Дар як сатр
» » Карйера хуб аст ё шавҳар?

Карйера хуб аст ё шавҳар?

25-06-2015, 11:18

Карйера хуб аст ё шавҳар?Зиёданд ҷавондухтароне, ки имрӯзҳо ба хотири карйера сохтан дар синну соли муносиб ба шавҳар кардан розӣ намешаванд ва бо мурури вақт ҷуфти шоиста пайдо кардан барояшон саҳлу сода муяссар намегардад. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро бархе аз духтарон карйераро авлотар аз ҳамсар меҳисобанд? Оё дар ин амр, яъне соҳибкарйера шудани духтарон воқеан мардон сад мегузоранд ё баръакс гунаҳкор худи занҳо ҳастанд?

Пушаймон ҳам ҳасту розӣ низ


Мафтуна, бонуе, ки номи аслиашро бар исми зайл иваз намудем, ба ин суол чунин посух дод: «Дар вақташ ба хотири карйераи хуб сохтан нахостам шавҳар кунам ва ҳоло ҳам майл надорам. Чунки касбамро бисёр дӯст медорам. Худам худамро хӯрондаю пӯшонда метавонам. Ҳоло синнам ба 35 расидааст, аммо фикр мекунам, ки дар зиндагӣ муваффақ шудаам, зеро соҳиби карйераи дилхоҳ ҳастам. Ростӣ, баъзан пушаймон ҳам мегардам, ки барои чӣ дар вақташ ба шавҳар набаромадам. Лекин аз рағбати зиёд ба касбам ин эҳсосро боз зуд фаромӯш мекунам».

Вале Лайло, ҳамсуҳбати дигари мо, дар ин маврид акси гуфтаҳои Мафтунаро, ки касб саргарму дилгармаш кардааст, изҳор намуд.

- Вазифа ва «бахт» ҳарду баробар ба рӯям омад карда буд, - мегӯяд Лайло. - Вазифаро интихоб намудам. Аммо бинобар рашки хушдорам, аз бахти оилавӣ маҳрум гаштам. Агар Худо хоҳаду дубора карйераву «бахт» ба рӯям омад кунад, албатта, бе ҳеҷ дудилагӣ дувумиро интихоб мекунам, то ин ки воқеан хушбахт бошам.

Ақидаи ҷавонони арӯсҷӯ ва модарон низ на ҳамеша ҳамсонанд


Аз К. Фаррух, ки ҳоло синнаш аз 29 гузаштаасту бо сабаби дар Русия муҳоҷир будан акнун издивоҷ кардан мехоҳад, суол кардем, ки ҳамсари соҳибкарйера интихоб карданист ё хонанишин?

- Шояд на ҳама ба фикри ман розӣ шаванд, аммо чун бениҳоят бадрашк ҳастам, намехоҳам ҳамсари ояндаам дар ягон ҷой кор кунад, - изҳор дошт Фаррух. - Ба ман духтари хонанишин писанд аст. Боке нест, бигзор, таҳсилдидаи мактаби олӣ бошад, аммо намехоҳам соҳибвазифа бошад ва дар мавриди зарурати ногаҳонӣ майли тарк кардани онро надошта бошад. Дар сурате, ки ӯ касбу корро болотар аз оила мегузорад, чӣ гуна метавон ба хушбахтии оилавӣ эътимод баст?

Дар ҳамин ҳол, Хайринисои Пӯлод, модаре, ки барои писараш арӯс ҷуста истодааст, аз соҳибкасб будани духтарон дастгирӣ намуд.

- Ба ман духтари хондагӣ писанд аст, то ин ки дар оянда аз тарбияи дурусти фарзанд ба хубӣ баромада тавонад, - мегӯяд апаи Хайринисо. - Духтареро келин карда ба хона овардан пас, вақте фаҳмидам, ки нохонда будааст, худам хонондамаш. Аз босавод будан касе зарар надидааст. Бонуи хона дар вақтҳои зарурӣ кор карда, каме ҳам бошад, бори рӯзгорро ба дӯш гирифта, ба ҳамсараш кӯмак мекунад.

Аммо момои Санамгул бар акси гуфтаҳои Хайринисои Пӯлод ҳарф зада, фикрашро чунин хулоса кард: «О, мана мо нахондем, ҳеҷ гап нашуд! Духтарро чию хондан чӣ?! Агар келин гирам, ҳатман нохондаю корнокарда мегирам. Келини хондагию коргарро ба хона биёрӣ, фардо сумкачаашро таги каш карда, кор равад, боз ҳама кору бори рӯзгор бар дӯши худат меафтад. Чӣ мекунам инхел келинро? Келин аввал кори хонаро кунад, то дар дами пирӣ каме роҳати зиндагиро бубинам».

Соҳибназарон чӣ мегӯянд?


Боймурод Шоҳназаров, муаллими Коллеҷи омӯзгории шаҳри Қӯрғонтеппа, бар ин назар аст, ки дар аксар маврид менталитети шарқӣ иҷоза намедиҳад, то духтарон нахуст карйера бисозанд ва баъд «пой бар ҳаёти мустақилона бигзоранд». «Вақте синни духтар аз 25-27 гузашт, дигар ҳеҷ як писар талабгори ӯ намешавад. Мегӯянд, ки «ин духтар ягон айб доштагист, вагарна то ин вақт шавҳар мекард». Ҷавонписарон фикри соҳибмаълумоту бомаърифат будани ин гуна духтарро намекунанд ва ягона ҳарфе, ки такрор ба такрор мезананд, ин аст: «Чаро то имрӯз шавҳар накардааст?!» Баъзе духтарон ин ҳолатро нағз мефаҳманд, аммо ба рағми он боз мехоҳанд аввал карйера бисозанду баъд ба шавҳар бароянд. Аксарашон ба орзуи якумашон мерасанд, вале бешавҳар мемонанд, ки ин дар ҷамъияти имрӯза хуб нест», - изофа кард Боймурод Шоҳназаров.

Ҳамсуҳбати дигари мо Умед (номи мустаор) ёдовар шуд, ки вақти дар донишгоҳ таҳсил кардан якчанд духтари ҳамсабақаш дар назди худ мақсад гузоштанд, то аввал карйера созанд ва пасон шавҳар кунанд. «Пас аз хатми донишгоҳ мо оиладор гашта, соҳиби фарзанд шудем. Онҳо, ки шавҳар накарда буданд, ба мартабаҳои баланди фаъолияти корӣ расиданд. Аммо пас аз хонадор шудан ҳам аз карйера монданд, ҳам сари вақт шароити зисташонро ба низоми дилхоҳ дароварда натавонистанд ва хеле дер соҳиби кӯдак шуданд. Акнун афсӯс хӯрда, мегӯянд, ки «агар дубора ҷавон гардем, ҳатман аввал бахти оилавиро интихоб мекунем», - афзуд Умед.

Муаллима Фаридаи Исо низ бо ҷонибдорӣ аз соҳибназарони фавқ изҳор дошт, ки «вазифаи аввалиндараҷаи зан нишастан дар хона ва хуб тарбия намудани фарзандон аст. Аз пушти карйера гаштан, маишати рӯзгорро таъмин кардан ин вазифаи мард аст. Хушбахтии зан дар соҳиби оилаи хуб будан аст, на карйера! Яъне барои кулли духтарон сари вақт шавҳар кардан бояд дар мадди аввал истад».

Карйера хуб аст ё шавҳар?Равоншинос Рӯзигул Баротова бар ин назар аст, ки карйера сохтан ҳарчанд хуб аст, вале ҷомеаи суннатии мо ҳоло барои қабули он омода нест. «Қисмате аз мардон аз зани соҳибкарйера ҳазар мекунанд. Агар духтар карйера гӯяд, синну солаш меравад. Соҳиби кори хуб мегардад, лекин бешавҳар монда, лухтаки сари дасти бархе аз мансабдорон гашта, барои дилхушии онҳо истифода мешавад. Дар як маърака нишаста будем. Зане даромад. Мардум гуфтанд: «Бечора, соҳиби вазифаи зӯр аст, лекин соҳиби «бахт» нест». Ин барои зан бисёр зарбаи гарон аст. Барои зан хушбахтии аз ҳама беҳтарин соҳиби оилаи хуб будан аст», - гуфт ӯ.

Таъхир дар издивоҷ - ҳам зарар ба саломатию ҳам гуноҳ


Агар илми тиб пас аз ба балоғат расидан бешавҳар гаштани духтарро маҳкум намуда, онро омили сарзадани бемориҳои мухталиф донад, дини мубини ислом онро гуноҳ дониста, тавлидкунандаи фисқу зино ҳисобаш мекунад.

Зимнан, Майдагул Шарифова, муовини сардухтур оид ба ҳифзи саломатии модару кӯдак дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидов, мегӯяд, ки «аслан синни ба балоғат расидани духтарон аз 19-солагӣ ибтидо гирифта, то 35-солагӣ идома меёбад. Дар ҳамин муддат духтар бояд, ки шавҳар дошта бошаду ақаллан соҳиби як фарзанд гардад. Зеро бо кашидани азият аз бедории ҷинсӣ зани бешавҳар ба бемориҳои киста, вайроншавии ҳормонҳо, шонси аз даст додани кӯдакдоршавӣ ва монанди инҳо мубтало мегардад. Агар кӯдакдор шавад ҳам, кӯдакаш иллатӣ меояд. Ин хатарҳо махсусан ба духтарони аз 35-сола боло зиёд таҳдид менамояд».

Эшони Меъроҷиддин, рӯҳонии маъруф аз ноҳияи Ховалинг, бар ин назар аст, ки чун духтар ба балоғат мерасад, ҳатман бояд шавҳар кунад, зеро дар ин синну сол хоҳ нохоҳ дар ӯ майл ба заношӯӣ пайдо мешавад. «Пайдо шудани чунин рағбат, бигзор, ки ӯ даст ба зино ҳам назада бошад, дар сурати рад шудани хостгорҳо аллакай барои волидони духтар ва худаш як гуноҳ аст. Пайғамбарамон Муҳаммад (с) мефармояд: «Ҳар ҷавоне, ки намехоҳад издивоҷ кунад, ба лаънати Худованд гирифтор мешавад». Ё ҷойи дигар боз мегӯяд: «Беҳтарин ҷавонон ҷавононе ҳастанд, ки издивоҷ мекунанд». Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки ҳар нафаре издивоҷ кардан нахоҳад, зидди гуфтаҳои пайғамбар амал кардаву муртакиби гуноҳ шудааст», - афзуд мавсуф.

Пас, ҷавондухтарони зебои моро мебояд, ки барои оилаи хуб ташкил кардан ҷиддан андеша карда, «бахт»-ро дар мадди аввал гузоранд. Писарону волидонеро, ки дар ҷӯстуҷӯйи арӯсанд, мебояд маърифати оиладориро фаромӯш накарда, ба рафтори ҳамидаи духтарҳо бингаранд, на ба кору пайкори эшон. Охир духтарон барои он касб меомӯзанд, ки оилаҳояшон аз шиддати тангдастӣ дар чорсӯи зиндагӣ музтар намонанд. Аз ин рӯ, ҳарду ҷонибро мебояд, ки ақидаи ҳамдигарро қадр карда, ба ояндаи дурахшон бо назари нек бинигаранд.

Карйера хуб аст ё шавҳар?Низомиддин ИСОЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

«Шавҳарёбӣ» ё талош барои хона?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, КОМРОНИ БАХТИЁР
Пирдухтар...

Пирдухтар...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Данғара. Ҷудошавии оилаҳо мояи нигаронист

Ҳаёти иҷтимоӣ
Келини таҳсилдида мехоҳам

Келини таҳсилдида мехоҳам

Маориф ва илм, НИЗОРАМОҲИ ҲАМИД
Бахти оилавиро фурӯхтан хостанд?

Бахти оилавиро фурӯхтан хостанд?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҳуқуқу амният, Таҳқиқи журналистӣ, ЗОКИРҶОН МУРОДОВ