Дар як сатр
» » Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»

25-06-2015, 08:49

Армуғони ҷашнӣ: Нашри «Фолклори бачагонаи тоҷик»Китоби нави профессор Ҳасани Муродиён бо номи «Фолклори бачагонаи тоҷик» ахиран ба дасти чоп расид.

Донишманди тоҷик Ҳ. Муродиён ин омӯзномаи иборат аз 276 саҳифаро ба равони поки фолклоршиноси мумтоз, доктори илмҳои филологӣ, профессор Баҳроми Шермуҳаммадиён бахшидааст. Омӯзномаи мазкур аз шаш фасл иборат буда, масъалаҳои назариявии фолклори бачагона, назму насри халқии бачагона, паремиология ва фолклори иҷроии бачагони тоҷикро аз тамоми манотиқи кишвар ба баррасӣ гирифтааст.

Маводҳои омӯзнома дар асоси пажӯҳишҳои олимони фарҳехтаи соҳаи фолклор ва адабиёти тоҷик В. Асрорӣ, Р. Амонов, Б. Шермуҳаммадиён, Д. Раҳимов, Р. Раҳмонӣ, Н. Маъсумӣ, С. Чалишев, Ҷ. Бобокалонова ва дигарон таҳия гардидааст.

Дар муқаддимаи асар муаллиф менависад, ки дар рафти омӯзиши ин китоб донишҷӯён барои худ муайян карда метавонанд, ки асарҳои фолклорӣ аз қадим нафақат барои солмандон, балки ба фаҳми бачагон низ дастрас суруда мешуданд. Бачагон шунавандаи одии фолклор набуда, балки худ эҷодгари асарҳо барои ҳамсолонашон маҳсуб мегардиданд, ин асарҳоро месуруданд ва нақл мекарданд. «Мақоми фолклорро дар ташаккули нутқу идроки зиракии бачаҳо ва солиму муътадил ба воя расидани онҳо набояд саҳл шуморид. Кулли асарҳои фолклории бачагона маҳз бо мақсади ба кори таълиму тарбия мадад расонидан эҷод шудаанд… Мутахассисони ояндаи забон ва адабиёти тоҷик, фолклор ва фарҳанги миллӣ барои худ муайян карда метавонанд, ки эҷодиёти даҳанакии халқи тоҷик дар раванди ташаккули ҷаҳонбинии мутахассисони оянда мавқеи ниҳоят волову ҳалкунандаро дорост», - омадааст дар сарсухани омӯзнома.

«Фолклори бачагонаи тоҷик» дар нашриёти «Ирфон»-и шаҳри душанбе бо теъдоди 200 нусха ба чоп расида, барои донишҷӯён, омӯзгорон ва кулли дӯстдорони фарҳанги мардум тавсия шудааст.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

«Донишномаи фарҳанги мардуми тоҷик» ба нашр расид

Хабарҳо, Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

«Тоҷикистон Ватани Наврӯз аст» - ҳадяи Муҳаммад Ғоиб ба наврасони Тоҷикисто ...

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

«Аз тамрин то тамкини сухан» рўйи чоп омад

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Азми нашри 38 китоби бачагона дар соли 2015

Азми нашри 38 китоби бачагона дар соли 2015

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Даргузашти профессор Чалишев дар Кӯлоб

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА