Дар як сатр
» » Кӯдаки 8-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

Кӯдаки 8-соларо аз ғарқшавӣ наҷот доданд

3-08-2018, 10:34

Кормандони Дастаи махсуси зуд-амали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон як кӯдаки 8 -солаи сокини шаҳри Бохтарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд.

Тавре, ки Муродҷон Муидинов, сардори бахши кор бо ҷомеаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоят хабар дод, 18 июли соли равон, Абдуҳалими Абдукарим,  сокини шаҳри Бохтар бо мақсади оббозӣ ба хонаи хешовандонаш Ҷамоати деҳоти Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён меояд. Абдуҳалим бе иҷозати хешовандон ҳамроҳи кӯдакони деҳот ба кули Ҷавонон омада худро ба кӯл партофт.

Дар ин вақт Дастаи махсуси зуд-амали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон дар кули Ҷавонони Ҷамоати деҳоти Бустонқалъаи ноҳияи Кӯшониён сержант Файзиддин Қараев ва прапоршик Зафар Элмуродов  пайи адои машқи сайёри обӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ инчунин бурдани корҳои рӯиобӣ ва зериобӣ бо дидани ҳолати ғарқшавӣ дарҳол кӯдакро наҷот доданд.

Ин кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Хатлон бо далерию шуҷоатмандӣ тавонистанд як нафар кудакро аз ғарқшавӣ наҷот дода, ба ӯ ҳаёти дубора бахшанд.

 

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳангоми оббозӣ эҳтиёт шарт аст

Ҳангоми оббозӣ эҳтиёт шарт аст

Тандурустӣ ва экология

Зарари боришоти зиёд ва сел ба Фархор

Хабарҳо
Ҳушдор аз хатари офатҳои табиӣ

Ҳушдор аз хатари офатҳои табиӣ

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

СҲФ-и ноҳияи Носири Хусрав ҳушдор медиҳад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Наҷоти ду ҷавон аз хавфи ғарқшавӣ

Наҷоти ду ҷавон аз хавфи ғарқшавӣ

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Ҷавонон ва варзиш