Дар як сатр
» » Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

Ташаббуси соҳибкорони Кӯшониён

8-08-2018, 09:50

Дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади ҷалби соҳибкорони ватанӣ ба умури ободонӣ, бунёди иншооти таъиноти гуногун ва саҳмгузорӣ дар таҷлили шоистаи 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ вохӯрии раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Идигул Қосимзода ва раиси ноҳия Ҷаббори Ғаффор бо соҳибкорон ва фаъолон баргузор гардид.

И. Қосимзода иброз дошт, ки соҳибкорони ватанӣ иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат-ро ба хубӣ дарк намуда, баҳри бунёди хонаҳои баландошёна ва иншоотҳои маишию хизматӣ ташаббус нишон медиҳанд. Дар вохӯрӣ соҳибкори ҷавон аз Ҷамоати деҳоти «Сарвати Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён М. Хоҷаназаров аз ҳисоби маблағҳои худӣ дар деҳа бинои сартарошхона ва дорухонаро ба истифода медиҳад. Ҳамчунин дигар соҳибкорони хурду миёнаи ноҳия дар ҳузури намояндаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ваъда доданд, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иншоотҳои хурду миёнаро мавриди истифода қарор медиҳанд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дар Вахш бунёди 17 иншоот пешбинӣ мешавад

Хабарҳо
Соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегиранд.

Соҳибкорон дар корҳои ободонию созандагӣ саҳм мегиранд.

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Вохӯрии раиси вилояти хатлон Д. Гулмаҳмадзода бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳ ...

Вохӯрии раиси вилояти хатлон Д. Гулмаҳмадзода бо фаъолон ва соҳибкорони ноҳ ...

Ҳокимияти давлатӣ
Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Бунёди боз чор иншооти ҷашнӣ дар Балҷувон

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ
25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

25-солагии истиқлолиятро сазовор истиқбол гирем

Сиёсат, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА