Дар як сатр
» » Конститутсия - кафили озодии сухан

Конститутсия - кафили озодии сухан

1-01-2015, 15:13

Конститутсия - кафили озодии суханБа ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад… Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Моддаи 30-и Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон

Аз замони қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷумлаи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон эътироф шудааст, 6 ноябр 20 сол сипарӣ мешавад.

Сарфи назар аз он ки соли 1994 дар Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандӣ ҷараён дошт, Конститутсия бо пуштибонии аксари кулли мардуми кишвар тариқи раъйпурсии умумихалқӣ (94,4%-и шаҳрвандон, яъне 2 миллиону 685 ҳазору 724 нафар дар он ширкат варзиданд) қабул карда шуд. Қонуни асосии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва муайянкунандаи тақдири имрӯзу фардои миллати куҳанбунёд дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ гардид. Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 боб ва 100 модда иборат буда, он асосҳои давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ, кафолати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, фаъолияти озоди иқтисодӣ, гуногунандешии сиёсӣ ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, танзим мекунад.

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар, зимни Паёми худ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон 26 апрели соли гузашта зикр карда буд, ки «мо дар як замони начандон тӯлонӣ тавонистем, ки аз тариқи Конститутсия ва дигар санадҳои қонунгузорӣ меъёрҳои бунёдии фаъолияти давлати демократӣ - асосҳои сохти давлатдории демократӣ, аз ҷумла моҳияти дунявӣ ва иҷтимоии он, муқаддас будани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, гуногунандешии сиёсӣ, таъсиси парламенти касбӣ, кафолати адолати судӣ ва баробар будани ҳамаро дар назди қонун, инчунин озодии виҷдонро эълон ва таъмин намоем».

Тавре ки медонем, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он мустақиман амал мекунанд. Тибқи муқаррароти Сарқонун, давлат ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор, ҳуқуқи муттаҳид шудан дар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттифоқҳои касаба, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқ ба ҳифзи иҷтимоӣ ва ғайраро кафолат медиҳад.

Озодии иттилоот, озодии сухану андеша ва озодии матбуот се рукни асосии озодии воситаҳои ахбори умум аст. Кафолати муҳимтарини озодии иттилоъ манъи сензура асту ҳуқуқ ба озодии афкор ва баён. Ба андешаи мо, ҳарсеи ин муҳимтарин рукнҳои озодии ВАО ва ҷомеаи демократӣ дар моддаи 30-и Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон, ки «ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад», возеҳ ифода ёфтааст.


Давлат риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии воситаҳои ахбори оммаро таъмин менамояд. Ба хотири таҳкими озодии сухан ва фаъолияти бемонеаи воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон силсилаи қонунҳо қабул шудаанд, ки ин ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро таъмину танзим мекунанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоотонӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи табъу нашр», ҷамъан наздики даҳ қонун, инчунин консепсия ва барномаҳои давлатӣ, амру фармонҳои Президенти кишвар, аз ҷумла «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ҷиҳати таъмини муқаррароти Қонуни асосии кишвар, ки озодии сухан ва дастрасӣ ба иттилоотро кафолат медиҳад, қабул шудаанд. Дар моддаи 3-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» (аз 19 марти соли 2013, №961) зикр шудааст, ки матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон озоданд. Ҳар шахс ҳуқуқи озодона ҷустуҷӯ, дастрас ва паҳн намудани ахбор, изҳори ақида ва дар шаклҳои бо ҳамин Қонун муқарраршуда паҳн намудани онҳоро дар матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма дорад.

Дар банди сеюми ҳамин моддаи қонун таъкид шудааст, ки «ҳама гуна поймол кардани озодии матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма аз ҷониби шахс, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ, аз ҷумла дахолат кардан ба фаъолияти касбии редаксияи воситаи ахбори омма, ғайриқонунӣ боздоштан ва ё қатъ намудани фаъолияти он тибқи қонунгузорӣ боиси ба ҷавобгарӣ кашидан мегарданд».

Қонуни матбуот ҳамзамон сензура ва таъқиб барои танқид, ҳамчунин инҳисори матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори оммаро мамнӯъ медонад, ки ин нукта аз Конститутсияи (Сарқонуни) кишвар маншаъ мегирад.

Дар ҳамин ҳол, озодии матбуоту гуногунандешӣ низ танҳо дар чаҳорчӯб ва бо риояи қонун бояд сурат бигирад ва набояд аз он сӯйистифода шавад, то суботи ҷомеа халалдор нагардад. Тавре ки дар банди дуюми моддаи 30-и Сарқонун зикр шудааст, «таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажоди, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст». Бо такя ба ин банди Конститутсияи кишвар, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар ВАО», ки 19 марти соли гузашта аз ҷониби Президенти кишвар ба имзо расидааст, воситаҳои ахбори оммаро барои объективӣ будан ва саҳеҳии ахбори аз ҷониби онҳо паҳншаванда масъул медонад. Бар асоси моддаи 6-уми қонуни мазкур, интишори маълумоти дорои сирри давлатӣ ё ахбори дигари бо қонун ҳифзшаванда, ахборе, ки барои бо зӯрӣ сарнагун сохтан ё тағйир додани сохти конститутсионӣ, ба содир намудани ҷиноят, барангехтани кинаю адовати нажодӣ, миллӣ, маҳалгароӣ, динӣ, забонӣ, ташвиқоти ҷанг, зулму зӯроварӣ, фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ, халалдор кардани тамомияти арзӣ ва мустақилияти давлат даъват мекунад, инчунин мавод ё предметҳои порнографиро таблиғ ва ташвиқ мекунад, манъ аст.

Ба ҳамин мазмун, мутобиқи моддаи 28-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи телевизион ва радиошунавӣ», ташкилотҳои телевизион ва радиошунавонии кишвар ҳақ надоранд, ки маълумоти дорои сири давлатӣ ё асрори дигари қонунан маҳфуз, ахбору маводе, ки зӯран ба сарнагун сохтан ё тағйир додани сохтори конститутсионӣ, ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват мекунад, шаъну шарафи давлат, Президент ва шаҳрвандонро паст мезанад, ҷанг, зулму зӯроварӣ, терроризм ва экстремизмро дар ҳама гуна зуҳуроташон, хусумати нажодию миллӣ, маҳалгароӣ, бартарият ва оштинопазирии динӣ ё мазҳабӣ, фаҳшу фуҷурро таблиғ мекунад, ахлоқи ҷомеаро мекоҳонад, ба содир намудани дигар кирдори ҷиноятӣ мусоидат мекунад, пахш намоянд.

Дар ҳамин ҳол, қобили зикр аст, ки ба хотири таъмини ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ба гирифтани иттилоот тариқи воситаҳои ахбори омма, қонуни матбуот (моддаи 28) ба журналистон ҳаққи ҷустуҷӯ, дастрас, таҳрир ва интишори ахборро додааст. Журналист ҳамчунин ҳуқуқ дорад, ки вобаста ба иҷрои вазифаи журналистӣ бо шахсони мансабдор ҳамсуҳбат шавад, ҳама гуна далелро, аз ҷумла бо истифода аз воситаҳои техникии аудиовизуалӣ, асбобҳои кино ва аксбардор сабт намояд, бо нишон додани шаҳодатномаи журналистӣ дар маҳалҳои махсус муҳофизатшавандаи офатҳои табиӣ, садама, маҳалҳои бетартибӣ ва ҷойҳои ҷамъшавии шаҳрвандон, инчунин дар маҳалҳое, ки дар онҳо вазъи фавқулодда эълон шудааст, дар гирдиҳамоӣ ва роҳпаймоиҳо ҳузур дошта бошад, барои ройгон дастрас намудани иттилоот тавассути дархости журналистӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои касбӣ ба ҳуҷҷатҳои расмӣ дастрасӣ дошта бошад. Журналист аз ҳуқуқҳои дигаре ҳам истифода мебарад, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Давлат ҳамчунин фаъолияти қонунии касбии журналистонро таъмин мекунад. Барои монеъ шудан ба ин фаъолият Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 162) ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи аз панҷсад то ҳаштсад маоши ҳадди ақал ё бо корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол пешбинӣ кардааст. Монеъ шудан ба фаъолияти қонунии касбии журналист, яъне чӣ? Агар ба кодекси ҷиноятӣ бингарем, зери ин мафҳум «маҷбур намудани журналист барои паҳн кардан ё рад намудани пахши иттилоот, ки бо таҳдиди зӯроварӣ, нобуд сохтан ё вайрон кардани амвол, паҳн кардани дурӯғи бофтае ё фош намудани дигар таҳсилоте, ки ҷабрдида меҳоҳад онҳоро ниҳон дорад, алоқаманд аст, ҳамчунин бо роҳи таҳдиди поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии журналист» фаҳмида мешавад.

Ҳарчанд озодии суханро Конститутсия кафолат додааст, дар баъзе маврид мебинем, ки аз ин ҳуқуқ сӯйистифода мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки озодии баён ҳамчунин масъулият низ ҳаст. Озодии сухан, гуногунандешӣ ва фаъолияти озоди ВАО, ки рукнҳои асосии давлати демократӣ мебошанд, бояд дар доираи қонун сурат гиранд ва ба ҳеҷ ваҷҳ суботи ҷомеаро халалдор насозанд. Биноан, қонун воситаҳои иттилоърасонӣ ва журналистонро уҳдадор кардааст, ки саҳеҳияти ахбори гирифтаашонро санҷанд, ҳуқуқу озодиҳо, манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, ҳуқуқ ва манфиати қонунии ташкилотҳоро эҳтиром кунанд, ҳангоми иҷрои вазифаи касбӣ шаҳодатнома ва ё дигар ҳуҷҷате, ки мансубияти ӯро ба воситаи ахбори омма тасдиқ менамояд, пешниҳод кунанд, ВАО-ро бо мақсади дахолат кардан ба ҳаёти шахсӣ, дидаву дониста нашр кардани хабару маводи бардурӯғ, маълумотҳои туҳмату таҳқиромез, ки шаъну шараф ва эътибори кории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро паст мезананд, истифода набаранд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронияш дар маҷлиси тантанавие бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик, 10 марти соли 2012, фаъолияти озоди воситаҳои ахбори умумро яке аз нишонаҳои асосӣ ва рушди ҷомеаи демократӣ унвон кард ва гуфт, ки «озодии андеша ва назари интиқодӣ ба рӯйдодҳо бисёр камбудиҳоро ошкор менамоянд ва боиси пешравӣ мегарданд». Ба андешаи ӯ, танқид ҳамчун падидаи созанда яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа мебошад, зеро озодии андеша, назари интиқодӣ ва таҳлилӣ ба далелу рӯйдодҳои ҷомеа боиси ошкор шудани нуқсу камбудиҳо ва ислоҳу пешрафти фаъолияти ин ё он соҳа мегардад. Гузашта аз ин, танқид ҳатто худи инсонҳоро дигар мекунад ва ба рушду камоли онҳо сабаб мешавад. Аммо Роҳбари давлат дар идомаи суханаш таъкид кард, ки расонаҳои хабарӣ набояд тамоюли низоъангезӣ, маҳалгароӣ, тафриқаандозӣ, таҳқири шахсиятҳои хизматнишондодаро пеш гиранд ва даъват намуд, ки ВАО аз чопи маводҳое худдорӣ намоянд, ки боиси руҳафтодагӣ ва навмедии мардум гардида, вазъи ҷомеаро ноором месозанд.

Ба андешаи инҷониб, агар се омили таъмингари озодии баён, яъне ҷасорат, касбият ва риояи одобу ахлоқи касбӣ шиори кори журналистон ва ВАО-и тоҷик шавад, онҳо ҳеҷ мушкиле бо қонун нахоҳанд дошт.

Ҷойи шубҳа нест, ки тавре дар сархати Конститутсияи кишвар омадааст, журналистони тоҷик низ, чун тамоми халқи Тоҷикистон, «худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлати худ ва рушду камоли онро дарк намуда, озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас шумурда, …бунёди ҷомеаи адолатпарвар»-ро вазифаи худ қарор додаанд.

Дар воқеъ, Конститутсияи Тоҷикистон инсон, ҳуқуқу озодиҳои онро арзиши олӣ медонад. Дар сатҳи Конститутсия тамоми ҳуқуқу озодиҳои асосӣ танзими ҳамаҷониб а пайдо кардаанд. Шояд аз ин ҷост, ки Қонуни асосии Тоҷикистон дар даҳгонаи беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад.

Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
унвонҷӯи ДДҚ ба номи Носири Хусрав,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Рӯзноманигорон бо андешаи созанда дар ободкорию рушди кишвар саҳм доранд

Хабарҳо
Сарқонун кафолат медиҳад...

Сарқонун кафолат медиҳад...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Терроризм, стратегияи Озодӣ ва қонунҳои Тоҷикистон

Терроризм, стратегияи Озодӣ ва қонунҳои Тоҷикистон

Сиёсат, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА