Дар як сатр
» » 22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар Тоҷикистон

23-06-2015, 16:31

22 млн.$-и Бонки Ҷаҳонӣ барои рушди кишоварзӣ ва тандурустӣ дар ТоҷикистонБонки Ҷаҳонӣ барои иҷрои ду тарҳ дар бахши тандурустӣ ва хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон дар ҳаҷми 22 миллион доллари амрикоӣ иловатан маблағгузорӣ хоҳад кард.

12 миллион доллари ин сармоягузорӣ ба "Лоиҳаи дуюми корҳои ҷамъиятӣ барои рушди устувори кишоварзӣ ва идоракунии захираҳои об дар Тоҷикистон" дахл дорад. Ин маблағ имкон медиҳад, ки вазъи обёрии 70 000 гектар замин беҳбуд ёфта, ҳудуди се километр шабакаи обёрӣ дар шаш ноҳия - Шаҳритус, Қубодиён, Вахш, Қумсангир, Данғара ва Ваҳдат барқарор шавад. Яке аз ҳадафҳои аслии ин лоиҳа фароҳам овардани имкониятҳои иловагии шуғл барои 10 ҳазор нафар аз қишри аз ҳама осебпазири аҳолӣ дар робита бо сустшавии афзоиши иқтисодӣ, коҳишёбии интиқоли маблағҳои пулӣ ва хавфҳои чашмдошти алоқаманд бо амнияти озуқавории хонаводаҳо унвон мешавад.

Шӯрои директорони Бонки ҷаҳонӣ ҳамчунин маблағгузории иловагиро дар ҳаҷми 10 миллион доллари ИМА аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи такмилдиҳии хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон, ки аз моҳи августи соли 2013 инҷониб ҷиҳати вусъатдиҳии фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои кӯмаки аввалии тиббию санитарӣ дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, ба тасвиб расонид.

Лоиҳаи такмилдиҳии хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон ба беҳтар намудани саломатии модару кӯдак ва беҳсозии кори муассисаҳои тандурустии деҳот равона шудааст. Айни замон, он дар ҳашт ноҳияи вилоятҳои Хатлон ва Суғд бо фарогирии 314 муассисаи тиббӣ ва тақрибан 1,86 млн. нафар аҳолӣ амалӣ мегардад.

Маблағгузории иловагӣ дар васеъ намудани фаъолияти мазкур ба чор ноҳияи иловагӣ дар вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мусоидат мекунад. Ғайр аз ин, он азнавсозии беш аз 20 муассисаи иловагии кӯмаки аввалии тиббию санитариро маблағгузорӣ мекунад.

Дар доираи лоиҳаи интиҳоӣ ва маблағгузории иловагии он барқарорсозии беш аз 32 маркази тиббӣ дар минтақаҳои деҳот маблағгузорӣ карда мешавад. Айни замон, тарҳрезии дувоздаҳ лоиҳаи аввалини барқарорсозии муассисаҳои тиббӣ идома дорад ва оғози корҳои сохтмонӣ дар аввали соли 2016 ба нақша гирифта шудааст.

Сандуқи фаъоли Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 21 лоиҳа (аз он ҷумла лоиҳаҳои минтақавӣ) иборат аст, ки маблағи умумии онҳо 323,4 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳаҳои мазкур ба дастгирии рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои ҷамъиятӣ ба аҳолӣ ба монанди маориф, тандурустӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ равона шудаанд.

М. НОСИРҶОН


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Муаррифии лоиҳаи нав оид ба саломатӣ ва ғизо дар вилояти Хатлон

Иқтисоду тиҷорат, Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Қадпастӣ, лоғарӣ ва камвазнии кӯдакони хатлониро пешгирӣ менамоянд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

22 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардид

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Татбиқи лоиҳаи нави тиббӣ дар Хатлон

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тибби оилавӣ рушд меёбад

Тандурустӣ ва экология