Дар як сатр
» » «Зебо-75» духти либосҳоро бо сифати хуб ба роҳ мемонад

«Зебо-75» духти либосҳоро бо сифати хуб ба роҳ мемонад

6-08-2018, 08:37

ҶДММ «Зебо-75» бо ҷалби 42 нафар занону духтарони маҳаллӣ ягона сехи дӯзандагӣ дар ноҳияи Шаҳритӯс ба шумор меравад, ки мувофиқи фармоиши мизоҷон либосҳои махсуси корӣ, мактабӣ, тиббӣ ва хонагию мавсимӣ бо сифати баланд омода карда, дастраси мизоҷон мегардонад.

Ба гуфтаи Шаҳло Бурҳонова, роҳбари сехи дӯзандагии мазкур, коргоҳи онҳо ҳанӯз аз соли 90-уми асри гузашта фаъолияташро қатъ намуда буд. Ин аст, ки онҳо соли 2015 пас аз таъмиру ворид сохтани технологияи замонавии дузандагӣ, дубора кори худро оғоз намуда, дар самти дастрасии хонандагони 54 муассисаи таълимии ноҳия бо либоси ягонаи мактабӣ кору фаъолият менамоянд.

- Имсол тибқи шартнома барои хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳритӯс 15 ҳазору 306 адад либоси ягонаи мактабӣ духта пешниҳод бояд гардонем, ки то имрӯз беш аз 8 ҳазори он омода шуда, дастраси мизоҷон гардидааст, - мегӯяд номбурда. - Дар сехи мо духтарони зиёди лаёқатманди маҳаллӣ баъди омӯхтани касби дӯзандагӣ ба кор қабул гашта, дар ду баст-шабонаю рӯзонафаъолият намуда истодаанд.

Тибқи иттилои манбаъ тӯли се сол мешавад, киаз тарафи сехи дӯзандагии «Зебо-75» хонандагони мактаб-интернати ноҳия ва ятимони кулли муассисаҳои таълимӣ бо либоси ягонаи мактабӣ ройгон таъмин мегарданд.

Бояд гуфт, ки маҳз талаботи либосҳои духташудаи коргоҳро ба инобат гирифта, Шаҳло Бурҳонова сехи дигари дӯзандагиро дар маркази ноҳия таъсис дода, азм дорад, ки 20 нафари сокинони бешуғлро бо ҷойи кори доимию подоши хуб таъмин намояд.

Низомиддин ИСОЕВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Левакант. 30%-и либосҳои мактабӣ омода шуд

Хабарҳо
Шаҳло “зебо”-ро эҳё кард

Шаҳло “зебо”-ро эҳё кард

Иқтисоду тиҷорат
«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

«Интихоби ман - маҳсулоти ватанӣ»

Хабарҳо, Маориф ва илм
Коргоҳи нав дар Сайроб

Коргоҳи нав дар Сайроб

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Носири Хусрав дорои 9 бунгоҳи нави тиббӣ шуд

Носири Хусрав дорои 9 бунгоҳи нави тиббӣ шуд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА