ паноҳ доданд. Онҳо дар деҳаи Себистони ноҳияи Данғара иқомат мекарданд.

- Соли 1992 шумораи 40 нафар хешовандони дуру наздик аз шаҳри Қӯрғонтеппа ва ноҳияҳои атрофи он ба Себистон гуреза шуданд, - мегӯяд холаи Ойниҳол.

Ҳарчанд дар он солҳо шумораи аъзои оилаи холаи Ойниҳол ба 21 нафар мерасид, ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, шахсони гурезаро дар хона ҷой доданд. Зеро онҳо медонистанд, ки рӯзе сулҳ ҷойи ҷангро иваз хоҳад кард.

Холаи Ойниҳолу акаи Шодӣ ҳамроҳи фарзандон ниҳоят оилаи меҳнаткашу деҳқон буданд, аз ҳамин рӯ, дар солҳои қаҳтӣ аз ҳисоби маҳсулоти истеъмолӣ камтар заҳмат кашиданд.

Вале баъди он, ки минтақаи Қӯрғонтеппа каме тинҷ шуду гурезаҳо баргашта рафтанд, захираи маҳсулоти истеъмолии онҳо тамом шуд. Холаи Ойниҳол маҷбур шуд, ки ҳамроҳи фарзандон як муддат дар заминҳои совхоз, ки дарав карда шуда буданд, ба ҷамъоварии сарак (хӯшаҳои боқимонда)-и гандум бароянд.

Баъди омадани мавсими кишт дар гармо онҳо бо фарзандон заҳмат кашида, дар заминҳои назди дарёи Вахш гандум кишт карданд, то аз вазнинии рӯзгор бурун оянд. Фарзанди калони оилаи онҳо Хайриниссо мушкилотҳои он солҳоро ба хубӣ дар ёд дорад. «Заминҳоро барои кишт мекардам, то гандум корему аз гуруснагӣ эмин монем», - қисса мекунад ӯ.

Баъди нақли он рӯзҳо холаи Ойниҳол, ки ҳамроҳи чанде аз фарзандон дар наздамон менишаста буданд, сахт андӯҳгин шуданду модар бо Хайриниссо ашк мерехтанд. «Чӣ рӯзҳои сахтеро паси сар кардем, ки ба хотир оварданаш касро ба гиря меорад. Ҳатто нони ҷавӣ ва алафҳои табииро аз набудани чойи хушк истифода кардем», - мегӯянд онҳо.

Баъди ҷавоб додан ба ҳар як савол холаи Ойниҳол такрор ба такрор мегуфт: «Худованд он рӯзҳоро дубора бар нагардонад».
Сад шукр, ки бо дуои неки модарон ва ташаббуси фарзандони ҷонфидои Ватан оташи ҷаҳолати ҷанги бародаркуш хомӯш шуду мардум дубора қомати хамшудаи худро рост карданд.

Рӯзҳои сахти зиндагӣ сипарӣ шуданд, ҳама дубора соҳиби хонаву дар шуд, вале тавре худи холаи Ойниҳол мегӯяд, шумораи ками собиқ гурезагон имрӯз ба ҳолпурсии ӯ меоянд.

Азизбек Холов дар он солҳо бачаи ҷавон будааст, ба гуфтаи худаш 13 рӯз дар хонаи холаи Ойниҳол паноҳ бурдааст. Ҳарчанд ӯ имрӯз соҳиби зиндагии осуда ва вазифа аст, вале некиҳои ин занро фаромӯш накарда, зуд-зуд аз аҳволаш хабар мегирад. Ҳамон рӯзе, ки мо барои суҳбат назди холаи Ойниҳол рафта будем, баъди чанд соате Азизбек низ ба дидорбинии ин зани паноҳдеҳ омаду ҳолпурсӣ кард ва аз ӯ дуо гирифта рафт.

Ин зани рӯзгордида дигар он солҳоро ба ёд овардан намехоҳад, зеро бо фарзандон чӣ азобҳое, ки накашидааст.

Холаи Ойниҳол имрӯз ба синни мубораки 70 расида, соҳиби давлату савлат рӯзгори осуда асту бо шукргузорӣ аз сулҳу субот ва ваҳдати миллии Тоҷикистони азиз давлати пирӣ меронад. ӯ соҳиби 12 фарзанд: 6 писару 6 духтар ва 62 набераву абера аст, ки онҳо идомадиҳандаи амалҳои неки ӯ хоҳанд буд.

Аён аст, ки накукорон ҳамеша соҳибэҳтирому иззатманд ҳастанд. Ин кори неки холаи Ойниҳол барои дигарон ибрате хоҳад буд, ки дар ҳама ғаму шодӣ ва пастиву баландии зиндагӣ мададрасони якдигар бошанд. Зеро кори нек аз ёдҳо фаромӯш ношуданист.

Лашкари ШАЙДО,
ноҳияи Данғара

«Хатлон», №27, аз 25 июни соли 2015



Шарҳи хонандагон +
Kamagra Direct Uk Chloroquin dapoxetine belgium Backup When Taking Jolessa And Amoxicillin Misoprostol 20mg Uk rx canada pharmacy accutane Cytotec Pregnancy Best Place Buy Cialis 40 Mg Online Laxsum Frusemide To Buy Prozac kamagra 100 Generique Cialis Soft Viagra Pр с–рўвђ˜ Nett I Sverige Boutique Acheter Cialis cialis Finasteride Isotret Buy Wellbutrin Sr 150mg In Usa India Viagra Paypal viagra Buy Ammoxicill Online Cephalexin Std Celecoxib 200 Mg Price
7 декабр 2016 00:43
Cialis 5 Mg Avis D'Utilisateurs buy viagra online Proscar Caida Pelo Propecia Cialis Garantito Tadacip Online Uk Fluoxetine 20 Mg No Prescription kamagra 100 without prescription Legal Issues For Amoxicillin Prix Du Cialis En Andorre Chlomid Nolvadex Supplier Provera Internet Low Price cialis Cialis 20 Mg Effetti Collaterali Kamagra 100mg Grenoble Potenzmittel Cialis Haltbarkeit Sotalol And Amoxicillin Azor cialis Onlinepharmacy365 What Is Provera Used To Treat Long Term Side Effects Trazodone Costo Viagra Generico buy accutane 5 mg online usa Discount Real On Line Elocon Tablet Medicine Overseas Mastercard
14 декабр 2016 20:49
Provera Best Website Lioresal Canada Cialis Impotencia Psicologica viagra Zithromax Dose In Children Viagra Ahnlich Rezeptfrei Cialis En Venta viagra Cialis Lilly Gmbh Zithromax Doses Safe Nonprecription Sites For Cilas Cephalexin And Tendons viagra online prescription Direct Provera Next Day Delivery Levitra Walmart Plan Generic Cialis Professional Low Cost Cialis 20mg kamagra en valencia Farmaco Kamagra Generic Viagra Tadalafil Achat De Ciprofloxacin En Ligne Remeron cialis with priligy pills Amoxicillin And Abnormal Menstual Cyles Cialis Pas Cher Inde
24 декабр 2016 14:35
Выводы всего сказанного делайте сами

----------
активатор window 7 64 скачать
4 январ 2017 18:21

Матолиби дигар:

Ба рӯзи нек расидем

Ба рӯзи нек расидем

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Шоҳиди ду ҷанг: ба қадри сулҳ бояд расид!

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, КОМРОНИ БАХТИЁР
Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Барои сулҳу амонӣ дуо мекунам

Ҳаёти иҷтимоӣ, ДАВЛАТБЕКИ КАРИМЗОД
Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда

Нинае, ки бо лутфу забондонияш дилҳоро тасхир карда

Ҳаёти иҷтимоӣ