Дар як сатр
» » Раиси вилоят ва доираҳои соҳибкории Хатлонро ба Ҳамадон даъват карданд

Раиси вилоят ва доираҳои соҳибкории Хатлонро ба Ҳамадон даъват карданд

18-06-2015, 10:40

Раиси вилоят ва доираҳои соҳибкории Хатлонро ба Ҳамадон даъват кардандСафари серӯзаи ҳайати калони меҳмонон аз вилояти Ҳамадони Ҷумҳурии Исломии Эрон бо роҳбарии волии Ҳамадон Муҳаммад Носири Некбахт ба вилояти Хатлон ба итмом расид.

Ин ҳайатро дар шаҳри Қӯрғонтеппа раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода ба ҳузур пазируфт. Зимни мулоқот тарафҳо зикр карданд, ки дидори имрӯза ба шарофати ҷашни 700-умин солгарди мутафаккири бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ сурат гирифтааст. Ҷонибҳо ба хулоса омаданд, ки ҳамкории иқтисодию фарҳангиро байни вилоятҳо ба роҳ монда, бо ин мақсад чораҳои зарурӣ амалӣ карда шаванд.

Раиси вилояти Хатлон қайд кард, ки соҳибкорони ҳарду кишвар метавонанд дар ҳамаи соҳаҳо ҳамкориро ба роҳ монанд. «Дар ин ҷода аз имкониятҳои доштаи минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» ва «Панҷ», ки ба онҳо мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд, истифода кардан мумкин аст», - афзуд Д. Гулмаҳмадзода.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҳавасмандии худро барои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ нишон дода, пешниҳод шуд, ки ҷавонони вилояти Хатлон ба донишгоҳҳои вилояти Ҳамадон барои илмомӯзӣ фиристонида шаванд.

Дар ин мулоқот дар баробари баррасии ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, инчунин дигар масъалаҳо, ба монанди пешгирии ҷалби ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгароӣ, нашъаҷаллобӣ ва нашъамандӣ мавриди муҳокимаи ҷонибҳо қарор гирифт.

Волии Ҳамадон Муҳаммад Носири Некбахт аз раиси вилояти Хатлон даъват ба амал овард, ки дар доираи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ҳамроҳ бо муовинони раиси вилоят, мудирони шуъбаю бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва соҳибкорону тоҷирон ба вилояти Ҳамадони Эрон ташриф биёранд.

Ҷонибҳо аз натиҷаи вохӯрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҷиҳати дар оянда баргузор намудани чунин чорабиниҳо ва чорабиниҳои фарҳангии байни тарафҳо изҳори умед намуданд.

Сафар бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни омодагӣ ба ҷашни 700-солагии мутафаккири бузург Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ташкил карда шуда, меҳмонон ҳамчунин аз фабрикаи ресандагӣ, Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хисрав ва аз ноҳияҳои Данғара, Восеъ (қаълаи Ҳулбук) ва шаҳри Кӯлоб, ки чорабиниҳои ҷашни бахшида ба 700-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ моҳи сентябри соли 2015 дар ин шаҳр баргузор мегардад, дидан намуданд.

Ҳангомаи ИСМАТ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Ситоди кории раиси вилоят дар Кӯлоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Волии Ҳамадон меояд

Волии Ҳамадон меояд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Ҷ. Румӣ. Таҷлили 700-солагии Ҳамадонӣ

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Сафари Қоҳир Расулзода ба Кӯлоб

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Таҳия ва тасдиқи рамзи ҷашнвораи Ҳамадонӣ

Таҳия ва тасдиқи рамзи ҷашнвораи Ҳамадонӣ

Хабарҳо