Дар як сатр
» » СММ аз духтари тоҷик ситоиш кард

СММ аз духтари тоҷик ситоиш кард

24-06-2015, 16:40

СММ аз духтари тоҷик ситоиш кардСозмони Милали Муттаҳид талошҳои сокини 20-солаи шаҳри Кӯлоб Муборак Рустамзодаро барои пуштибонӣ аз ҳуқуқи духтарон ба таҳсил тавсиф карда, ӯро «Малолаи тоҷик» номидааст.

Дар як гузориши СММ, ки дар сомонаи расмияш нашр шудааст, зикр гардидааст, ки Муборак барои ба мактабу донишгоҳ овардани духтарони деҳоти Тоҷикистон саҳм гузошта, ҳоло ҳам ба ин кораш идома медиҳад.

«Малола Юсуфзайи покистонӣ чун муборизи ҳаққи духтарон ба таҳсил дар ҷаҳон маъруф шудааст ва қиссаи ӯ дунёро такон дод. Аммо кам касон медонанд, ки Малола ягона мисоли талоши духтарон дар ҷаҳон барои дифоъ аз ҳаққи худ ва омӯзиш нест», - омадааст дар гузориши Созмони Милали Муттаҳид.

Муборак Рустамзода тавонистааст чандин духтари деҳотиро ба таҳсил ҷалб кунад, ки Ҳалима ном сокини ҷавони ноҳияи Ҳамадонӣ аз ҷумлаи онҳост. Ҳалима, ки дар оғоз бо мухолифати падараш барои таҳсил рӯбарӯ шуда буд, ҳоло бо мусоидати Муборак донишҷӯи соли дувуми Донишоҳи миллии Тоҷикистон аст.

Муборак Рустамзода имсол факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро хатм кардааст.

Фаромӯз БОБОЕВ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Номаи сипоси «духтари Президент»

Номаи сипоси «духтари Президент»

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Фарҳоди кӯҳнавард – донишҷӯи сол

Фарҳоди кӯҳнавард – донишҷӯи сол

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Зиндаву ҷовид монд ҳар кӣ накуном зист…

Маориф ва илм
Ҷоиза муборак бод!

Ҷоиза муборак бод!

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Пирдухтар...

Пирдухтар...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА