Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Эмгузаронӣ-кафолати саломатӣ


Эмгузаронӣ-кафолати саломатӣ



Яке аз тадбирҳои асосии мубориза алайҳи бемории COVID-19 ва пешгирии он дар баробари риояи қоидаҳои санитарӣ -эпидемиологӣ ба ваксина фаро гирифтани аҳолӣ мебошад. Ин ҷиҳати масъала аст, ки бо мусоидати давлату Ҳукумати кишвар ба ҷумҳуриамон ба қадри зарурӣ ваксина ворид гардида, алҳол дар кулли навоҳии кишварамон эмгузаронӣ идома дорад.


Аз ҷумла, дар ин бахш дар ноҳияи Восеъ хизматрасонии тиббӣ - гузаронидани ваксинаи зидди бемории коронавирус босуръат идома дорад.

Чуноне зимни суҳбат директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳия Абдуқодир Сафарзода иброз дошт, дар кулли марказҳои саломатӣ, бунгоҳҳои тиббӣ ва ҳамчунин КАТС-у маркази иммунопрофилактикаи ноҳия ҳуҷраҳои махсуси эмгузаронӣ ташкил карда шудааст, ки аҳолӣ бо ваксина фаро гирифта мешаванд. 

- Бо мақсади пурра фаро гирифтани аҳолӣ бо ваксина дар ҳудуди се бозори доимоамалкунандаи маркази шаҳраки Ҳулбуки «Наврӯз», «Нури Восеъ» ва «Деҳқонбозор» ҳуҷраҳои махсуси эмгузаронӣ ташкил карда шудааст, ки соҳибкорону фурӯшандаҳо ва дигар шахсони хоҳишманд эм гузаронида мешаванд,-афзуд Абдуқодир Сафарзода. 

Бо мақсади боз ҳам тезонидани рафти маъракаи эмгузаронӣ кормандони Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солими ноҳия бо соҳибкорону фурӯшандаҳо ва харидорони ин бозорҳо суҳбату вохӯриҳо баргузор намуда, фоидаю манфиати гузаронидани ваксинаро ташвиқу тарғиб менамоянд.

То имрӯз чуноне ки аз маълумоти омории Маркази иммунопрофилактикии ноҳия бар меояд, ба қадри 9,1 фоизи аҳолии қобили ваксинасия иммунизатсия карда шудааст.

-Бо боварии том гуфта метавонем, ки маъракаи эмгузаронӣ дар ноҳия бомуваффақият гузаронида шуда, саломатии мардум бо дастгирии   давлату Ҳукумати кишварамон ҳифз карда мешавад,- гуфт Абдуқодир Сафарзода.
 
Наҷот САФАРЗОДА

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода