Дар як сатр
» » Як рӯзи пурташвиш

Як рӯзи пурташвиш

8-08-2018, 09:33

Дар девори даромадгоҳи идораи рӯзномаи "Хатлон” тахтаи аксҳои кормандони имрӯзаву солҳои пешин овехта шудааст. Ҳар гоҳе, ки ба идораи рӯзнома меоям, албатта чеҳраҳои шиносро (мутаассифона аксарияти онҳо аз олам даргузаштаанд) мебинам. Дида ба чеҳраи рӯзноманигори варзида Олимҷон Ёрасенов медӯзам, лаҳзае ба сукут рафта ёди ӯро мекунем. Устоди сухан Олимҷон Ёрасенов қурбони ҷанги шаҳрвандӣ шуд.

... Дуюми сентябри соли 1992. Ин рӯзро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Бо  даъвати роҳбарияти  Фронти халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  гирдиҳамоие, ки назди бинои собиқ вилояти Қӯрғонтеппа баргузор гардид, ҳамроҳи дигар рафиқон иштирок намудам.  Сангак Сафаров роҳбари Фронти халқӣ ба мо фаҳмонд, ки дар бораи ваҳдат, дӯстӣ, ягонагии миллат  сухан гӯем, шояд як натиҷаи неке ба даст ояд; пеши роҳи ҷангу нохушиҳоро гирем, ҷониби муқобил моро дуруст фаҳманд. Мо-тоҷикон, чандон зиёд нестем. Худкушӣ кунем, кӣ кишварро обод мекунад? Мақсади гирдиҳамоии мо  низ ҳамин буд.

Ба Сангак Сафаров фаҳмонидам, ки мақсад чунин бошад, пас мо муроҷиатномаашро омода созем.

- Хуб мешавад, оҷилан тайёр кунед! - розигӣ дод Сангак Сафаров.

Дохили бинои  ҳукумат шуда,  дар ҷустуҷӯи мошинистка – чопкунанда  шудем. Аз пешорӯям дӯсти дерина, ҳамкасбамон Олимҷон Ёрасенов баромада бо хушҳолӣ гуфт:

- Биёед, биёед, хуш омадед. Бо коре банд будам, наздатон баромада натавонистам. Ман акнун дар хизмати шумо-бо лабони пуртабассум гуфт Олимҷон Ёрасенов.

-Ба мардуми шарифи кишвар бояд муроҷиатнома қабул кунем,- гуфтам ба Олимҷон. - Мазмунаш дӯстию рафоқат, оромию осоиштагӣ, аз бардоштани нуқтаҳои назоратӣ дар роҳҳо, таъмини осоиштагии  нақлиёти мусофиркаш аст.

-Бисёр хуб! Ба ҳамаи ин якбора муваффақ шудан мушкил, вале иқдоми некро бисёриҳо ҷонибдоранд. Биё, матнашро ту хону ман чоп мекунам.

Фурсат кам буд, вале Олимҷон саросема нашуда ҷумлаҳоро дуруст, мукаммал карда, бехато чоп мекард. Муроҷиатнома аз ҳашт талабот иборат буд. Аз қатъ кардани ҷанги шаҳрвандӣ то ба яке аз кӯчаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа гузоштани номи Прокурори кулли кишвар Нурулло Ҳувайдуллоев, ки аз ҷониби силоҳбадастон ба қатл расонида шуда буд. Олимҷон ду-се маротиба Муроҷиатномаи гирдиҳамомадагони собиқ шаҳри Қӯрғонтеппаро аз 2 сентябри соли 1992 хонда, таҳрир карда, шакли мукаммали онроба ман дода гуфт:

- Марҳамат, метавонед назди гирдиҳамоиомадагон рафта онро қироат кунед, албатта, ҷамъомада-гон ҷонибдорӣ мекунанд.

Ман Муроҷиатномаи омодашударо якчанд маротиба дар назди ҳозирин қироат кардам. Ҳама онро ҷонибдорӣ намуданд. Ин вақт дар назди меҳмонхонаи «Қӯрғонтеппа» чанд мошин ва одамон чамъ шудан гирифтанд. Ин ҳолат аз назари Сангак Сафаров дур намонд.

- Ҳамдиёрон, мақсади мо дӯстӣ, бародарӣ, ободкорӣ аст, - ба ҳозирин муроҷиат кард Сангак Сафаров. - Аз ҷанг кӣ фоида дидааст?! Садсолаҳо сари як дастархон нишаста, хӯрок хӯрда, дар колхозу совхозҳо, корхонаҳо паҳлуи якдигар кор мекардем. Ба сухани онҳое, ки бо роҳи бад ҳидоят мекунанд, гӯш надиҳед. Ҳар кадоми шумо барои мо азиз ҳастед…

-Дӯстиву ваҳдат хуб аст,- гуфт Олимҷон Ёрасенов, ки дар паҳлуям меистод.-Душманӣ бошад, ба мардум рӯзи сахт меорад. Ман як Муроҷиатномаи дигар ҳам чоп кардам, хоҳед қироат кунед, - ба дас-там як саҳифаи чопиро дода гуфт Олимҷон.

Муроҷиатномаро мутолиа кардам. Дар он аз неруҳои мухолифин хоҳиш карда мешуд, ки дар ду сангар муқобили якдигар наистода, муттаҳид шаванд, бехатарии ҳамаи миллату халқиятҳое, ки дар кишвар ҳаёт ба сар мебаранд, таъмин карда, ба минтақаҳои хатарнок гурӯҳҳои ҳукуматӣ ташриф оранд, фикри мардумро фаҳмида, мувофиқи имконият кумак намоянд. Муроҷиатнома писанд омад ва чанд маротиба дар назди ҷамъомадагон қироат кардам.

Аз гурӯҳи муқобил як марди миёнсол назди мо омада хоҳиш кард, ки сухан гӯяд. Ин мард аз боби дӯстии мардуми ҳамаи минтақаҳои кишвар сухан гуфт. Ӯ ҳозиринро даъват кард, ки қаҳру ғазаб, кинаро як сӯ гузошта, бо меҳрубонӣ аз гуноҳи якдигар гузашта, мисли солҳои пеш  дӯстона зиндагӣ намоянд. Дар назар чунин менамуд, ки одамон якдигарро фаҳмида, мақсади созиш, дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ доранд. Шояд дар ин лаҳзаҳо қисме дар ҳамин ақидаи нек буданд. Мушоҳида мешуд, ки мошинҳо ба назди меҳмонхона аз ҷое одам оварда истодаанд. Он ҷо шумораи одамон ва ҳатто баъзе одамони яроқнок лаҳза ба лаҳза зиёд мешуд. Инро роҳбарони ҷамъомадагон ҳис карда, бо суханони дӯстона ва меҳрубонона мехостанд одамонро ором нигоҳ доранд. Аз куҷое гурӯҳи силоҳбадастон барои ҳифзи гирдиҳамомадагон омаданд. Ҳамин лаҳза тирпаронии дутарафа оғоз ёфта, гирдиҳамоӣ пароканда шуд.

Бори охир, Олимҷон Ёрасеновро дар долони ошёнаи якуми Ҳукумат дидам, ки бо чанд нафар суҳбаткунон мерафт. Дар ҳамин гирдиҳамоӣ шо-ир Амиршои Хатлонӣ иштирок дошт ва, баромад кард. Ин охирин имконияти ба эътидол овардани вазъият дар собиқ вилояти Қӯрғонтеппа буд, ки барор нагирифт. Роҳбарони Фронти халқӣ мақсад доштанд, ки сулҳу осоиш шаваду одамон бе тарсу ҳарос аз пайи кору зиндагии хеш шаванд. Вале ин тавр нашуд.

Бо Олимҷон Ёрасенов хайру хуш карда, бо тангкӯчаҳои Ургутмаҳалла сӯи шаҳри Сарбанд роҳ пеш гирифтам. Рӯзи дигар, рафиқоне, ки ҳамроҳ ба  гирдиҳамоӣ рафта будем, ба хона омада, аз саломатиам воқиф гаштанд. Охирин суханони Сангак Сафаров ба воситаи баландгӯяк дар хотирам мондааст:

- Рафиқон! Мо барои дӯстию бародарӣ, пешгирии ҷанг ба ин ҷо ҷамъ омада будем. Як халқ, як миллат ҳастем. Фаромӯш накунед, ки ҷанг абадӣ нест. Биёед, дасти якдигар фишурда, аз гуноҳи якдигар гузарем, дӯстона ҳаёт ба сар барем. Имрӯз ин корро накунем, фардо дер мешавад. Фаҳмида гиред, худи ҳаёт ҳаминро тақозо дорад. Аз он айём, 2 сентябри соли 1992, солҳои зиёде паси сар шуд.

Ба ёд овардани ёди дӯстони меҳрубон корест савоб. Бисёр нафарони  равшандил, ба монанди Олимҷон Ёрасенов аз тарафи яроқбадастони сиёҳдил кушта шуданд. Имрӯз ёде аз ӯ карда, рӯҳашро шод менамоем.

 

Б. САЙДАЛИЕВ



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Дастоварди бузурги миллат

Дастоварди бузурги миллат

Ҳуқуқу амният
Баробари масъулият ҷасорат ҳам лозим аст

Баробари масъулият ҷасорат ҳам лозим аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат  оромии ҷомеа аст»

А. Холиқзода: «бузургтарин неъмат барои ҳар як миллат оромии ҷомеа аст»

Ҳаёти иҷтимоӣ
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Ёди дӯстон дар дил

Ёди дӯстон дар дил

Фарҳанг ва адабиёт, БОЙМУРОД САЙДАЛИЕВ