Рӯзномаи Хатлон » Слайдер » Боз 14 оилаи аз офат зарардида ба манзилҳои нави худ ворид шуданд


Боз 14 оилаи аз офат зарардида ба манзилҳои нави худ ворид шуданд



Дар деҳаи Иттифоқи ноҳияи Вахш дирӯз, 5 август, бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода боз 14 манзили навбунёд мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.


Ин манзилҳо барои сокинони маҳаллии аз офати табиии рӯзҳои 11-12 май зарардида сохта шудаанд.
Раиси вилоят дар вазъи тантанавӣ калиди хонаҳоро ба соҳибонашон супурда, барояшон хушбахтиву саломатии бардавом таманно намуд.

Ёдовар мешавем, ки 15 июн бо иштироки Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 манзили истиқоматии сокинони ин деҳаи офатдида мавриди истифода қарор гирифта буд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” дидан намуда, бо рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии оилаҳои зарардида шинос шуданд. 

Хонаҳои бунёдгардида аз 4 ҳуҷраи барҳаво, даҳлез ва айвон иборат буда, бо тамоми шароити буду боши зиндагӣ таъмин мебошанд.

Зимни мулоқоту суҳбат бо намояндагони 14 оилаи соҳибхона раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода қайд намуд, ки ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони осебдида ва бартараф намудани офати табиӣ зери назорати қатъии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. 

Соҳибони хонаҳои нав-бунёд Гуландом Қурбонова, Юсуфҷон Боқиев, Ҷамолбӣ Ҷӯрахӯҷаева, Маҳмадшоҳ Қурбонов, Боғигул Нуруллоева ва дигарон аз ин амалҳои башардӯстонаи роҳбарияти олии кишвар, мақомотҳои иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш ва ҳамаи соҳибкорону дастандаркорон изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кумакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Ҷамолбӣ Ҷӯрахӯҷаева, сокини 65-солаи манзили навбунёди №222, зимни суҳбат бо мо гуфт, ки то замони офати табиӣ як хонаи гилии дуҳуҷрагӣ дошт. Хушбахтона, акнун манзили васеъ ва бехатари чорҳуҷрагӣ дорад. Вай бо шукргузорӣ иброз дошт, ки имрӯз дар давлати орому соҳибихтиёр зиндагӣ мекунад ва пайваста зери таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни мулоқоташ бо сокинони деҳаи Иттифоқ онҳоро ба истифодаи пурсамари заминҳои наздиҳавлигӣ, кишти зироати кишоварзӣ, ободониву хуррамгардонии атрофи манзилҳои навбунёдашон даъват намуд.
- Мо бояд сарҷамъу муттаҳид бошем, зеро асоси ободониву амонӣ ваҳдат аст, -  қайд кард раиси вилоят. – Бовар дорам, ки минбаъд шумо ба пешвози 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ободонии кӯчаву деҳаи худ саҳми намоён мегузоред ва ин мавзеъро ба деҳаи намунавӣ табдил медиҳед. 

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода афзуд, ки дар деҳаи Иттифоқ сохтмони бунгоҳи тиббӣ, таваллудхона ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ оғоз гардида, то охири соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Ҳамзамон ҷиҳати чароғонкунии деҳа чораандешӣ карда мешавад.

Бо дарназардошти ин, бошандагони деҳоти “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ваъда доданд, ки аз як гиребон сар бароварда, дар ободӣ ва пойдории сулҳу суботи кишвар саҳми муносиби худро мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 майи соли 2021 бар асари боридани боронҳои бошиддати пай дар пай ва омадани сел, ба хоҷагиҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла деҳоти “Машъал”, “20-солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ва “Ваҳдат” хисороти калони иқтисодӣ расида, дар натиҷа 41 манзили истиқоматӣ пурра, 33 хона қисман, 130 иншооти ёрирасони хоҷагиҳо, 8 адад пул, 10 километр роҳҳои автомобилгард ва майдони 1933 гектар зироатҳои кишоварзӣ хароб гардида буд. Мутаассифона, ин ҳодиса боиси як талафоти ҷонӣ шуд. Маҷмӯан, зарари умумии расонидаи офати табиӣ 22 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил дод.

Ҳамакнун шумораи хонаҳои аз нав бунёдшуда дар ин мавзеъ ба 28 адад расид. То ин вақт 14 манзили зист сохтаву соҳибонашон бӯрёкӯбон кардаанд. Бунёди 12 манзили зисти дигар барои сокинони зарардидаи деҳаи Иттифоқ бомаром идома дорад ва рӯзҳои наздик ба анҷом хоҳад расид.
 
Носирҷон Маъмурзода, 
“Хатлон”

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода