Дар як сатр
» » Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон

18-06-2015, 08:50

Нигаронии А. Иброҳим аз ҳолати иҷрои корҳо дар қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-ЁвонМуовини Сарвазири Тоҷикистон Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақбҳои роҳи оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа (қитъаи Ваҳдат-Ёвон) шинос шуд.

Айни замон корҳои нақбканӣ дар нақби якум, ки 2,68 км-ро дар бар мегирад, аз ду ҷониб оғоз гардида, дар нақби дувум бо дарозии 680 метр корҳои нақбканӣ танҳо аз як самт оғоз гардидааст. Барои оғози бунёди нақби сеюм, ки дарозии он 735 метр мебошад, корҳои омодагӣ идома доранд. Новобаста аз идома доштани корҳо дар маҳалли бунёди нақбҳо, аз ҳолати иҷроиши корҳои сохтмонӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.

Муовини Сарвазир муҳимияти бунёди қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвонро дар пешбурди иқтисодиёти мамлакат таъкид карда, аз масъулону мутахассисони соҳа иҷрои босифат ва саривақтии корҳои сохтмониро талаб намуд.

Дар идомаи сафар муовини Сарвазир бо сохтмони корхонаи сементбарории «Моҳира» шинос шуд. Ин корхона барои истеҳсоли 1,2 млн тонна семент дар як сол пешбинӣ шуда, охирҳои соли 2016 мавриди истифода қарор дода мешавад.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Шиносоии Сарвазир аз рафти корҳои сохтмони қитъаи Ваҳдат-Ёвони роҳи оҳани Д ...

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Шиносоии Сарвазир бо ҷараёни корҳои бунёди роҳи оҳан дар қитъаи Ваҳдат-Ёвон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Сарвазир: Корҳои сохтмонии роҳи оҳан босифат анҷом шаванд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Эроди Сарвазир аз ҷараёни сусти сохтмони роҳи оҳан

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА