Дар як сатр
» » Чаро заминфурӯшон бе ҷазо мемонанд?

Чаро заминфурӯшон бе ҷазо мемонанд?

8-08-2018, 10:46

Дар нишасти матбуотии прокуратураи вилоят дар минтақаи Кӯлоб сарвари он Х. Машрабзода ҳисобот дод. Ӯ аз вазъи ҷинояту ҷинояткорӣ, қонуншиканиҳо дар шаш моҳи соли равон натиҷагирӣ намуданд. Тибқи ахбороти пешниҳоднамудаи дотситон имсол нисбати соли гузашта дар ҳамаи ҷабҳаҳо лағви қонуну қонуният камтар ба қайд гирифта шудааст.

Сармуҳаррири рӯзномаи «Пайк» Аҳмади Иброҳим, мухбири газетаи «Хатлон» Ҳалимов Ғайбулло аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки онҳо бо далелҳои қотеъ заминфурӯширо дар ҷамоатҳои ҳудуди шаҳри Кӯлоб, Восеъ ва дигар навоҳии минтақа ошкор карда бошанд ҳам, то имрӯз на гунаҳгорон ҷазо гирифтанд ва на аз ҷониби муҳофизони қонун ба рӯзномаҳо вокуниш ирсол шудааст. Магар ин нодидабиниҳо кай дар фаъолияти соҳибони қонун хотима меёбад?

Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон дар ҳар як вохӯрие, ки бо кормандони ҳифзи  ҳуқуқ барпо мекунанд, аз фасодкориҳои иддае аз эшон мисолҳо оварда, онҳоро таъкид месозанд, ки чашми халқу давлат буданашонро ҳеҷ гоҳ фаромуш насозанд. Ба хотири молу чизи ҳаром шаъну шарафи хешро доғдор насозанд. Зеро халқ ҳазорҳо чашму гӯш доранд. Ҳеҷ як амали номатлуб аз дидаи онҳо дур намемонад. Пинҳон мондани қонуншиканиҳо дар ин ва ё он навоҳӣ бемасъулиятии масъулини муҳофизони қонун аст.

 

Ғайбулло Ҳалимов,

 «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқот бо мардум

Мулоқот бо мардум

---
Танзим баракати зиндагист

Танзим баракати зиндагист

Номаҳои Шумо
85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

85 эътироз ба қарорҳои раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят

Ҳуқуқу амният
Тасдиқи рамзи «соли рушди  Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

Тасдиқи рамзи «соли рушди Сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Ҳаёти иҷтимоӣ
ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

ҒАЙБУЛЛО ҲАЛИМОВ

Ҳайати эҷодӣ