Дар як сатр
» » Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…

19-06-2015, 15:09

Эксперименти «Хатлон»: Ним рӯзи кор – 1 сомонӣ фоида…Имрӯз дар бозорҳо савдогарони зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки барои дастмузде пайдо кардан дар гӯшаҳои бозор нишаста, ба фурӯши сабзавоту полезиҳо машғул ҳастанд. Пӯшида нест, ки қисмате аз фурӯшандагон барои андак фоидаи бештар ба даст овардан миёни ҳамдигар садгузорию бахилӣ менамоянд.

Бо супориши идораи рӯзномаи «Хатлон» банда бояд ба бозор рафта, азобу машаққати як рӯзи кории сабзавотфурӯшонро ба риштаи тасвир мекашидам. Агарчи бароям душвор буд, худро ҳамчун савдогари навкор вонамуд кардам.


Субҳи барвақт ба бозори «Ҳоҷӣ Шариф» рафта, як халтаи 25-килоии пиёзро бар ивази 20 сомонӣ харидам. Баробари ворид гаштан ба бозори «Фаровон»-и Қӯрғонтеппа наздик ба савдогарони пиёз ҷойи мувофиқе барои худ пайдо намуда, ба савдои пиёз машғул шудам.

Албатта, дар аввал савдогарони дигар ба ман бо чашми нафрат менигаристанду ҳайрон буданд, ки мани «нахӯди пеши қошуқ» кистам. Ниҳоят, яке аз фурӯшандагон, ки марди миёнсолро мемонду аз банда ва халтаи пиёз чашм намеканд, бо сухани баланду якмаром нидо кард: «Ту кистӣ, бача?!»

- Албатта, ки одам, ако, - гуфтам ман.

- Чӣ мекунӣ, дар ин ҷо? – ҷаҳломез пурсид ӯ.

- Пиёзамро фурӯхта пул мекунам, дигар чӣ ҳам мекардам, - гуфтам ман. Вале баробари ин гӯё дар даҳонаш об гирифт, ки садое набаровард ва чанде баъд боз забон кушода: «Биё, бача, пиёзи арзон дорам: 1 кг - як сомонӣ! Бисёр гиред, арзон ҳам мешавад, марҳамат…», - мегуфт.

Воқеан ҳам бароям аҷиб буд, ки чӣ тавр барои фурӯши маҳсулот дар ин ҷой мубориза мебаранд. Пас аз 1 соати нишаст нафаре ҳам пурсон нашуд, ки пиёзат чанд пул аст? Аз ин ғамгин шуда будам. Сар фурӯ бурда интизори он будам, ки оқибат чӣ мешуда бошад. Дар ҳамин вақт марде аз савдогарон шояд ба хотири сифати бори ман хубтар буданаш пурсон шуд, ки пиёз чанд пул шуд?

- 1 сомонӣ, ако, - шодона посух додам. - Чанд килограмм баркашам?

- Ҳамаашро мегирам, - дар ҷавоб гуфт марди қадбаланде, ки аз ман каме онсӯтар савдо мекард.

Барои ман фурӯхтани пиёз не, балки огоҳӣ ёфтан аз назокатҳои савдои фурӯшандаҳо ва тасвири машаққати якрӯзаи онҳо барои дарёфти ризқу рӯзӣ, ки ҳадафи аслӣ буд, ин пешниҳоди мард-ро рад карда гуфтам: «Не, ако, ман чакана мефурӯшам, ин хел шояд фоидаи бештаре ба даст оварам…» Мард андаке табассум карду гуфт: «Ҳамин худат савдогарӣ охир?»

- Магар ба дуздҳо монандам? - хитоб кардам ман.

- Нею хайр майлаш, худат медонӣ, - гӯён назди бораш рафт.

Ҳар дақиқаю ҳар соат ба дунёи воқеии савдогарон ворид мегаштам. Дарк кардам, ки барои борат ба фурӯш рафтан бояд чусту чолок бошӣ ва дурӯғ гуфта тавонӣ. Зеро молатро таърифу тавсиф накунӣ, касе ба он аҳамият намедодааст. Ғарқи чунин фикрҳо будам, ки садое ба гӯшам расид: «Ҳой бача, ба ман 25 кг пиёз кашида диҳед!». Ин харидори маҳсулотамро низ ноумед карда гуфтам:

- Не, ман яклухт савдо намекунам…

Ин ҳолро дида, зане, ки дар бари ман нишаста ба савдои сабзавот машғул буд, гуфт: «Э, бача, ту чӣ хел савдогарӣ, охир молатро чаро бо килои бештар савдо намекунӣ?! Ин хел харидор дигар намеёбӣ!»

…Азбаски бори аввал ба тиҷорат машғул мешудам, мушкилӣ ва монеаҳо зиёд буданд. Фикр мекардам, ки чаро онҳо бо ман чунин муносибат мекарда бошанд? Сипас, аз гуфторҳояшон пайхас намудам, ки маҳсулоти бафурӯшбаровардаи соҳибкорони дар паҳлуи манбуда сифати нисбатан паст доштааст, аммо бо арзиши баланд ба савдо гузошта будаанд.

Ниҳоят, баъди интизориҳои зиёд ва гармии тоқатфарсои бозор як харидори маҳсулоти мо низ пайдо шуд. Харидор гуфт, ки барояш 5 кг пиёз баркашем, аммо ман тарозу надоштам. Аз шахсе, ки дар паҳлуям савдо мекард, хоҳиш кардам, тарозуяшро лаҳзае ба ман диҳад. ӯ бо қавоқи овезон ва дили нохоҳам тарозуяшро бароям дод.

Пас аз рафтани харидор боз ҳамон марди миёнсоле, ки мехост бори маро бо нархи яклухт харидорӣ намояду розӣ нашудам, омаду гуфт: «Чекро намедиҳӣ?»

- Медиҳам, аммо ба Шумо нею ба «чекчин»-и бозор!, - санҷиданӣ шудам ӯро.

- Ман ба ҷойи ту аллакай «чек» супоридам, ту ва ин зани паҳлуят ҳарду ба ман ҷамъ 6 сомонӣ диҳед!, - нидо кард ӯ.

Дар сурате, ки «чек» 1 сомонӣ аст, он марди савдогар моро гӯл зада, 6 сомонӣ гирифтан мехост. Зане, ки дар паҳлуям менишаст, гуфт:

- Мо рӯзи дароз барои ҳамин як сомонӣ менишинем, шумо бошед, 6 сомонӣ мегӯед!

Атрофиёни мо ба гуфтаҳои он зан ҳамроҳ шуда садо карданд, ки «туро кӣ чекчин мондааст?!»
Рангу рӯйи он мард тағйир ёфта, «ман шӯхӣ кардам» гуфту аз назди мо дур шуд...

То ба ҳол фикр мекардам, ки бадиву бахилӣ танҳо дар баъзе идораву корхонаҳо мавҷуд аст, вале дар таҷрибаи якрӯзаи савдогариам дар бозор фаҳмидам, ки чунин кор дар ҳама ҷо будааст.

Пас аз он, ки тамоми пиёзи халта ба фурӯш рафт, дастамро ба ҷайбам бурда хостам, ки даромади овардаамро фаҳмам. Маълум гашт, ки 25 сомонӣ (20 сомонӣ барои хариди халтаи пиёз, 4 сомонӣ роҳхарҷӣ ва 1 сомонӣ халтачаи селофанӣ) сарф намуда, ҷамъан 26 сомонӣ даромад доштаам. Яъне дар давоми 4 соати «савдогарӣ»-и худ дар маҷмӯъ ҳамагӣ 1 сомонӣ фоида ба даст овардаам...

Фаромӯз БОБОЕВ,
коромӯзи рӯзномаи «Хатлон»

«Хатлон», №26, аз 11 июни соли 2015



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Фитри рӯзаро ба моҳифурӯш додам»

«Фитри рӯзаро ба моҳифурӯш додам»

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ
«Давлати пирӣ»?

«Давлати пирӣ»?

Ҳаёти иҷтимоӣ, Таҳқиқи журналистӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
24,3 тонна нону 10 тонна гӯшт - талаботи якрӯзаи сокинони Қӯрғонтеппа

24,3 тонна нону 10 тонна гӯшт - талаботи якрӯзаи сокинони Қӯрғонтеппа

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор дароварданд

«Хушдомани золим» ва «Гопӣ»-ро ба бозор дароварданд

Ҳаёти иҷтимоӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР
Биё, балам, фолат кушоям…

Биё, балам, фолат кушоям…

Ҳаёти иҷтимоӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ