Дар як сатр
» » САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)

31-12-2014, 13:37

САТТОР ҚАРАХОНОВ (С. Аттор)1 январи соли 1953 дар ноҳияи Колхозобод (ҳозира Ҷалолиддини Румӣ) ба дунё омадааст.

Дар соҳаи матбуоти тоҷик собиқаи зиёда аз 40-сола дорад. Фаъолияти рӯзноманигориро аз рӯзномаи ноҳиявии «Ҳақиқати Колхозобод»-и ноҳияи Колхозобод (ҳозира «Навиди Балх»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) оғоз карда, аз ходими адабӣ то ба мақомҳои мудири шуъба ва котиби масъул расид.

Соли 1978, вақте ки дар вилояти навтаъсиси Қӯрғонтеппа рӯзномаи вилоятӣ бо номи «Ҳақиқати Қӯрғонтеппа» ташкил ёфт, ӯ ба ин нашрия ба кор даъват шуд. Аввал ҳамчун мухбири калон дар шуъбаи сохтмони советӣ ба кор шурӯъ намуд.

Бо мурури замон дар ин рӯзнома, ки се дафъа тағйири ном кард: «Ҳақиқати Хатлон», «Навиди Вахш» ва ҳоло «Хатлон» - ба ҳайси ҷонишини котиби масъул, котиби масъул фаъолият дошт.

Феълан дар рӯзномаи «Хатлон» вазифаи котиби масъулро ба уҳда дорад.

Узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон аст.


БОЙГОНИИ МАТЛАБҲОИ САТТОР ҚАРАХОНОВ

Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳайати кории нашрияи

Ҳайати кории нашрияи "Хатлон"

---
АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

Ҳайати эҷодӣ

ҲУСЕЙН МАЛИКОВ

Ҳайати эҷодӣ
САИДАЛӢ БОБОХОНОВ

САИДАЛӢ БОБОХОНОВ

Ҳайати эҷодӣ
НАҶОТ САФАРЗОДА

НАҶОТ САФАРЗОДА

Ҳайати эҷодӣ