Дар як сатр
» » Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд

Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд

25-06-2015, 10:12

Ифтихори тоҷикии Аҳмадшоҳи Масъуд

Соли 1992 авохири фасли дай бо танҳоии худ дар кӯчаҳои Тахор саргардонам, ҳамдиле мехостам, ки барои ғурбат, бори ҳасрат ва танҳоиро аз дӯшам баргирад. Маро на як қаламкаш, на як шоир, на як ғариб бидонад ва ғурбатамро тасалло бидиҳад. Ҳамдиле мехостам, ки маро мисли як инсон саршор аз муҳаббат, меҳрубонӣ ва отифа бипазирад. Дар ҳамин ҳолу ҳаво рӯзҳои ғурбатамро худам ба некҷоҳо бадрақа мекардам. Шабе волии шаҳри Тахор чанде аз тоҷиконро ба меҳмонии хеш даъват бинмуд. Банда низ дар он ҷамъ ҳузур доштам, сухан аз шаш тараф буд, сиёсат, шариат, тариқат, ғурбатҳо ва ҳасратҳо, вале аз шеър набуд, дар ҳошияи суҳбат ин байтро аз Мавлавии бузург хондам:

Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад,
Аз ҷудоиҳо шикоят мекунад.


Волии Тахор дар посух ин байтро фармуд:

Ба фиғон на лаб кушудам, ки фиғон асар надорад,
Ғами дил нагуфта беҳтар, ҳама кас ҷигар надорад.

Дигаронро ростӣ намедонам, вале ишорати ӯро аз рӯйи фаросат дарёфтам. Яъне мехост бигӯяд, ки мо дар ин ҳама пайкор ба фиғон лаб боз надорем. Бар ӯ нигоҳе кардаму андӯҳи дилро ба сояи лабханди мулоим пӯшидам ва суҳбати дигар то дили шаб аз шеър буду аз ҳунар. Дами субҳ ба волӣ гуфтам, ки мехоҳам Аҳмадшоҳи Масъудро бубинам ва дар суҳбаташ биншинам, вай номае навишт, ки дар чархболи ҳақ нишастро дорам… Чархбол ба ҳаво хест барои парвоз ба самти Кобул. Баъд аз соате чанд чархбол дар майдони ҳавоии Багром фуруд омад. Аз Багром тариқи як худгард ба шаҳри Кобул расидем. Ҳавои Кобул аз барфи борида сард буд, сафедии барф чашмро мебурд… Кобул дар қабои барф нафас мекашид. Аз як нафар мақари Аҳмадшоҳи Масъудро суроға гирифтам. Он кас маро то мақари Аҳмадшоҳи Масъуд раҳнамоӣ кард. Омадам ва бинои дутабақа ва дарвозаи нимбоз, посбоне нишаста дар канори дарвоза. Посбонро салом гуфтам ва аз Аҳмадшоҳи Масъуд пурсидам. Хандид ва гуфт: Ба ӯ чӣ кор дорӣ? Гуфтам: Ҳеҷ. Боз ҳам хандиду гуфт: Агар ҳеҷ коре надорӣ, пас, чаро аз ӯ суроғ мекунӣ? Гуфтам: Аҳмадшоҳи Масъудро дар Тоҷикистон дӯст доранд ва ҳар кӣ мехоҳад, ӯро дида бошад, ман низ аз он ҷумла мебошам. Бо иҷозати посбон вориди бино шудам, рӯз ба шом расид ва шаб омад, касе ба суроғи ман наёмад. Посе аз шаб буд, ки сару садо баланд шуд. Овозе шунидам, ки мегуфт «Омир Соҳиб (Аҳмадшоҳи Масъуд) меояд, бо хеш гуфтам дар ин шаб дигар намешавад ӯро дид, аммо иштибоҳ кардам. Баъд аз фурсате буд, ки нафаре омад ва маро ба табақаи дуюм бурд. Гуфт: Ин ҷо бошед. Ҳудуди 10-15 дақиқа интизор будам, дар ин фурсат чанд сатри парешонро дар зеҳн омода кардам. Билохира, дар боз шуд ва ман вориди ҳуҷраи начандон бузург гардидам. 10-12 нафар буд, ки ба ман менигаристанд. Дар он ҷамъ Аҳмадшоҳи Масъуд ва доктор Абдуллоҳро зуд шинохтам. Ба Аҳмадшоҳи Масъуд нигоҳ кардам, ҳаққи салом ба ҷой овардам. Аҳмадшоҳи Масъуд бо чеҳраи боз ва гарм ба саломам посух гуфт. Дар ин лаҳзаот бовар надоштам, ки рӯ дар рӯ бо Шери Панҷшер истодаам. Сукутро овози гарми Аҳмадшоҳи Масъуд шикаст: «Хуш омадӣ, бародари тоҷик, бифармоед, дар хидматам». Ҳамон байтеро, ки дар зеҳн доштам, хондам:

Касе имрӯз агар дорад дили огоҳ,
Ватанро дӯст дорад ҳамчу Аҳмадшоҳ.
Ватанро ҳол вақти буду нобуд аст,
Худо ҳам ёри Аҳмадшоҳи Масъуд аст.


Худ ҳам ёдам аст, Аҳмадшоҳи Масъуд аз ҷой баланд шуд ва дар он замон буд, ки гуфт: «Бале, Ватан дӯстдоштанӣ аст. Ватан барои мо меҳру муҳаббат ва саодатро омӯхт, ин ҳамаро аз Ватан бигрифтаем. Ватан ҳам аз мо муҳаббат, меҳрубонӣ ва садоқат мехоҳад». Ин ҷо буд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд номамро пурсид. Гуфтам: Номи ман Муҳаммадалии Аҷамӣ. Ширин хандид ва гуфт: «Магар ҳанӯз ҳам аз Аҷам мегӯянд» ва ин байтро бисёр ҷиддӣ бихонд:

Басе ранҷ бурдам бад-ин сол сӣ,
Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ.


Ба ин тариқ, аввалин суҳбат ва дидорам бо Аҳмадшоҳи Масъуди сипаҳсолору муқовимат сурат гирифт. Аҳмадшоҳи Масъуд аз Тоҷикистон, аз мардуми он, аз шеъру ҳунари мардум маро суол мекард, ҳарфамро намешикаст. Аҷиб он буд, ки аз набарду пайкор ҳарфе набуд. Ҳудуди соатҳои дувоздаҳи шаб барои намоз баланд шудем. Имоматии намози шабро Аҳмадшоҳи Масъуд бар дӯш дошт. Ман дар сафи аввал намоз бар ҷой овардам. Дилам саршор буд аз шодӣ. Аз фараҳе, ки бо марди бузурги таърих, сипаҳсолори муқовимат – Аҳмадшоҳи Масъуд намоз мегузорам. Баъд аз хатми намоз омода, бар он будам, ки Аҳмадшоҳи Масъуд ба истироҳат хоҳанд рафт ва суҳбат боқист барои фардо, аммо ин тавр нашуд. Аҳмадшоҳи Масъуд бо ҳамон болидагӣ ва шодобӣ моро низ даъват бинмуд, ки биншинем, ҳама даври ҳам нишастем. Доктор Абдуллоҳ аз тарафи рост ва ман аз тарафи чап дар канори Аҳмадшоҳи Масъуд. Суҳбат боз ҳам аз шеър буду аз шоирӣ. Дар зеҳн ин андешаро доштам, ки ин мард чӣ дили сахт ошноӣ дорад бо он, ки солҳо дар пайкор аст. Эҳсоси шеър, зарофати шеър, лутфи шеър, ҷавҳари сухандонӣ дар вуҷуди ӯ зинда аст. Барои ман аҷибтар аз ҳар чизе он буд, ки Аҳмадшоҳи Масъуд метавонист дар як вақт чанд амалеро анҷом бидиҳад. Аҳмадшоҳи Масъуд дар як он ҳам гӯш мекард, посух медод, фармоиш медод, амалиёти ҷангиро аз тариқи мухобира идора мекард, бар саволи қаблӣ посух медод ва ҳам мантиқи суҳбати ҷориро бо ҳозирин нигоҳ медошт. Дар дили шаб ҳам ҳоҷатмандон ҳузури ӯ меомаданд, то ҳоҷати хеш бароварда бисозанд. Касеро надидам, ки аз ҳузури ӯ гирифтаву малол берун барад. Он гуна, ки гуфтам, бо он ҳама гирифториҳо аз суҳбати шеър даст барнамедошт. Доктор Абдуллоҳ аз девони Халилуллоҳ Халилӣ як ғазал бихонд. Аҳмадшоҳи Масъуд бо диққати тамом ғазалро шунид ва аз Халилуллоҳ Халилӣ чун шоири бузург сифат кард. Ҳамчунин дар он шаб аз Бедил суҳбат шуд. Ҳеҷ интизор надоштам, Аҳмадшоҳи Масъуд ба Бедил то ин ҳад алоқа дорад. Ҳар байт, ки аз Бедил мехонд, ба ҳолу ҳавои он шаб робита дошт. Ин байтҳо аз ҳамон шаб аст, ки дар хотирам монда:

Иттифоқ аст он, ки ҳар душворро осон намуд,
В-арна аз тадбири як нохун гираҳ натвон кушуд.
***
Сарнавишти хеш то хонам арақҳо карда гил,
Ин хати мавҳум яксар нуқтаи шак доштааст.
***
Чашмбандӣ арсаи яктоиям девона кард,
Ҳарчи мебинам, ғубори лашкар асту шоҳ нест.
***
Дар адам ҳам гарди ҳасратҳои дил пар мезанад,
Ман раҳе дорам, ки гар манзил шавам, кутоҳ нест.
***
Нури ҷон дар зулмати ободбадан гум кардаам,
Оҳ, аз ин Юсуф, ки ман дар пираҳан гум кардаам.


Дар он шаб Аҳмадшоҳи Масъуд аз ман пурсид, ки шеърҳоямро дар зеҳн дорам ё на. Гуфтам бархеро ҳифзам ва бархеро тика – тика ёд дорам. Гуфт: «Пас, аз шеърҳои худ барои мо бихон». Он вақт ҳанӯз дар шеър таҷрибаи зиёд надоштам ва аз нигоҳи имрӯз ба ростӣ ба он шеърҳоям раҳмам меояд, намедонистам барои Аҳмадшоҳи Масъуд чӣ бихонам. Ин ҷо буд, ки ёд аз миллат ва аз торих сироятам карду ин шеърро хондам:

Гоҳ-гоҳе пурсам аз худ,
Дар замини Тоҷикистон
Ин қадар санг аз куҷо пайдо шудааст?
Дар дили фарзанди тоҷик
Ин ҳама нанг аз куҷо пайдо шудааст?
Ман диҳам бар худ ҷавоб:
Халқи тоҷикро басе
Сангборон кардаанд,
Ҳам парешон кардаанд,
То накорад донаи худро дигар,
То насозад хонаи худро дигар,
То бихушкад тухми тоҷик дар миёни сангҳо.
Халқи тоҷикро басе
Сангборон кардаанд,
Ҳам парешон кардаанд,
Лек тоҷик бар адӯ гардан надод,
Баҳри фардои Ватан сарро бидоду тан надод.
Сангҳоро чида – чида
Дар бари ҷар,
Дар сари ҷар
Хона аз санг кард,
Хона аз нанг кард.
Хона аз санги кӯҳистони худ,
Хона аз нанги аҷдодони худ
Дар миёни сангҳо ҳам зинда монд.


Аз шеър берун омадаму чӣ дидам, ҳамаро дар як сукути сангин ва… Аҳмадшоҳи Масъудро ашк аз чашм мерехт. Ашк барои як миллат, барои як торих, барои як сарнавишт. Фикр мекунам, шеъри ман танҳо як баҳона буд дар ин мавзӯъ. Ашки Аҳмадшоҳи Масъуд ашки як марди тавоно буд, ашки як марди бузург буд, ашки як сарлашкаре буд, ки ба сипоҳиён таъсир мегузошт. Доктор Абдуллоҳ нигоҳе сӯи ман афканд ва бо овози мулоим барои хониши шеър изҳори ташаккур кард. Шаб ба бедорӣ поён ёфт. Намози бомдодро низ ҷамоат хондем. Субҳ хостам, ба Аҳмадшоҳи Масъуд худоҳофизӣ кунам, иҷозат надод. Гуфт: «Ҳоло ҳамин ҷо бимон». Субҳ зуди зуд худ бирафт ва ман боз он ҷо мондам. Он рӯз суҳбат танҳо аз гиряи Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Генерал Салим он вақт масъули майдони ҳавоии Багром аз ман он шеърро пурсид ва дар коғазе барои худ бинвишт. Ин шеър миёни сарбозон даст ба даст ва рӯйнавис мешуд. Шаб Аҳмадшоҳи Масъуд боз омад ва суҳбат боз аз шеър буду сухан. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳамон шеъри дишабро хоҳиш карданд, ки бихонам ва ман хондам. Чашмони Аҳмадшоҳи Масъудро боз тар дидам. Рӯзи дигар буд, як тан аз муҳофизини Аҳмадшоҳи Масъуд бо номи Исломиддин омад ва гуфт: «Бародари тоҷик, ту бояд фардо аз ин ҷо биравӣ, агар ҳар бор ту ин гуна шеър бихонӣ ва Омир Соҳиби мо гиря бикунад, заиф хоҳад шуд. Дар тамоми набардҳо боре ҳам ашк нарехтааст, ашки ӯро мо надидаем. Ҳоло ту омадӣ, ҳар шаб мехонӣ ва ӯ ашк мерезад. Мо ҳоло ба ӯ ниёзмандем». Рӯз қасди рафтан гирифтам, вале бо амри Аҳмадшоҳи Масъуд маро дастгир карда, ба қароргоҳ баргардониданд. Мабодо бори дигар фарор накунам, ҳар субҳ Аҳмадшоҳи Масъуд маро бо худ мебурд. Як нафар муҳофиз дар канори ронанда, ман ва Аҳмадшоҳи Масъуд дар ақиби мошин менишастем. Аҳмадшоҳи Масъуд ҳар рӯзе як қисмати шаҳрро бароям нишон медод, аз торихи шаҳр бароям таъриф мекард. Як рӯз аз тамоми шоирони Кобул даъват намуд ва шаб шеър баргузор кард. Шаб шаби зебо буд, шаби шеър буд. Шоирони афғон дар ҳузури Аҳмадшоҳи Масъуд бо фурӯтанӣ шеър мехонданд ва ман низ дар ин шаб шеърҳо хондам. Ду ҳафтаро ҳамроҳи Аҳмадшоҳи Масъуд сипарӣ намудам, бо Аҳмадшоҳи Масъуд будам. Ӯ ҳар рӯз аз ман хоҳиш мекард, ки ҳамон шеърро бихонам.

Ҳикояти ду ҳафта бо Аҳмадшоҳи Масъуд дар як дафтар намеғунҷад. Ин ҷо ҳарчи овардам, ишораҳое буд кӯтоҳ. Ҳоло дар ин рӯзҳои баҳорӣ аз ӯ ёд мекунам. Марги ӯ баробар аст ба марги як миллат, марги ӯ барои ман боз марги як бародар аст, зеро ӯ дар ҳузури доктор Абдуллоҳ ва генерал Салим бо ман аҳди бародарӣ баста буд. Дар таърих мардони бузурги моро ҳамин гуна ноҷавонмардона куштаанд, вале мо боз зиндаем. Аз лаби таърихи ин миллат хун меравад, аммо ин миллат зинда аст, зеро мардони бузург дорад ва хоҳад дошт, мисли қаҳрамони миллии Афғонистон, шаҳид Аҳмадшоҳи Масъуд.

Муҳаммадалии АҶАМӢ,

Баргардон ва таҳиягар
Абдураҳмон АЮБОВ,
магистри ДДҚ ба номи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

«Садоқат»-и Нуралӣ Аюбӣ рӯйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Ҷавонон ва варзиш
Эътирофи байналмилалии романи «Масъуди сипаҳсолор»

Эътирофи байналмилалии романи «Масъуди сипаҳсолор»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Мулло Абдураҳим: «То вақте ки ҲНИТ ташкил нашуд, ҷанги шаҳрвандӣ сар назад»

Мулло Абдураҳим: «То вақте ки ҲНИТ ташкил нашуд, ҷанги шаҳрвандӣ сар назад»

Сиёсат, Ҳуқуқу амният
Дар ин фасли зимистон аз Худои хеш мехоҳам…

Дар ин фасли зимистон аз Худои хеш мехоҳам…

Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА