Дар як сатр
» » Коргоҳҳои истеҳсолиро бояд афзоиш дод

Коргоҳҳои истеҳсолиро бояд афзоиш дод

4-08-2018, 09:23

Дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон мизи мудаввар дар мавзӯи "Баррасии масъалаҳои вобаста ба рушди ҳамаҷонибаи соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” аз ҷониби Иттифоқи рушди бахши хусусии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо иштироки васеи роҳбарони корхонаҳои соҳаи коркарди нахи пахта, нассоҷӣ ва дӯзандагӣ дар якҷоягӣ бо ниҳодҳои  давлатии ба рушди ин соҳа ҳавасманд, баргузор гардид.

Ба гуфтаи Некбахт Каримов, директори иттифоқи бахши рушди хусусии Тоҷикистон, ҳадафи асосии мизи мудаввар, пеш аз ҳама, баррасӣ ва омӯзиши мушкилиҳои ҷойдошта дар соҳа, пайгирию пайдо намудани роҳҳои ҳалли он ҷиҳати дастгирӣ ва беҳтар намудани потенсиали корхонаҳои истеҳсоли нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулоти истеҳсолшавандаи ватанӣ ва ташкили ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Маврид ба ёдоварист, ки мизи мудаввар ба хотири огоҳӣ ёфтан аз мушкилиҳои ҷойдошта дар шакли суҳбати озод баргузор гардид. Ин аст, ки соҳибкорон дар раванди муколама озодона фикри хешро баён дошта, барои пешрафти кори худ ва дигаргун сохтани тарҳи маҳсулоти истеҳсолкунандаи хеш ба масъулин суол гузошта, посухҳои мушаххас гирифтанд.

-Воқеан, шароити хуби ҳамкорӣ ва коргузорӣ барои фаъолияти босамари соҳибкорӣ таъсири мусбат расонида, боиси рушди он мегардад,-мегӯяд Абдухолиқ Холиқзода, сардори раёсати дастгирии соҳибкории кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. - Айни ҳол низ ҳамкорӣ байни сохторҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ тибқи супоришҳои Сарвари давлат дар сатҳи хуб роҳандозӣ гашта, бо назардошти маълумоти оморӣ, шумораи умумии коргоҳҳои дӯзандагӣ дар вилояти Хатлон 55 ададро ташкил медиҳад, ки ин шумора дар сатҳи вилоят қонеъкунанда  нест. Дар рафти баргузории ин вохӯрӣ, роҳҳои осони ташкили сехҳои нави дӯзандагӣ-нассоҷӣ бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ ба соҳибкорон нишон дода шуд.  

Ба гуфтаи номбурда агарчӣ чунин мизи мудаввар дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, вале дар марҳилаи аввал аз шаҳри Бохтари вилояти Хатлон оғоз гардид. Ҳадаф аз он иборат аст, ки иқтидори истеҳсолии соҳаи кишоварзӣ вилояти Хатлон ниҳоят бузург буда,  субектҳои соҳибкорие, ки дар вилоят ҳастанд, ба дастгирӣ эҳтиёҷ доранд.  Бо ин васила онҳо тасмим гирифтаанд ба он нафароне, ки дар соҳаи дӯзандагӣ-нассоҷии ин минтақа фаъолият мекунанд ёрии машваратӣ аз он ҷумла, ҳуқуқӣ, молиявӣ ва гирифтани қарзҳои имтиёзноки давлатӣ расонанд.

Дар мизи мудаввар перомуни масъалаҳои рушди иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсияи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар сохтани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тадбири беҳтар намудани сифати маҳсулоти ватанӣ,  афзоиш додани ҳаҷми истеҳсолот низ иштирокдорон ибрози назар карданд.

Низомиддин ИСОЕВ,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мақсад - истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир

Мақсад - истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир

Арсаи кишоварзӣ

ТАШКИЛИ «РЕЕСТРИ ТИҶОРАТӢ» - АМРИ МУҲИМ

Хабарҳо
Соҳибкорӣ рушд меёбад

Соҳибкорӣ рушд меёбад

Хабарҳо, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Баррасии нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ

Баррасии нақши ВАО дар таҳкими ваҳдати миллӣ

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ

Қӯрғонтеппа. Мизи мудаввар бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсӣ

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА