Дар як сатр
» » 7 даста аз Хатлон дар лигаи дуюми футбол

7 даста аз Хатлон дар лигаи дуюми футбол

25-06-2015, 10:15

7 даста аз Хатлон дар лигаи дуюми футболДар вилояти Хатлон бозиҳои марҳилаи минтақавии лигаи дуюми Тоҷикистон идома доранд. Дар минтақаи Хатлон дар мусобиқа 7 даста иштирок мекунанд.

Ба иттилои масъулони Федератсияи футболи Хатлон, дар минтақаи Хатлон баъди ду давр дар ҷадвали мусобиқа тими «Коммуна»-и Фархор бо 6 имтиёз пешсаф мебошад. Коммуначиёни фархорӣ «Сарҳадчӣ»-и Ҳамадониро бо ҳисоби 4 бар 1 ва «Парвин»-и Бохтарро бо ҳисоби 3 бар 2 мағлуб кардаанд.

Дастаҳои «Дӯстӣ» (Қумсангир), «Парвин» (Бохтар), «Арал» (А. Ҷомӣ) ва «Сарҳадчӣ» (М.С.А. Ҳамадонӣ) бо сеимтиёзӣ аз ду бозӣ дар мақомҳои аз 2 то 5-уми ҷадвали мусобиқот қарор доранд.

«Бешкент» (Н. Хусрав) ва «Сомон» (Қубодиён) ҳанӯз ягон имтиёз ба даст наовардаанд.

Муҳаммад Абдураҳмонов («Коммуна»), ки ба дарвозаи ҳарифон 3 гол задааст, феълан нишонзани беҳтарини лигаи дуюм мебошад.

Мусулмон АБДУРАҲИМОВ,
коромӯзи «Хатлон»


Шарҳи хонандагон +
Больше не стоит говорить об этом

----------
скачать активатор windows 7 максимальная
4 январ 2017 15:53

Матолиби дигар:

Идомаи мубориза барои ҷоми ФФТ-2016

Идомаи мубориза барои ҷоми ФФТ-2016

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тасмими таъсиси лигаи дуюми футболи Тоҷикистон

Тасмими таъсиси лигаи дуюми футболи Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Пирӯзии «Вахш»-у мусовии «Равшан»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Иштироки 3 дастаи футболбоздухтарони Хатлон дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
15 феврал мубориза барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад

15 феврал мубориза барои Ҷоми ФФТ шурӯъ мешавад

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА