Дар як сатр
» » Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузург

1-01-2015, 15:02

Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузургШояд кам касе ба мисоли мино раҳнамои беғарази зиндагии ҳазорон нафар бошад. Шояд кам касе руҳи инсонро тавонад бисозад, шахсиятро шакл бидиҳад, гавҳарро андаруни гил бубинад, Минои ояндаи Фард бошад. Оне, ки ҳеҷ кас буд, Фард шуд, Шахсият шуд, Худ шинохт. Миное, ки инсонро ба ояндаи дурахшонаш аз имрӯз раҳнамоӣ мекунад….

Хушбахт аст, оне ки ин Миноро дар зиндагии худ дар симои инсони поктинате дида. Зеро чунинҳо ҳар рӯз зода намешаванд. Чунинҳо нотакроранд…

АҚЛИМО ДАВРОНОВНА

ОМӮЗГОР. Омӯзгоре бо ҳарфи калон…
Мураббӣ. Шоҳсутуни низоми таълиму тарбия…
Модар. Силаи раҳми ҳазорон кӯдаки наслҳои наву кӯҳна…
Содиқ. Содиқ ба касбу кор…
Муҳандис. Муҳандиси рӯҳи инсон…
Меъмор. Хишти аввали зиндагии инсон ба дасти ӯст…
«Мушкилосонкункас». Оне, ки чизҳои душворро барои шогирд сода мекунад.
Ошиқ. Ошиқи Худо, илм, мактаб ва китоб…

БА ҶОЙИ АВВАЛСУХАН

Ақлимо Давроновна -- омӯзгоре бо ҳарфҳои бузургДар воқеъ, феҳрасти тавсифи кори омӯзгори асил Ақлимо Давроновна Баҳриддинова метавонад хеле тӯлонӣ ва беохир бошад. Бисёр андак аст шумораи афроде, ки ҳар сифату мадҳе, ки мегӯӣ, ба вай оид бошад. Устод Ақлимо Давроновна аз ҷумлаи ҳамин нафаронест, ки бо дасту дили гармаш, бо садоқаташ, бо муҳаббаташ ба мактаб, ба шогирдон дар замири ҳазорон нафар маскан гирифта. Хушбахт он шогирдест, ки соате панду андарз, шеъри ноби тоҷикиро бо лаҳни зебои ӯ дар паси мизи талабагӣ шунида.

Адиби маъруфи рус Лев Толстой гӯё, ки маҳз дар васфи Ақлимо Давроновна гуфтааст: «Агар омӯзгор танҳо ба кор муҳаббат дорад, омӯзгори хуб аст. Агар омӯзгор танҳо ба шогирдаш муҳаббат дорад, ҳамчун падар ё модар – вай беҳтар аз он омӯзгорест, ки ҳамаи китобҳоро мутолиа кардааст, аммо ба кору ба шогирдон меҳр надорад. Агар омӯзгор дар ниҳодаш муҳаббатро нисбат ба касбу шогирдон тавъам созад, омӯзгори комилу асил ӯст».

АЗ БОМИ ҶАҲОН ТО ВОДИИ ВАХШ
«Силаи раҳми муаллимон муҳаббат ба кори омӯзгориро дар дили мани ятим ҷой кард». Аз дафтари хотироти А.Д.Б.

Ақлимо ҳанӯз дар 3-солагӣ аз падару дар 6-солагӣ аз модар маҳрум монд. Аммааш ӯ ва хоҳарашро ба тарбияи худ гирифт. Синфи 7-умро дар яке аз мактабҳои шаҳри Хоруғ хатм карда, шомили омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Хоруғ гардид. Пас аз чанд соли таҳсил, омӯзишгоҳро низ бо баҳои аъло ва дипломи сурх хатм кард.

Азбаски амакаш одами зиёӣ буд, ҳамроҳи духтараш Ақлимоҳро низ ба Душанбе, ба донишгоҳи омӯзгории ба номи Шевченко, имрӯза Айнӣ, барои идомаи таҳсил фиристод. «Азбаски падару модар надоштам, дасти гарму силаи раҳмро танҳо аз омӯзгорон медидам. Ҳамин лутфу меҳрубонии муаллимон буд, ки нисбати касби омӯзгорӣ дар замирам тухми муҳаббат кишт», - ёд меорад Ақлимо Давроновна.

Бисёриҳо он замон ҳам метарсиданд, ки агар пуштибоне надошта бошанд, дохил шудан ба мактаби олӣ мушкил хоҳад буд. Аммо ин духтараки хурдҷуссаи рӯсурхаки ятиму бесарпаноҳ, таваккал ба Худо, вориди утоқи имтиноҳот гардид. Аз иншо, имтиҳони аввал, баҳои «4» гирифт, мавзӯяш ҳанӯз дар хотираш ҳаст, ки «Китоб – сарчашмаи дониш» буд. Аз фанни таърих ва ду имтиҳони дигар баҳои 5 гирифт. Ҳамин тавр, ин духтари сағираи кӯҳистонӣ, ки худро паррандаи беболу пари Помир меномид, сазовори номи баланди донишҷӯ шуд ва ба орзую омолаш расид. Орзуе, ки солҳои сол онро дар замираш мепарварид.

ҲАМСАБАҚИ ЛОИҚУ МЕҲМОНУ КАРОМАТУЛЛО

Ақлимо Баҳриддиноваро мешавад намояндаи насли тиллоии илми забон ва адабиёти тоҷик номид. Зеро ҳамсабақони ӯ дар оянда чеҳраҳои намоёни илму адаб гаштанд. Меҳмон Бахтӣ, ҳоло раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Лоиқ Шералӣ, Шоири халқии Тоҷикистон, Кароматулло Мирзоев, Адиби халқии Тоҷикистон, Давлатов, корманди Академияи илмҳо, Бойкелдӣ Дӯстов, журналисти маъруфи тоҷик, Зариф Ибод, шоир, Шаҳрванди фахрии шаҳри Қӯрғонтеппа ва дигарон Ақлиморо дӯст медоштанду эҳтироми зиёдеро нисбаташ қоил буданд.

Лоиқ ӯро «апаи худам» гӯён муроҷиат мекард ва зиёд муҳаббат дошт нисбаташ. Вале яке аз ҳамсабақони дигараш Абулқосим Баҳриддинов, ҷавони панҷакентӣ, ки навъе ҳамтақдири Ақлимо Давроновна, яъне ятим буд, тавонист ба дили мисли кӯҳҳои осмонбӯси Помир дастнораси Ақлимо роҳ ёбад. Ҳарду факултаи таъриху филологияи донишгоҳро бо баҳои 4-у 5 тамом карда, бо роҳхат ба водии Вахш барои кор фиристода шуданд.

Аммо қабл аз роҳӣ шудан ҳамсабақонаш хостанд, ки маблағ гирд оварда, базми арӯсии ин ду ҷавони ошиқро барпо кунанд. Аммо амаки Ақлимоҳ ба ин розӣ нашуда, дар Бадахшон, зодгоҳи ӯ, базми зебое барои навҷавонон оросту баъд барояшон дуои нек дод.

Ақлимо Давроновна ҳамроҳи ҳамсараш 5 соли аввали пас аз хатми донишгоҳ дар яке аз мактабҳои ноҳияи Бохтар кор карданд. Баъдан, соли 1968 дар шаҳри Қӯрғонтеппа мактаби наве бунёд шуду Абулқосим Баҳриддиновро дар ин ҷо сарвар таъин карданд. Ақлимоҳ Давроновна низ барои кор ба маркази вилоят омад ва ҳамакнун беш аз 46 сол аст, ки дар ҳамин даргоҳи маърифат хизмат мекунад.

«БЕ МАКТАБ МЕМИРАМ…»
«Ба қудрате, ки омӯзгор дар мактаб дорад, сарвазирон ҳам ҳасад мебаранд». Аз дафтари хотироти А.Д.Б.

Ҳамсарашро пас аз чанд соли сарварӣ дар мактаби рақами 12-и Қӯрғонтеппа ба кори ҳукумат ҷалб карданд. Худи Ақлимоҳ Давроновнаро низ ба шӯъбаи комсомолии шаҳри Қӯрғонтеппа даъват намуданд. Аммо вай ҷавоби рад дод. Гуфт, ки омӯзишгоҳу донишгоҳро на барои кори идорӣ хатм кардааст, балки ҳеҷ шуғли дигар шавқу меҳри омӯзгориро дар қалбаш хомӯш карда наметавонад. Вай худро бе шогирдон, бе кӯдакон дида наметавонист. Пушти мизи омӯзгорӣ нишастан барояш беҳтарин мансаб буд ва ҳаст. Беҳуда сиёсатмадори маъруфи бритониёӣ Уинстон Черчил нагуфтааст, ки «Омӯзгорони мактаб соҳиби он қудрате ҳастанд, ки ҳатто сарвазирон ҳам онро орзу мекунанд».

Вай содиқ ба кори мактаб, мактаби рақами 12 боқӣ монд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ҳазорон омӯзгор ба сабаби бемаошӣ тарки кори мактаб карданд, вай аз ҷумлаи камшумортарин омӯзгорон буд, ки бемузд кор мекард. Сифати дарсаш ҳамоно баланду қобили таҳсин буд. Ҳеҷ кори дигареро дар идораҳои «сермаош» ё мактабҳои типи нав, ки тоза ба миён меомаданд, напазируфт.

- Синну солам ба ҷое расида бошад ҳам, дар хона нишаста наметавонам, - мегӯяд Ақлимо Давроновна. - Се моҳе, ки кӯдакон ба таътили тобистона мераванд, бароям мисли се сол тӯл мекашад. Шогирдонро ёд мекунам. Онҳоеро, ки гоҳе мағзи сарамро бо ғавғои худ сӯрох мекунанд, пазмон мешавам. Агар Худо ба ман умри дубора медод, боз ҳам омӯзгор мешудам.

Ман бе мактаб мемирам…

АҚЛИМО ВА АБУЛҚОСИМ
«Худо ҳеҷ гоҳ занро аз шавҳар ва шавҳарро аз зан ҷудо накунад». Аз дафтари хотироти А.Д.Б.

- Ҳақиқатан, агар зану шавҳар маълумоти олӣ дошта бошанд, хуб аст, зиндагӣ осон мегузарад, ҳамдигарфаҳмии комил дар муносибатҳо ҳосил мешавад, - мегӯяд А. Баҳриддинова. - Ҳамсари ман бисёр ҷиддӣ буданд, мунаққиди аслии кори ман буданд. Маро танқид мекарданд, вале ҳамзамон машварат медоданд, ташвиқ мекарданд, ки корам беҳтар шавад. Ман хафа намешудам, зеро агар дар замони Шӯравӣ мегуфтанд, ки «танқид меваи коммунизм аст», ҳоло мегӯям, ки танқид пешравии кору асоси рушди ҷомеа мебошад. Зиндагиамон хеле хуб буд, соҳиби се фарзанд шудем. Ҳарсе фарзандамон хатмкардаи макотиби олии кишвар ҳастанд. Фарзанд дорам, набераҳо дорам, шукри Худо, аммо ҷойгоҳи ҳамсарам дигар буд, сутуни хонаи мо буданд. Офаридгор раҳматаш кунад.

БА ҶОЙИ ОХИРСУХАН

Устод Ақлимо Давроновна беш аз 50 соли умри худро ба кори мактабу маориф бахшидаанд. Ҳар субҳ бо муҳаббат, мисле ки аввалин бор ба сӯйи мактаби азиз ва шогирдони худ мешитобанд. Хеле ҳалим, хушсухан, ботамкин, вале ҳамзамон босалобату дар мавқеъгирӣ устувор ҳастанд. Заҳматҳои бебаркаши устодро давлат бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон», ҷоизаи ба номи Крупская ва ғайра қадр кардааст. Устод дар ҳақиқат профессионал ҳастанд, соҳиби сухан, соҳиби пешаи худ.

Дар воқеъ, «бе мураббӣ зери гардун муътабар натвон шудан». Ҳоло шогирдони Ақлимо Давроновнаро дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дидан мумкин аст. Яке корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бошад, дигаре намояндаи созмони байналмилалист, яке омӯзгору дигаре табиб, яке ҳуқуқшинос асту дигаре журналист.

Устод гавҳаршиносанд, ба ҳар шогирд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, вижагии хислат, тавоноӣ ва дониши шогирдро дуруст арзёбӣ ва ба суди худи ӯ истифода мекунанд, ки аз касбияти баланди он кас шаҳодат медиҳад.

Ба Ақлимо Давроновна, устоди арҷманд, ки беш аз 50 сол дар соҳаи маориф бори пурмасъулияти омӯзгорӣ мекашад, саломатии бардавому рӯзгори осуда орзу мекунам. Тамоми комёбиҳое, ки мо, шогирдон, дорем, марбути Ақлимо Давроновна аст, чун хишти аввали кохи маърифатро маҳз он кас гузоштаанд. Дуо мекунем, ки Устод дар таълиму тарбияи наслҳои зиёди миллати тоҷик дар оянда низ саҳмгузор бошанд, ҳамон гуна ки то имрӯз буданд.

Ҳар киро устод набвад, кор бар бунёд нест,
Дар раҳи маънӣ рафиқи беҳтар аз устод нест.


Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон,
Аълочии матбуот ва фарҳанги ҶТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Умри 70-солаи устод беҳуда нагузашт

Хабарҳо, Номаҳои Шумо
Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Баҳси омӯзгору шогирд бо чӣ анҷом меёбад?

Ҷавонон ва варзиш, Маориф ва илм
Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Чаро омӯзгор бо либоси хоси наварӯсон ба мактаб меояд?

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Кӯдакони замони ҷанг чӣ орзу доштанд?

Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш
Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА