Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » 95,4 фоизи нақша таъмин шуд


95,4 фоизи нақша таъмин шуд



Бо мақсади захираи кофии маҳсулоти ғизоӣ барои зимистон ва дар тамоми фаслҳои сол таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввал дар мавсими кишти такрорӣ дар ноҳияҳои ҷануби вилояти Хатлон ба парвариши сабзавоту полезиҳо ва ғалладонагиҳо, аз қабили ҷуворимаккаи дон, шолӣ, мошу дигар маҳсулоти лӯбиёгӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода мешавад.
 

Аз рӯи маълумотҳои Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят  дар майдони 130 ҳазору 222 гектар замин кишти такрорӣ гузаронида мешавад. Хоҷагидорон баъди гирифтани ҳосили дилхоҳ аз кишти баҳорӣ, дар баробари иҷрои нақшаи кишти донагиҳо, инчунин, ба парвариши сабзавоту полезиҳо таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд, ки айни замон нарху навои онҳо дар бозорҳои кишвар боло рафтааст. 

Бо дарназардошти эҳтимоли норасоии маводи ғизоӣ дар баъзе кишварҳои олам, деҳқонони вилояти Хатлон бо тавсияву роҳнамоии мутахассисони соҳа дар кишти дуюмбора бештар парвариши зироатҳои муҳлати истифодаашон дарозмуддат, аз қабили ҷуворимаккаи дон, шолӣ, мошу дигар лӯбиёиҳоро ба роҳ монда истодаанд. Аз ҷумла, дар ин шабу рӯз кишоварзони ноҳияи Дӯстӣ кишти такрории ин навъ зироатҳоро ба анҷом расонида, барои гирифтани ҳосили дилхоҳ ба коркарди қаторҳои маҳсулоти парваришнамудаи худ машғуланд.

Ба гуфтаи масъулони соҳаи кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, баъди бунёду барқарорсозии пойгоҳҳои обкашӣ дар минтақаи Гараутии деҳоти “20-солагии Истиқлолияти давлатӣ”-и ноҳия садҳо гектар заминҳои бекорхобида ба гардиши кишоварзӣ дароварда шуда, ҳамзамон, сокинони деҳоти атроф ба пешаи заминкорӣ шавқу рағбати зиёд пайдо карда истодаанд. Ҳамакнун, давоми се соли охир бо фароҳам гардидани имкониятҳо ҷиҳати беҳдошти ҳолати мелиоративии заминҳо ва таъмини хоҷагиҳо бо оби полезӣ деҳқонони ин минтақаи офтобӣ дар тамоми мавсимҳои сол аз замин ҳосили фаровон мегиранд.

Бино бар иттилои Комил Ҳоҷаяров, сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Дӯстӣ, дар мавсими имсолаи кишти такрорӣ дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия дар майдони 520 гектар замин сабзӣ кишт карда мешавад, то аз болоравии бесобиқаи нархи ин маҳсулот дар бозорҳои кишвар пешгирӣ карда шавад. 

- Тибқи дурнамо баъди ҷамъоварии ҳосили аввал деҳқонони ноҳияи Дӯстӣ дар майдони 8 ҳазору 858 гектар замин кишти такрорӣ хоҳанд гузаронид, ки аз ин 5 ҳазору 325 гектар ғалладонагӣ, 1516 гектар сабзавот, 350 гектар полезӣ ва 190 гектарро кишти картошка ташкил медиҳад.

Аз рӯйи маълумотҳои фаврии Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, то 28-уми июли соли равон дар ҳама бахшҳои хоҷагидории вилоят дар майдони 124 ҳазору 286 гектар замин кишти зироатҳои гуногун гузаронида шудааст, ки ин 95,4 фисади нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. 

Ба андешаи коршиносони соҳаи кишоварзӣ, иқлими мусоиди вилояти Хатлон имкон медиҳад, ки деҳқонон тавассути дуруст ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ ва коркарди саривақтии зироатҳо соле  ду-се ҳосил бардошта, дар ғанисозии бозорҳои истеъмолӣ бо маҳсулоти тару тоза саҳми муносиб гузоранд. 
 
Шаҳлои АҲМАДҶОН, 
коромӯзи “Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода