Дар як сатр
» » «Хатлон» ва «Панҷшер» соҳиби якхолӣ шуданд

«Хатлон» ва «Панҷшер» соҳиби якхолӣ шуданд

9-08-2018, 09:51

Мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баъди танаффуси тобистона, ки якуним моҳ идома кард, рӯзҳои 28-29-уми июл бо бозиҳои даври дувоздаҳум аз сар гирифта шуд.

«Панҷшер»-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бозиро бо дастаи меҳмон - «Хатлон»-и шаҳри Бохтар - бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расонд. Ҳоло дар ҷадвали мусобиқот «Истиқлол», ки дар 12 бозӣ 29 имтиёз гирифтааст, дар ҷойи аввал мебошад. «Хуҷанд» бо 27 имтиёз дар ҷойи дувум қарор дорад. «Кӯктош» бо 18 имтиёз ба зинаи севум баромад. «Хатлон»-и Бохтар бо 14 имтиёз 5-ум ва «Панҷшер бо 10 имтиёз дар мақоми 7-ум қарор гирифтаанд. Дар даври 13-ум рӯзи 4 август «Панҷшер» дар меҳмонӣ бо тими ССКА «Помир» ва 5 август «Хатлон» дар майдони худ бо «Хуҷанд» вомехӯранд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«ПАНҶШЕР» «БАРҚЧӢ»-РО ШИКАСТ ДОД

Хабарҳо

Бохти «Панҷшер»-у «Хатлон» дар даври 9-ум

Хабарҳо

Пирӯзии «Хатлон»-у мусовии «Панҷшер»

Хабарҳо
Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

«Равшан» бо ҳисоби 5:0 бурд, «Вахш» бо ҳисоби 0:5 бохт

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА