Дар як сатр
» » Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум буд

Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум буд

24-06-2015, 08:36

Сӯзонидане, ки ба манфиати мардум будМаводҳои доруӣ ва ороишию гигиение, ки муддатҳо рафи дорухонаҳои вилоятро зеб медоданд, пас аз гузаштани муҳлати истифода ахиран дар партовгоҳи шаҳри Сарбанд сӯзонида шуданд.

– Ин тадбир ба хотири роҳ надодан ба ҳолатҳои зарар аз маводҳои зикршуда ба мардум соле ду маротиба роҳандозӣ мегардад, - зикр кард Муҳаммадҷон Қараев, муовини сардори Раёсати Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. - Маблағи маҳсулоти нестшуда, ки аз 277 номгӯ иборат буд, ба 141 ҳазору 937 сомонӣ баробар аст.

Таъкид гардид, ки чунин миқдори нестшудаи маводҳои ғайри қобили истифода дар қиёс ба шашмоҳаи дуюми соли гузашта 2,1 маротиба камтар аст. «Аз таъсири буҳрони иқтисодии ҷаҳонӣ талабот ба маводҳои доруӣ низ камтар шудааст. Аз ин лиҳоз, ширкатҳои фармасевтӣ мувофиқи талаботи бозор ҳаҷми воридотро кам карданд», - афзуд Қараев.

Дар истинод ба манбаи хабар, маводҳои нестшуда дар асоси аризаи маъмурони ширкатҳои фармасевтӣ, муассисаҳои табобатӣ ва ҳоказо ғундошта шуда буданд. Вале солҳои пеш қисми муайяни маводҳои ороишию доруворӣ ҳангоми санҷишу рейдҳои кормандони раёсат аз муомилот бардошта мешуданд. Ин, ба андешаи Қараев, аз зиёд шудани ҳисси масъулиятшиносии соҳибкорон дарак медиҳад.

- Аз оне ки маҳсулоти худро ба ин ҷо оварда месӯзонед, зарари молиявӣ намебинед?, - пурсидам аз Шералӣ Раҳматов, масъули ширкати «Сомон-фарм».

- Бе зарари молиявӣ намешавад, аммо бароямон ҳифзи саломатии мардум муҳимтар аст, - посух дод ӯ. - Мо ба ҳеҷ ваҷҳ доруворию дигар маҳсулоти куҳнашударо намефурӯшем.

Иттилоъ дода шуд, ки баҳри пешгирӣ аз фурӯши маҳсулоти пастсифату муҳлатгузаштаи доруӣ ва ороишию гигиенӣ дар назди Раёсати Хадамоти давлатии назорати фаъолияти фармасевтии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон озмоишгоҳи муҷаҳҳаз бо асбобҳои кории муосир амал мекардааст ва феълан дар маҷмӯъ 30 корманди ниҳоди болозикр дар хидмати аҳли ҷомеа қарор доштааст.

Зокир ҲАСАН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Ифшои 17 млн. сомонӣ зарари молиявӣ аз ҷониби Агентии коррупсионӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дорусозони Хатлон хайр карданд

Дорусозони Хатлон хайр карданд

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҷилавгирӣ аз қочоқи 5,5 ҳазор кило шираи камол

Ҷилавгирӣ аз қочоқи 5,5 ҳазор кило шираи камол

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

Маҳви доруҳои пастсифату куҳна дар Кӯлоб

Хабарҳо, НАҶОТ САФАРЗОДА