Рӯзномаи Хатлон » Матлабҳои охирин » Фаъолияти парандапарварии занони деҳот дастгирӣ меёбад


Фаъолияти парандапарварии занони деҳот дастгирӣ меёбад



Дар шашмоҳаи якуми соли равон дар доираи татбиқи лоиҳаи давлатии сармоягузории «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо-II» 125 гурӯҳи ташаккули фаъолияти даромадовар барои занон бо фарогирии 625 зан дар самти парандапарварӣ бо инкубатори чӯҷабарории хонагӣ дастгирӣ карда шуд.


Ба иттилои директори «Маркази идораи лоиҳаи «Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» Абдулаҳад Хоҷазода,  ин иқдом ба зиёд намудани саршумори парандаҳои хонагӣ, таъминоти бозори маҳаллӣ бо гӯшти парҳезӣ, тухм, инчунин зиёд намудани маҳсулоти дохилӣ ва бо шуғли доимӣ фаро гирифтани занони деҳот мусоидат менамояд. Дар ин давра бо истифода аз инкубаторҳои дастрасгардида ба миқдори 22 ҳазору 267 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 10 ҳазору 881 сар чӯҷаи мурғи марҷон истеҳсол карда шуд. Ҳамзамон ба 497 нафар занони ниёзманди деҳаҳои зерҳадафи лоиҳа 2412 сар чӯҷаи мурғи хонагӣ ва 890 сар чӯҷаи мурғи марҷон ройгон дастрас гардид.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода