Дар як сатр
» » Бонкҳои исломӣ кай ба кор сар мекунанд?

Бонкҳои исломӣ кай ба кор сар мекунанд?

7-08-2018, 08:42

Дар нишасти матбуотии бонки миллии шаҳри Кӯлоб ҷонишини раис Б. Сафаров бо маърузаи ҳисоботӣ баромад намуд. Ӯ дар ҳисоботаш танҳо аз пешравиҳо изҳори қаноатмандӣ намуд. Гӯйё тамоми нақшаҳо барзиёд иҷро шуданд. Ва дар низоми кордории эшон камбудие ба чашм намерасад.

Кормандони ВАО-и дар шаҳри Кӯлоб мустақар дар суолҳояшон аз он изҳори норозигӣ намуданд, ки Б. Сафаров ба ҷои таърифҳои бебунёд мебоист камбудиҳоро низ таҳлил карда, барои ислоҳашон чораҳои андешидаашонро ба саҳми ҳозирин мерасонид. Зеро ҳамагон шоҳид буданд, ки дар ду се моҳи охир аз набудани пули нақд дар банкоматҳо мардум на нафақа ва на маошашонро сари вақт гирифта наметавонистанд. Инчунин эроди дигари аҳли қалам он буд, ки бо вуҷуди пайваста зиёд шудани бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳанда фоизҳои қарздиҳӣ аз ҳад беш баланд аст. Пурсида мешавад, ки чаро онҳо пули мардумро ба фоизи ниҳоят кам қабул мекунанд то 18%  вале ба халқ аз 30 то 40% қарз медиҳанд. Ин судхӯрии беинсофонааст. Намояндаи рӯзномаи «Хатлон» пурсон шуд, ки дар тамоми ҷумҳурӣ дар соли Рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ҳамаи бонкҳо ва ташкилотҳои қарздиҳанда вазифадор карда шудаанд, ки баҳри равнақи ҳурнарҳои мардумӣ қарзҳои имтиёзнок дода шавад. Дар Кӯлоб чунин қарзҳо чанд фоизро ташкил медиҳад? Масъули соҳа гуфтанд, ки 25%. Худ аз рӯи инсоф қазоват кунед, оё бо 25% ҳунарманд корашро равнақ дода метавонад? Танҳо бо ин гуна фоиз савдогарон кор карда метавонанду халос.

Бинобар он кайҳо вақти он расидааст, ки дар ҷумҳурӣ барои ба фаъолият оғоз намудани бонкҳои исломӣ, ки судхӯриро амали ҳаром мешуморанд, рухсат дода шаванд. Мутаассифона, ҳар сол барои дар рақобат бо дигар бонкҳо ба фаъолият сар кардани бонкҳои мазкурро Бонки Миллии Тоҷикистон ваъда медиҳанду ваъдаашон ҳамоно ваъда мемонад.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шумораи бонувони корманд дар низоми  бонкии вилоят ба 791 нафар расид

Шумораи бонувони корманд дар низоми бонкии вилоят ба 791 нафар расид

Иқтисоду тиҷорат
Ироаи қарзҳои хурд 28,2% кам шудааст

Ироаи қарзҳои хурд 28,2% кам шудааст

Хабарҳо
Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон

Коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағ тавассути бонкҳо ба Тоҷикистон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Қарзи бонкӣ – беш аз 1 млрд. TJS

Қарзи бонкӣ – беш аз 1 млрд. TJS

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Ироаи 110 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ дар вилоят

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА