Дар як сатр
» » Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шуд

24-06-2015, 15:12

Театри Кӯлоб соҳибҷоиза шудТеатри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Сайидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб бо намоиши «Фирдавсӣ»-и Меҳмон Бахтӣ дар таҳияи М. Миров сазовори ҷойҳои сеюм дар фестивал-озмуни ҷумҳуриявии театрҳои касбӣ – «Парасту-2015» гардид.

Дар доираи ин озмун, ки 15-19 июн дар шаҳри Душанбе бахшида ба 100-умин солгарди Артисти халқии СССР Аслӣ Бурҳонов баргузор шуд, 15 театри касбӣ намоишномаҳои худро манзури тамошогарон карданд.

Ҳунарпешаи Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Қӯрғонтеппа Ҷӯрахон Расулов барои иҷрои нақши Бобои Намоз дар намоиши «Барои фронт»-и Зариф Ибод ва ҳунарпешаи Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ноҳияи Данғара Маҳмадсаид Махсумов барои иҷрои нақши Бозор-милиса дар намоиши «Лаҳади Абдулаҳад»-и С. Аюбӣ ҷоизаи «Беҳтарин нақши эпизодӣ»-ро аз худ карданд.

«Шоҳҷоиза»-и Фестивал ба Театри мусиқӣ-драмавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ барои намоиши «Сияҳпӯш»-и С. Аюбӣ дар таҳияи Умед Хисравов тақдим гардид.

Заррина АМОНШОЕВА,
коромӯзи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоиши театрӣ дар таътили зимистона

Намоиши театрӣ дар таътили зимистона

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Ҷоизаи «Сухан» ба Аловуддин

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Намоиши спектакли «Журналист» дар Қӯрғонтеппа

Намоиши спектакли «Журналист» дар Қӯрғонтеппа

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

«Парасту-2015» ва 100-солагии Ҳунарпешаи халқии СССР

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА